Дарси 5
Тафаккури интиқодӣ барои ҳама
ва барои ҳамеша
МАТН
Дар дарси чаҳорум мо роҷеъ ба иттилоот ва тасъири он ба ҷаҳонбинии инсон, навъҳои ҷаҳонбинӣ, омилҳои таъсиррасон ба ҷаҳонбинӣ, қисми таркибии расонаҳои муосир ва таъсири онҳо ба ҷаҳонбинӣ, тарзи истеъмоли дурусти иттилоот ҳамчу ғизо ва дар ин замина зарурати ташаккули тафаккури интиқодӣ маълумот дода будем. Ҳамакнун дар дарси навбатӣ мо дар бораи тафаккури интиқодӣ чист, зарурияти он, малака, маҳорат ва салоҳиятҳо вобаста ба тафаккури интиқодӣ, усул ва роҳҳои ташаккули тафаккури интиқодӣ сӯҳбат хоҳем кард.

Тафаккури интиқодӣ чист?

Тафаккури интиқодӣ ("critical thinking" аз юнонӣ kritikos - «нақд, интиқод») тавоноии дастёбӣ ба дониш, тавоноии таҷриба ва таҳлил, арзёбӣ ва қазовати огоҳона, баёни нуқтаи назари шахсӣ дар масъалаҳои мавриди баррасӣ ва тавонмандии истифода аз дониш дар ҳолатҳои маъмулӣ ва ғайримаъмулӣ аст.

Тафаккури интиқодӣ - тафаккури дақиқ, комил, мантиқӣ ва мустақил аст. Ин воситаи беҳтар кардани таҳлил ва баҳодиҳии далелҳо аст, ки шумо метавонед барои худ аз он босамар истифода кунед. Ё ба таври дигар, тафаккури интиқодӣ ин маҷмӯи малакаҳоест, ки тавассути он инсон иттилоотро на танҳо қабул мекунад, балки кӯшиш хоҳад кард, то саҳеҳияти онро муайян намуда, ба он аз чанд паҳлӯ назар афканад, сабаб ва натиҷаҳои ин иттилоъро пешгӯи намояд.

Дар замони муосир, ки онро давраи дасткориҳои бузурги иттилоотӣ ном мебаранд, ташаккул додани тафаккури интиқодии ҷавонон ҳамчун кафили амният ва суботи иҷтимоӣ як ҷузъи муҳими омӯзиши иттилоотӣ шудааст.

Дар зер як қатор тавсифу тафсирҳои мафҳуми тафаккури интиқодиро ёддошт мекунем, ки дар доираҳои олимони соҳа роиҷ аст:
● ин қобилияти хуб ва оқилона андеша кардан аст, ки дар асоси он шахс чӣ кор кардан ё ба чӣ бовар карданашро муайян менамояд;
● имкони ширкат дар баҳодиҳии озоду интиқодӣ дар тамоми бахшҳои зиндагӣ;
● тафаккуре, ки ба худтакмилдиҳӣ тақозо мекунад;

Чуноне мебинед, дар баробари мавҷудияти тафсирҳои гуногуни ин мафҳум, онҳо умумияти маъноӣ доранд.

Чаро тафаккури интиқодӣ зарур аст?

Инсони дорои тафаккури интиқодӣ бо сари худ фикр мекунад ва ба таблиғоту дасткорӣ ва ё қаллобии моҳирона дода намешавад. Аз ин хотир ингуна инсонҳоро идора кардан душвор аст. Агар шахс интиқодӣ фикр накунад, ӯ метавонад қурбонии қаллобӣ ё дасткорӣ гардад. Зеро маълумоти гирифташударо дуруст баҳогузорӣ карда наметавонад.

Аз ин лиҳоз тафаккури интиқодӣ на фақат ҳунари пешкаш кардани суол ё пурсишҳои дуруст аст, балки муборизаи беамон бо сафсаттаҳои бепоя низ ба ҳисоб меравад.

Дар ҷаҳони муосир иттилооту маълумот аз сарчашмаҳои мухталиф ва тавассути расонаҳои гуногун ба мо мерасанд ва муайян кардани дурустию нодурустии он аҳамияти фавқулоддаро бештар аз ҳарвақта касб кардааст.

Дар ин кор ба мо тафаккури интиқодӣ кӯмак хоҳад кард. Тафаккури интиқодиро яке аз маҳорат ва салоҳиятҳои асосии қарни 21 номбар мекунанд. Рушди тафаккури интиқодӣ ба шахс имкон медиҳад, то иттилоотро таҳлил кунад, хулоса барорад, маълумотро қабул ё рад кунад ё мавқеашро оиди ин ё он мавзӯъ муайян намояд.

Малака, маҳорат ва салоҳиятҳо.

Мо дар ин бахш бештар аз мафҳумҳое, ба мисли "қобилият", "малака", "маҳорат" ва "салоҳият" истифода мекунем. Ин мафҳумҳо чӣ умумият ва чӣ фарқият доранд?

Мафҳумҳои "салоҳият" ва "босалоҳият"-ро мутахассисон барои ифодаи мафҳумҳои "компетенция" ва "компетентность", ки аз забони лотинӣ (competens, competentis) ба забони русӣ иқтибос шудаанд, истифода мебаранд.

Мафҳуми салоҳият дар "Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ" – лоиқ будан, сазовор будан; шоистагӣ, сазоворӣ тафсир шудааст.

Дар бисёр мавридҳо, мафҳумҳои салоҳият, қобилият, малака ва маҳорат муштарак истифода мешаванд, аз ин рӯ дар аксари адабиёти илмӣ мафҳуми "салоҳият" чунин шарҳ дода шудааст:

Салоҳият – маҷмӯи дониш, малака ва маҳоратҳои ба ҳам пайванде, ки ба мақсади ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ (иҷтимоӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ), маърифатӣ ва касбӣ равона карда мешаванд.

Дар асоси ин тафсир метавон ба ин хулоса расид, ки шахси босалоҳият амалеро хуб, қобилиятнок ва боэътимод иҷро карда метавонад. Бояд қайд кард, ки "салоҳият"-ро таълим намедиҳанд, салоҳият дар натиҷаи азхуд кардани дониш, малака ва маҳоратҳо ташаккул меёбад. Салоҳиятнокӣ натиҷаи амалии дониш, малака ва маҳорат аст.

Аз ин лиҳоз бидуни дониши кофӣ ва малакаю маҳоратҳои муайян ба таври интиқодӣ фикр кардан ғайриимкон аст. Пас кадом қобилиятҳоро дошт ва малакаю маҳоратҳоро ҳосил кард, то барои аз лиҳози интиқодӣ фикр кардан ба шахси босалоҳият табдил ёфт? Дар ин замина муҳимтарин малакаю маҳоратҳои тафаккури интиқодӣ ингунаанд:

- Қобилияти шубҳа кардан ва ҳама чизро зери шубҳа қарор додан;

- Қобилияти ҷудо карда тавонистани далели воқеӣ аз нуқтаи назар;

- Қобилияти ҷудо карда тавонистани далелҳои ақлонӣ аз далелҳои эҳсосотӣ, додани афзалият ба мантиқ дар муқобили эҳсосот;


- Қобилияти муҳофизат, аз ҷумла дифои шахсӣ аз дасткорӣ ва қаллобӣ

- Қобилияти баҳодиҳӣ ба мавқеи шахсони дигар, далел ва хулосаҳои онҳо;

- Қобилияти муайян кардани ихтилофи андешаҳо, дида тавонистани "сангҳои зери об", мутолиаи байни сатрҳо;

- Қобилияти муайян кардани ҷонибҳои манфиатдор ҳангоми тасмимгирӣ;

- Қобилияти ба тарзи асоснок ва эътимодбахш пешниҳод кардани нуқтаи назари хеш ва ғайра.


Онҳое, ки тафаккури интиқодиашон рушд кардааст, дар маҳорати андеша, назорати эҳсосот ва таҳлилу дониш босалоҳият ҳастанд

Чӣ гуна тафаккури интиқодиро метавон ташаккул дод?

Ҳамин тавр, шумо тасмим гирифтед, ки тафаккури интиқодии хешро рушд диҳед. Чӣ бояд кард?

1. Ба ҳама чиз шубҳа намоед ва бо усули муқоисавӣ андеша кунед. Шубҳа кардан ҳаргиз маънии онро надорад, ки шумо ба ҳеч чиз бовар надоред, балки шумо эътироф мекунед, ки соддаю зудбовар нестед ва аз тариқи шубҳа метавонед нуқтаи назари худро тағйир диҳед.

2. Воқеъбин бошед. Ин маънои арзёбии дурусти далелҳо ва хулосаҳоро дар назар дорад. Аз ин рӯ:
- далелҳоро "ороиш" надиҳед;
- тафаккури сиёҳу сафедро истифода набаред;
- бо қолабҳо қазоват накунед.

3. Хиради худро ба кор баред
Ин маънои онро надорад, ки шумо бояд аз нуқтаи назари худ даст кашед. Аммо шумо бояд возеҳ дарк намоед, ки чаро шумо чунин фикр мекунед. Аз савол додан ва аз боварҳои худ шубҳа кардан натарсед. Ҳақиқат дар баҳс таваллуд мешавад.

4. Шитобкорона доварӣ накунед.
То вақте ки шумо миқдори кофии иттилоот ҷамъ наоваред ва ҷиҳатҳои мусбат ва манфии онҳоро насанҷед, ба қабули қарор саросема нашавед.

5. Дар зери фишор қарор қабул накунед
Ин амр ба хатогиҳои ҷиддӣ оварда мерасонад. Чӣ қадаре ки фишор ба шумо таъсир расонад, ҳамон қадар имкони қабули қарори тасодуфӣ ва нодуруст бештар хоҳад шуд.

6. Эҳсосоти худро назорат кунед.
Назорати эҳсосоти худро омӯзед, зеро агар дар ҳолати эҳсосотӣ тасмим қабул намоед, имкони зиёд дорад, ки ба иштибоҳ роҳ диҳед.

7. Боз ҳам бештар суол кунед. Қабл аз он, ки ба ҳалли мушкилоте даст бизанед, ҳатман аз худ пурсон шавед:
- дар ин бора чӣ медонед?
- маълумотро аз куҷо гирифтаед?
- чиро мехоҳед нишон диҳед, собит ё такзиб кунед ва ё интиқод намоед.
- дар ин замина кадом масъалаҳо аз мадди назар дур шудаанд

Хулоса:

- Тафаккури интиқодӣ ин маҷмӯи малакаҳоест, ки тавассути он инсон иттилоотро на танҳо қабул мекунад, балки кӯшиш хоҳад кард, то саҳеҳияти онро муайян намуда, ба он аз чанд паҳлӯ назар афканад, сабаб ва натиҷаҳои ин иттилоъро пешгӯи намояд.

- Тафаккури интиқодиро яке аз маҳорат ва салоҳиятҳои асосии қарни 21 номбар мекунанд. Рушди тафаккури интиқодӣ ба шахс имкон медиҳад, то иттилоотро таҳлил кунад, хулоса барорад, маълумотро қабул ё рад кунад ё мавқеашро оиди ин ё он мавзӯъ муайян намояд.

- Салоҳиятнокӣ натиҷаи амалии дониш, малака ва маҳорат аст. Аз ин лиҳоз бидуни дониши кофӣ ва малакаю маҳоратҳои муайян ба таври интиқодӣ фикр кардан ғайриимкон аст.

- Онҳое, ки тафаккури интиқодиашон рушд кардааст, дар маҳорати андеша, назорати эҳсосот ва таҳлилу дониш босалоҳият ҳастанд.

- Шахсе, ки тафаккури интиқодӣ надорад, метавонад қурбонии эҳтимолии ҳаргуна қаллобӣ ё фиребгарӣ бошад, зеро наметавонад ба таъсири муҳити беруна муқовимат намояд.





mediasavod.tj
медиаграмотность, медиаобразование, саводи расонаӣ,
расонаомӯзӣ, тафаккури интиқодӣ, критическое мышление


Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи "Таъсиси махзани интерактивии онлайнии Mediasabod.tj оид ба рушди саводи иттилоотию расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ" бо дастгирии моддии Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода" - "Бунёди Мадад" дар Тоҷикистон интишор шудааст.

Ақидаи муаллифон ва муҳтавои маводҳо метавонанд бо ақида ва мулоҳизоти Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода" - "Бунёди Мадад" дар Тоҷикистон мувофиқат накунанд.