Дарси 6
Тарғибот, тарғиботи рақамӣ ва шеваҳои дасткорӣ. Худро чӣ гуна бояд ҳифз кард?
МАТН
Cилсилаи дарсҳои омӯзишии мо давом дорад. Агар ёдатон бошад, мо дар дарси қаблӣ перомуни мавзӯи "Тафаккури интиқодӣ барои ҳама ва барои ҳамеша" ба шумо маълумот дода будем. Дар ин дарс сӯҳбати мо асосан доир ба тафаккури интиқодӣ ва зарурияти он, малака, маҳорат ва салоҳиятҳои тафаккури интиқодӣ, усул ва роҳҳои ташаккули тафаккури интиқодӣ сурат гирифта буд.

Ҳоло дар ин дарс шумо дар бораи тарғибот (пропаганда), нишонаҳо, ҳадаф ва вазифаҳои тарғибот, тарғиботи шабакавӣ, дасткорӣ дар тарғибот ва хусусиятҳои он иттилои муфид хоҳед дарёфт.

Тарғибот (пропаганда) чист?
Тарғибот (лот. рropaganda - бояд паҳн карда шавад), яъне паҳн кардани ҳама гуна ғоя бо мақсади ҷалби тарафдорон аст. Таърифи мафҳуми тарғибот дар захираи Википедия (тарҷума аз забони англисӣ) чунин омадааст:

Тарғибот - иттилоотест, ки воқеӣ нест ва пеш аз ҳама барои таъсир расонидан ба одамон ва рафтору амалҳои онҳо истифода мешавад. Дар тарғибот усули махсус аксар вақт тавассути ба таври интихобӣ пешниҳод кардани далелҳо барои ҳавасмандӣ ва ё бовар кунонидани мухотабон корбаст мешавад.

Вожаи "тарғиб", ки тарҷумаи тоҷикии мафҳуми "пропаганда" қабул шудааст, дар фарҳанги забони тоҷикӣ ба ду маънии ба ҳам наздик омадааст:
1. Рағбатнок гардонидан, чуқур ва ҳаматарафа фаҳмонида додани масъалае, тарғибу ташвиқ кардан, майлу рағбат бедор кардан (ба коре, чизе).
2. Барангехтан, таҳрик додан.

Муҳаққиқон маъмулан бар ин назаранд, ки тарғибот як навъ таъсиррасонӣ аст ба тафаккури омма бо роҳи таҳриф кардани иттилоот, пешниҳоди ҳукмҳои яктарафаи субъективӣ ва баъзан ошкоро бо истифода аз васоити ахбори омма, ё ягон роҳи дигари оммавӣ. Аммо дар ҳамин ҳол ҳамчунин зикр мешавад, ки чунин навъи истифода аз тарғибот одатан дар кишварҳои низомашон таталитарӣ сурат мегирад.

Бинобар ин иддаи дигаре аз муҳаққиқон тарғиботро як падидаи универсалӣ меноманд, ки ҳеҷ як ҷомеа бидуни он наметавонад коре анҷом диҳад: он як ҷузъи таркибии низомҳои фарҳангӣ, иҷтимоӣ, динӣ ва сиёсӣ дар таърихи инсоният аст.

Пешгирии истифодаи маводи мухаддир, ҷалби кӯдакон ба варзиш, эҷоди эҳсоси шаҳрван­дӣ аз як ҳадафи муштарки демократӣ низ тавассути тарғиботи дахлдор ба даст омадааст.

Аз ин лиҳоз, тарғибот, дар фаҳмиши бетарафтаринаш маънои васеъ намудан ва паҳн кардани идеяҳои мушаххасро дорад. Ин шакли муоширатест, ки дар он шахси муроҷиаткунанда интизори аксуламал ё рафтор тибқи ниятҳои дар пеш гузоштааш аст. Чуноне зикр шуд, маъмулан тарғиботро бо як чизи манфӣ, дурӯғин ва нодуруст пайваст мекунанд, ки ин беҷо нест. Дар баробари ин чанбаҳои мусбии тарғибот низ вуҷуд дорад ва бино ба таъкиди яке аз аввалин таҳқиқотчиёни илмии ин падида, Эдвард Барнейс – « ...тарғи­бот хуб аст ё бад, дар ҳама ҳолат вобаста аст ба он, ки чиро ситоиш мекунад ва ҳамчунин сатҳи боэътимодии иттилооти интишорша­вандааш чӣ гуна аст»

Тарғиботро дар ҳама ҷо метавон дид: дар ВАО, синамо, шабакаҳои иҷтимоӣ, почтаи электронӣ, дар смартфонҳо, видео, филмҳои тасвирӣ, плакатҳо ва ғайра.

Парчамҳо, ёдгориҳо, тангаҳо, штампҳо, нақшҳо, комиксҳо, адабиёт ва шеър, мусиқӣ, расмҳо, осоишгоҳҳо, чорабиниҳои варзишӣ ва фарҳангӣ, мукофотҳо, либос ва тугмаҳо - ҳамаи ин метавонад ҳовӣ ва нишонаҳои намудҳои гуногуни тарғи­бот гарданд.

Агар дар умум гирем, тарғибот ин паҳнкунии иттилооте мебошад, ки барои таъсир расонидан ба шуури одамон, андешаҳо, эътиқодҳо, муносибатҳо, арзёбии ғояҳо, далелҳо, ҳодисаҳо ва фаъолияти шахсони алоҳида (ё интихобшуда) амалӣ карда мешавад.

Дар соҳаи сиёсат тарғибот бештар ҳамчун усули дасткорикунии мардум истифода мешавад. Масалан, як нафаре ки барои ягон вазифа даъвогарӣ дорад, бо овардани чанд далелҳо дар мавриди "имкониятҳо", "тавоноиҳо", "карда" ва "банақшагирифтҳо"-яш талош мекунад, ба тафаккури мардум оид ба шахсияти худаш таъсир расонад ва ба ҳадафи худ, ки соҳиб шудан ба ягон мақсад аст, ноил шавад. Дар ин замина ӯ ҳам маълумоти ғаразнок (дар паёми мушаххас) ва ҳам маҷмӯи иттилооти дуруст ва ё бардурӯғро истифода карданаш мумкин аст. Аммо дар аксари ҳолатҳо дар тарғибот ҳатто фактҳои рост ҳам бомақсад "чида-чида" истифода мешавад.

Вазифаи тарғибот таъмини бартарияти воқеии як ё якчанд гурӯҳҳои иҷтимоии одамон дар тамоми ҷомеа мебошад. Ин амал бо истифода аз методҳо ва воситаҳои ғайримуқаррарӣ ва баъзан даҳшатнок ба амал роҳандозӣ карда мешавад.

Нишонаҳои асосии тарғибот чӣ гунаанд?
Хусусияти асосии тарғибот ҳамчун раванд ин қасдан эҷод кардани паёмҳои иттилоотӣ, майлнокии интихоб ва интихоби иттилооти паҳншуда барои расидан ба ҳадафи мушаххас мебошад. Яъне нафар ва ё гурӯҳ ва ё шояд институти тарғибгар бо истифода аз ҳар усулу шева дар пайи мутақоид сохтани аудияторияи худ ба ҳамон ғояе мешавад, ки ҳадафи аслии корҳояшро ташкил медиҳад.

Инҷо мо чанд нишонаҳои асосии тарғиботро дар муқоиса бо иттилооти дуруст, ёдовар мешавем.
- Таҳриф кардани иттилоот ва эҷоди тасвири ғалат оид ба ҷаҳон бо истифода аз дурӯғ, тақаллуб ва иваз кардани моҳияти далелҳо.
- Такмилдиҳии ноҷои ин ё он маълумот бо истинод бо такя ба ягон сарчашма, аз ҷумла мақомот, дин, таърих ва дигар манбаъҳо барои тасдиқи паёмҳои тарғиботӣ асос ёфтааст.
- Нишон додани ҳодисаҳо бо истифода аз усули муқоисавии сиёҳу сафед (маслан дар фалон кишвар ҷанг, дар фалон ҷой обхезӣ... дар мо ҳама ҳама хубу гулистон).
- Сарфи назар кардани далелҳое, ки мақсади паёмҳои тарғиботиро халалдор мекунанд ва ба ин васила пешниҳод кардани иттилооти интихобӣ.
- Эҷоди маҳдудият ва табодули таваҷҷуҳ, яъне ҷалби таваҷҷуҳ аз мушкилоти воқеӣ ва рӯзмарра ба масъалаҳои дигар, ки чандон доғ нестанд.
- Рақобати носолим ва "паст" кардани рақибон, дур кардани одамоне, ки дорои нуқтаи назари танқидӣ ҳастанд.
- Истифодаи вожаҳои мушаххас, қолабҳо, суханҳои пур аз нафрат, сарфи назар кардани принсипҳои этикаи журналистӣ.
- Истифодаи найранг ва саҳнасозӣ бо мақсади маҷбур кардани мухотаб ба ҷонибҳое, ки ба манфиати онҳо тарғибот бурда мешавад.
- Ҳолатсозӣ. Эҷоди як эҳсоси изтироб, хатар, тарс, ғуссаи амиқ ё баръакс, эҳсоси такаллуф, ифтихор аз қудрат, низоми иқтисодӣ ва сиёсии кишвар.
- Ташаккул додани симои мусбии шахсе, ки ба манфиати вай тарғибот бурда мешавад (Мисол: дар давраи ҳукумати фалонӣ фалону беҳмадон корҳо анҷом ёфтанд).
- Ташкили мавқеи бартаридошта дар соҳаи иттилоотӣ барои онҳое, ки тарғиботро анҷом медиҳанд.

Тарғиботи рақамӣ ва троллинги шабакавӣ
Кибертерроризм, ё ҳамлаҳои ғайриқонунӣ ва таҳдиди ҳамлаҳо ба компютерҳо, шабакаҳо ва иттилооти дар он сабтшуда, барои тарсондан ва маҷбур кардани ҳукумат ё халқ барои расидан ба мақсадҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ истифода бурда мешавад. Кибертерроризм як шакли тарғибот мебошад, зеро он дар доираи як идеологияи муайяне амал мекунад, ки аз ҷонибе муташакилона маблағгузорӣва дастгирӣ мешавад. Хакерони инфиродӣ барои ҳамла кардан аз номи гурӯҳҳои террористӣ метавонанд пул гиранд.

Вақтҳои охир воситаи тарғиботи «ифлос» троллинг шудааст, яъне интишори паёмҳои таҳрикомез барои барангехтани муноқишаҳо. Ин корро онҳое иҷро мекунанд, ки ҳоло бо номи "тролл", "фейк", "бот", "фермаи ҷавоб" шинохта шудаанд.

Истифодабарандагони пулакӣ, ба сифати абзори тарғиботи сиёсӣ дар шабакаҳо, ба «эҷоди розигӣ» тавассути бартарии шумора­вии тарафдорони як нуқтаи назари мушаххас машғуланд. Онҳо дар гурӯҳҳо баромад намуда, якдигарро бо лайку шарҳҳои мусбат даст­гирӣ менамоянд, троллҳо дар байни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ таассуротеро эҷод мекунанд, ки гӯё нуқтаи назари тарғиб намудаа­шон бартарӣ дорад.

Самти дуюми троллинг: берун кардани нуқтаҳои назари номатлуб. Ин ба воситаи танқиди мухолифин ва равишҳои алоҳидаи сиёсати давлатӣ ба даст омадааст.

Вазифаи сеюми троллҳои пулакӣ - иҷрои функсияи «агентҳои таъ­сир». Истифодабарандагони пулакӣ ба ҳама ҷомеаҳои каму беш машҳур ва таъсирбахши шабакаҳои иҷтимоӣ дохил мешаванд. Вақте, ки андак қувваи таъсиррасонӣ пайдо мекунанд, онҳо бо паёмҳои сиёсию тарғиботӣ баромад мекунанд. Асбаски акнун ҷамоаҳо онҳоро ҳам­чун «худӣ» қабул мекунанд, пас луқмаҳои сиёсиашон бешуурона «фурӯ» бурда мешаванд.

Тафаккури хуби интиқодӣ ба ошкор кардани чунин тарғибот ёрӣ ме­расонад, гарчанде он ба пиари ноуҳдабароёна монанд ҳам бо­шад.

Дар бораи "бот" ва "фабрикаи троллҳо"
Расман, зери мафҳуми "бот" барномаро барои иҷрои амалиёти маъмулӣ дар назар доранд. Масалан, ирсоли худкор ва интишори паёму шарҳҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, лайкзаданҳо, бознашри паём.

Инчунин профайл ва саҳифаҳои "фейкӣ", ё худ "қалбакӣ"-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ "ботҳо" меноманд, ки дар пасманзари онҳо одамони воқеӣ қарор доранд. Онҳо ба ивази пул ё таҳти фишор дар шабакаи интернетӣ шарҳу эзоҳи фармоишӣ мегузоранд.

Ботҳо дар Интернет ба одамони мушаххас ҳамла мекунанд, хабарҳои "фейкӣ"-ро интишор карда, нуқтаи назарҳои муайянро бадном месозанд. Ботҳо байни худ баҳсҳо эҷод карда, бо лайкзанӣ ва бознашри мавод, мавзӯъҳои фармоиширо ба таври сунъӣ ба мавзӯъи доғу рӯмарра табдил медиҳанд. фармоиширо ба тамоюлҳо меоваранд. Илова бар ин, вазифаи онҳо дар баробари баррасии мавзӯъҳои ночиз таваҷҷуҳро аз асли масъала дур кардан аст.

Ботҳо ҳеҷ гоҳ фикри худро баён намекунанд, балки онҳо аз манфиатҳои фармоишгарони хеш дастгирӣ мекунанд.

"Ферма" ё "фабрикаи троллҳо" як шабакаи мутамаркази ботҳост, ки метавонад ҳамчун як ширкати хусусӣ бо фармоишгарон сару кор дошта бошад, ё ҳамчун воҳиди махсуси ситоди сиёсатмадорон ё ҳизби сиёсӣ амал кунад.

Дасткорӣ (манипулятсия) чист ва чаро аз он истифода мекунанд?
Дасткорӣ (манипулятсия) – таъсири пинҳонӣ ба шахс, ки ғояҳо ва хоҳишҳои худи ҳамон нафарро поймол карда, талоши таҳмили ғоя ва хосторҳои нафари дасткорикунандаро ба миён мегузорад. Дар ин ҳолат манифатҳои "объекти" дасткорӣ зери по мешавад.

Ҳар гуна иртибот ва муошират, дар умум, хусусият ва нишонаҳои дастакориро (манипуляция) дорад. Ҳар чизе ки мо мегӯем, ба фикри мо, бояд аксуламали муайяне ба вуҷуд орад. Дасткорӣ аз лаҳзае оғоз мешавад, ки мантиқ ва фаҳмиши солим ба поён мерасад. Дасткорӣ, ки ҳадафи аслиаш сӯиистифода аст, бо роҳи таъсиррасонӣ ба эҳсосот, фаҳмишҳои динӣ ва ахлоқӣ, одатҳо, арзишҳои инсонии одамон пиёда карда мешавад, ки баъзан мо онро пай намебарем ва қурбони ҳадафу хосторҳое мешавем, ки нафар ва ё гурӯҳҳои алоҳида мехоҳанд ба мо таҳмил кунанд.

Чӣ тавр тарғибот ва дасткориро ташхис кард ва аз онҳо худро ҳифз намуд?
Барои худро аз тарғибот ва дасткорӣ ҳифз кардан бояд ин корҳоро анҷом дод.
- Ба ҳеҷ кас сад дар сад бовар накунед
- Ҳама маълумотеро, ки барои шумо муҳиманд, бояд дубора санҷед ва таҳлилу ташхис кунед.
- Оё маълумоти гирифтаатон аввалиндараҷа аст, ё дуюминдараҷа аст, мушаххас кунед
- Вақти худро барои гирифтани иттилои зиёд талаф надиҳед. Басанда аст, ки барои ин кор ҳамарӯза 15-20 дақиқа вақт сарф кунед, то қурбонии тарғибот ё дасткорӣ нашавед.
- Шуморо зарур аст, ки шеваҳои дасткориро дар ёд дошта бошед ва ҳамеша ба ҳангоми гирифтани иттиллое онро дар тарозуи ин усулҳо бисанҷед.
- Ба хондан инисбат ба гӯш додан ва тамошо кардан бартарӣ диҳед. Вақте ки одам мехонад, вай бештар танқид мекунад ва ӯро гумроҳ кардан чандон осон нест. Аз ин рӯ, беҳтараш ахбори манбаъҳои боэътимодро хонед , нисбат ба навигариҳои телевизион.
- Беҳтар аст, ки таҳлили рӯйдодҳои ҳаёти кишвар ва ҷомеаро бо наздиконе, ки шумо эътимод доред, анҷом диҳед. Шумо набояд, иттиллоотро бо эҳсосот қабул кунед.

Хулоса

Инҷо мо фишурдаи мавзӯъро дар чанд нукта баён медорем:

Иттилоърасонӣ – хабар ва шарҳ медиҳад, аммо қарори тайёрро манзур намекунад. Тарғибот бошад, хабар ва шарҳ медиҳад, бовар мекунонад, аммо ҳамзамон сиёҳкорӣ ва дасткорӣ мекунад.

Тарғибот - иттилоотест, ки воқеӣ нест ва пеш аз ҳама барои таъсир расонидан ба одамон ва рафтору амалҳои онҳо истифода мешавад. Усули махсусе ки дар тарғибот корбаст мешавад, аксар вақт тавассути ба таври интихобӣ пешниҳод кардани далелҳо барои ҳавасманд кардан, ва ё бовар кунонидани мухотабон аст.

Вазифаи тарғибот таъмини бартарияти воқеии як ё якчанд гурӯҳҳои иҷтимоии одамон дар тамоми ҷомеа мебошад.

Кибертерроризм, ё ҳамлаҳои ғайриқонунӣ ва таҳдиди ҳамлаҳо ба компютерҳо, шабакаҳо ва иттилооти дар он сабтшуда, барои тарсондан ва маҷбур кардани ҳукумат ё халқ ба хотири расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ аст.

Дасткорӣ (манипулятсия) – таъсири пинҳонӣ ба шахс, ки ғояҳо ва хоҳишҳои худи ҳамон нафарро поймол карда, талоши таҳмили ғоя ва хосторҳои нафари дасткорикунандаро ба миён мегузорад. Дар ин ҳолат манифатҳои "объекти" дасткорӣ поймол мешавад.

Ботҳо ҳеҷ гоҳ фикри худро баён намекунанд, балки онҳо аз манфиатҳои фармоишгарони хеш дастгирӣ менамоянд.



mediasavod.tj
медиаграмотность, медиаобразование, саводи расонаӣ,
расонаомӯзӣ, тафаккури интиқодӣ, критическое мышление


Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи "Таъсиси махзани интерактивии онлайнии Mediasabod.tj оид ба рушди саводи иттилоотию расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ" бо дастгирии моддии Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода" - "Бунёди Мадад" дар Тоҷикистон интишор шудааст.

Ақидаи муаллифон ва муҳтавои маводҳо метавонанд бо ақида ва мулоҳизоти Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода" - "Бунёди Мадад" дар Тоҷикистон мувофиқат накунанд.