КИТОБХОНА
Дар ин бахш беҳтарин намунаи асарҳои муаллифони гуногун, ки ба мавзӯъҳои расонаомӯзӣ бахшида шудаанд, ҷойгир хоҳанд шуд. Умедворем, бароятон адабиёте, ки ин ҷо гирдоварӣ мешаванд, муфид хоҳанд буд.
#медиаграмотность #саводирасонаӣ #далелсанҷӣ #фактчекинг
«Далелсанҷӣ чун раванди нав дар журналистикаи тадқиқотӣ: имкониятҳо ва дурнамо» методологияи далелсанҷиро муфассал рӯнамоӣ мекунад, ки воситаи асосии тафтиши далелҳо буда асбоби муқовимат ба ахбори бардуруғ дар муҳити муосири расонаӣ мебошад. Муаллифи дастурамал – журналисти маъруфи украин, сармуҳаррири захираи маҳаллии фактчек http://bez-brehni.com/ Александр Гороховский.






Китоби мазкурро аз ин ҷо метавонед боргирӣ кард >>>>>>
#медиаграмотность #саводирасонаӣ #далелсанҷӣ #фактчекинг
Саводи расонаӣ. ДАСТУРИ ТАЪЛИМИИ АМАЛӢ барои мактабҳои олӣ. (ба забони русӣ), 2018, Бишкек. Дастури таълимии мазкур аз 3 қисм иборат буда, бо усули конструктор таҳия шудааст, то ки устодон унсурҳои онро дар фаъолияти таълимии хеш истифода карда тавонанд.







Китоби номбурдаро аз ин ҷо метавонед боргирӣ намоед >>>>>>
#медиаграмотность #саводирасонаӣ #далелсанҷӣ #фактчекинг
Саводи расонаӣ ва иттилоотӣ. Китоби захиравӣ барои муаллимон (ба забони русӣ), 2018, Бишкек. Ин китоб имкон медиҳад, ки хонанда моҳияти саводи расонаӣ ва иттилоотиро дарк намояд. Ҳамзамон дар ин китоб роҳҳои ҳамгироии саводи расонаӣ ва иттилоотӣ бо раванди таълим ва ҳаёти мактаб нишон дода шудааст.






Китоби мазкурро аз ин ҷо метавонед боргирӣ кард >>>>>>
#медиаграмотность #саводирасонаӣ #далелсанҷӣ #фактчекинг
Роҳнамои саводи расонаӣ. Китоби электронӣ, ки он дар бораи роҳҳои мубориза бо дасткорӣ (манипулятсия) ва ахбори бардуруғ дар муҳити муосири расонаӣ маълумот медиҳад.







Китоби мазкурро аз ин ҷо метавонед боргирӣ кард
#медиаграмотность #саводирасонаӣ #далелсанҷӣ #фактчекинг
Саводи расонаӣ. Китоби электронӣ. Дастур оид ба саводи иттилоотӣ ва расонаӣ ба доираи васеи хонандагон ва ҳамчунин донишҷӯёни факултатҳои иртибототи расонаӣ ва журналистика, ки ба омӯзиши фанҳои "Cаводи иттилоотӣ ва расонаӣ", "Фарҳанги масрафкунандаи мӯҳтавои расонаҳо" фаро гирифта шудаанд, пешбинӣ гардидааст.Дар қисмати аввали китоб, ки "Расонаомӯзӣ: ҳаёт дар олами расонаҳо" ном дорад, дар бораи роҳҳои мухталифи коркарди иттилоот маълумот дода мешавад.




Китоби мазкурро аз ин ҷо метавонед боргирӣ кард
#медиаграмотность #саводирасонаӣ #далелсанҷӣ #фактчекинг
Cаводи иттилоотӣ ва расонаӣ дар ҷомеаи донишмеҳвар. 2013, Москва. Нашрия бар асоси маводи конфронси байналмилалии "Cаводи иттилоотӣ ва расонаӣ дар ҷомеаи донишмеҳвар", ки 24-28 июли соли 20128 дар шаҳри Москва баргузор шуд, ба табъ расидааст.
Китоби мазкур ба роҳбарон ва коршиносони мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ки сарпарастии соҳаҳои маориф, китобдорӣ ва расонаҳои хабарии чопӣ ва электрониро ба уҳда доранд, инчунин пажуҳишгарон, устодон ва муттахассисони соҳаҳои журналисика, китобдорӣ, педагогика ва саводи иттилоотӣ ва расонаӣ пешбинӣ шудааст.

Китоби мазкурро аз ин ҷо метавонед боргирӣ кард
Made on
Tilda