Дарси 4
Таъсири иттилоот ба инсон ва тафаккури интиқодии ӯ
МАТН
Силсилаи дарсҳоямонро оид ба саводи расонаӣ боз ҳам идома медиҳем. Оё дар хотир доред, ки мо дар дарси гузашта дар мавзӯи "Саводи рақамӣ ва рӯзноманигории рақамӣ" ба Шумо роҷеъ ба саводи рақамӣ, ҳадаф, зарурият ва ҷузъҳои он, журналистикаи рақамӣ ва имкониятҳои он, фарқи журналистикаи рақамӣ аз журналистикаи анъанавӣ маълумот дода будем.

Ҳамакнун, дар дарси имрӯза ба Шумо роҷеъ ба иттилоот ва тасъири он ба инсон, ҷаҳонбинӣ, навъҳои ҷаҳонбинӣ, қисми таркибии расонаҳои муосир ва чӣ гуна бояд иттилоотро истеъмол кард, маълумот медиҳем.

Иттилоот ва инсон.
Одам аз лаҳзаи таваллуд бо иттилоот сару кор дорад ва амалан онро бо тамоми узвҳои ҳиссиёти худ қабул менамояд. Сипас маълумотро дар шакли тасвирҳои гуногун дар хотира ҳифзу таҳлил карда, ё барои ҳалли мушкилот истифода мебарад, ё ба шахси дигар интиқол медиҳад ва ё дар муҳити хотира нигоҳ медорад.

Инсон иттилоотро аз олами беруна бо ёрии панҷ узви ҳиссӣ - босира (чашм), сомеа (гӯш), зоиқа (забон), шомиа (бинӣ) ва ломиса (пӯст) қабул мекунад.

Дар ҳамин ҳол беш аз 90% маълумотро инсон тавассути узвҳои босира ва сомеа, дақиқтараш тариқи дидан ва шунавидан мегирад, ки он иттилооти тасвирӣ ва садоӣ аст. Аммо дигар узвҳои ҳиссӣ низ дар расонидани иттилоот нақш доранд.

Дар баробари ба зинаҳои нави рушди технологӣ расидани инсон доманаи муҳити иттилоотии мо хеле фароху густурда мешавад. Бешак, ҳоло одамон дар як рӯз ба ҳадде иттилоот истеъмол мекунанд, ки шояд панҷсад ё ҳазор сол муқаддам, ингуна ҳаҷми иттилоотро инсон дар тӯли умраш истеъмол намекард.

Дар замони муосир иттиллотро дар қиёс бо дигар намуди захираҳо, ки ҳамагӣ имкони коҳишёбӣ доранд, "захираи ҳамеша дар ҳоли афзоиш ва фанонопазир" меноманд. Ин амр ба сурати умум одамонро бо таҳдиди ҷиддӣ, яъне хатари "олудагӣ аз партови иттилоотӣ" рӯ ба рӯ кардааст.

Иттилоот ва ҷаҳонбинии инсон. Омилҳои таъсиррасон ба ҷаҳонбинӣ.
Ҷаҳонбинии инсон ҳамеша ба ҳангоми қабули қарорҳо ва амалҳояш асар мекунад ва барои дарку фаҳмиши ҳар як ҳодисаҳои муҳити атроф бевосита таъсир мерасонад.

Ҷаҳонбинӣ - маҷмӯи тасвирҳои ба ҳам алоқаманд мебошад, ки ғояҳо ва диду назар ва фаҳмишҳои моро дар бораи олами беруна фаро мегирад. Агар ҷаҳонбинӣ ба воқеият асос ёфта бошад, яъне бинишу фаҳмишҳое, ки дар сари мо ташаккул ёфтааст, ба ҷаҳони воқеӣ шабоҳат дорад, пас худи инсон дуруст рафтор мекунад. Агар дар майнаи инсон носозӣ ва бетартибиҳо бошад, пас рафторҳои мо бисёр хастакунанда ва бемантиқона хоҳанд буд.

Тасаввурот дар бораи олами беруна аз иттилоот ва маҷмӯи маълумоте пайдо мешавад, ки мо онро аз муҳити беруна мегирем ва он дар майнаи мо ба ин ё он тарз шакл мегирад.

Ҳамин тариқ инсон иттилооти зиёдеро қабул мекунад ва онро мавриди истифода қарор медиҳад. Аммо мушкилот ин ҷост, на ҳамаи иттилооте, ки мо қабул мекунем, муфид ва коршоям аст. Аниқтараш ин маълумотҳо бояд дуруст, эътимоднок ва муфид бошанд.

Ба ҳар сурат бояд хуб барои худ тасаввур кунем, ки ба расонидани маълумот ва ташакули ҷаҳонбинии шахс омилҳои берунаи зерин таъсир мерасонанд:
Муҳити расонаӣ
Волидайн ва оила
Мактаб, донишкада ва муҳити касбӣ
Дӯстон ва ҳалқаи мусоҳибон
Маҳалли иқомат ва тарзи зист .

Бешак, ҳамаи ин омилҳо дар ҳаёти инсон нақши бузург доранд ва таъсиррасонанд. Аммо мо таваҷҷуҳи худро ба таъсири муҳити расонаӣ мутамарказ хоҳем кард. Чаро? Ба назар чунин мерасад, ки дар асри 21 - асри рушди технологияҳои иттилоотӣ муҳити расонаӣ сол аз сол аҳамияти бештарро касб карда, тадриҷан ба зинаи аввал мегузарад. Аз тарафи дигар ҳадафи мо аз ин дарсҳо расонаомӯзӣ аст.

Пас вақте, ки сухан аз муҳити расонаӣ меравад, мо дар шароити имрӯз чиро дар назаро дорем? Дар шароити муосир қисми таркибии фазои расонаӣ чунин аст:
телевизион
синамо
индустрияи мусиқӣ
бозиҳои компютерӣ
таблиғот (реклама)
радио, маҷаллаҳои ранга, дигар ВАО
Интернет

Дар навбати худ Интернет, ҳамаи ҷузъҳои дигарро, ки дар боло оварда шуданд, муттаҳид мекунад.

Ҳамаи ин воситаҳо ва ҷараёнҳои иттилоотӣ ба зиндагии ҳар яки мо таъсир мерасонанд. Ҳатто агар шумо худро аз оинаи нилгун, компютер ва ё радио комилан муҳофизат кунед ҳам, таъсири онҳо тавассути дӯстон, шиносон, ҳамкорон ва нафароне, ки бо шумо дар иртиботанд, ба шумо мерасад. Дар ин замина мо бояд як омили муҳимро мавриди эътибори ҷиддӣ қарор диҳем. Ҳоло фазои расонаӣ имкони дастрасии фарогир ба иттилоотро фароҳам овардааст. Ин амр истӣъмолкунандагони иттилоотро дар муқобили интихоб қарор медиҳад.

Ё шумо ба истеъмолкунандаи оддии иттилоот мубаддал шуда, аксҳои гуногунро назора, маводҳои ҷолибро мутолиа ва видеоро тамошо мекунеду ба иттилоот имкони дасткорӣ ё худ манупулятсияро нисбати худатон иҷозат медиҳед.

Ё Шумо метавонед, роҳи дигарро интихоб кунед ва маҷмӯи иттилоотеро, ки интернет, телевизиону радио ва рӯзномаю маҷаллаҳо пешкаш мекунанд, огоҳона истифода баред.

Ҳоло мо ба ҷои аз тарси ғарқшавию аз оббозӣ худдорӣ варзидан, бояд шиновариро дар муҳити расонаӣ биёмӯзем.

Иттилоот ғизо аст, онро чӣ гуна бояд истеъмол кард?
Ҳаҷми иттилооте, ки ҳамарӯза инсони муосир аз василаву воситаҳои гуногун мегирад, то ҷое аз имкониятҳои биологии ӯ бештар аст. Хабарҳо ва овозаҳо, далелҳо ва фикру мулоҳизаҳо, андешаҳо ва пешгӯиҳо, тарғиботи сиёсӣ ва таблиғоти тиҷоратӣ, ҳиссиёт ва хаёлоти дигарон моро аз ҳама ҷонибҳо иҳота мекунанд.

Нигоҳ доштани андешаҳои объективӣ ва назарҳои солим дар фазои пур аз иттилооти дурӯғин, дасткорона, беасос ва ҳадафмандона аз ҳарвақта дида торафт душвортар гардида истодааст. Имрӯз, беш аз ҳарвақта, зарур аст, ки ҷараёни иттилооти воридшавандаро таҳти назорати қатъӣ қарор диҳем.

Таваҷҷуҳ кунед, одамоне, ки ғизои иттилоотиро зиёд ва нодуруст истеъмол мекунанд, ба ҳамон мушкилоти одамони фарбеҳ мувоҷеҳ ҳастанд. Яъне онҳо онҳо низ аз истеъмоли маълумоти беҳудаи бисёр худдорӣ карда наметавонанд.

Тибқи назари мутахассисон, иттилоот хӯрокест мағзи мову шуморо мунтазам ғизо медиҳад. Агар ин хӯрок аз ҳад зиёд ва ё сифати паст дошта бошад, мағз дер ё зуд фарбеҳ мегардад, суст ва ё хаста мешавад.

Дар ҳамин ҷо мехостем боз ба як масъала таваҷҷуҳи шуморо ҷалб намоем. Шумо албатта, дар бораи таъомҳои сабуку тезпази "фастфудӣ" хабар доред. Аммо имрӯз дар бозори расонаӣ низ теъдоди хеле фаровони иттилооти "фастфудӣ" манзур шудааст.

Иттилооти "фастфуди" чӣ гуна иттилоот аст? Он иттилооти сабук, бесуд, ҷаззоб ва саргармкунанда аст, ки истеъмоли андаки он безарар мебошад. Вале аз ҳад зиёд истеъмол кардани чунин иттилоот майнаро бо "партов" пур мекунад.

Ин таъсирро ба як бор эҳсос нахоҳед кард, мисле, ки як бор гамбургер хӯрдаед ва он ҳеҷ таъсире надорад. Аммо ғизоҳои фастфудиро ба такрор доимӣ истеъмол намоед, метавонад шуморо ба бемориҳо гирифтор кунад.

Айни ҳамин таъсирро дар истеъмоли иттилоот метавон дид. Агар хӯрок ба сиҳатии ҷисмонии шахс таъсир дошта бошад, иттилоот ба ҳолатҳои равонӣ ва маънавии ӯ таъсир мерасонад.

Бинобар ин сифати иттилоте, ки мо онро мисли таъом истеъмол мекунем, хеле муҳим аст. Зеро он мустақиман ба кобилияти тафаккури инсон таъсир мерасонад. Дар хотир дошта бошед, ки тамоми иттилоот: мақолаю китобҳо, ёддошту аксҳо, ҳама ба фаъолияти майнаи шумо таъсир мерасонанд.

Агар мо ба як истеъмолкунандаи муқарарии иттилоот мубаддал шуда, мағзи сарамонро бо иттилоти сабуку бемаънӣ пур кунем, ин амр бароямон гарон хоҳад буд. Аз як сӯ вақт зоеъ меравад (ба ёд оред, саргармии тӯлониро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва аз сӯи дигар қобилияти таҳлилгарии мо заиф хоҳад шуд. Бояд дар хотир дошт, ки истеъмоли иттилооти сабукро назорат карда, аз он дар ҳадди зарурӣ ва огоҳона бояд истифода намуд. Дар акси ҳол имкон дорад, қурбонии дасткорӣ ё худ манипулятсия шавед.

Барои он, ки дар миёни рангорангии иттилоот раҳгум назанед, аз худ пурсон шавед: "Чаро муаллиф ба мо маълумот медиҳад?"
"Ӯ чиро мехоҳад ба мо бирасонад?"
"Ман аз ин маълумот чӣ чизи хуберо омӯхтам?"


Аслан ин масъалаҳо ба тафаккури интиқодӣ иртибот мегиранд. Тафаккури интиқодӣ чист ва барои чӣ даркор аст?

Барои истифода ва баҳогузории дурусти ҳар як итттило ва аз истеъмоли ғизои иттилоотии нодуруст гирифтори "фарбеҳӣ" ва ё ягон "маризӣ" нашудан, тафаккури интиқодӣ бисёр муҳим аст. Аммо ба ин мавзӯъ дар дарси минбаъда пурра дахл хоҳем кард.

Ҳоло бисёр зарур аст, ки ба хотири мустаҳкамкунии мавзӯъ нуктаҳои меҳварии ин дарсро ба таври фишурда ба хотир орем ва хулоса кунем.

Хулоса
Инсон иттилоотро аз олами беруна бо ёрии панҷ узви ҳиссӣ - босира (чашм), сомеа (гӯш), зоиқа (забон), шомиа (бинӣ) ва ломиса (пӯст) қабул мекунад.

Ҷаҳонбинӣ - маҷмӯи тасвирҳои ба ҳам алоқаманд мебошад, ки ғояҳо, диду назар ва фаҳмишҳои моро дар бораи олам фаро мегирад. Агар ҷаҳонбинӣ ба воқеият асос ёфта бошад, пас худи инсон дуруст рафтор мекунад.

Ба ташаккули ҷаҳонбинии инсон як қатор омилҳои беруна, аз ҷумла муҳити расонаӣ таъсир мерасонанд. Ҳоло қисми таркибии муҳити расонаӣ аз телевизион, синамо, индустрияи мусиқӣ, бозиҳои компютерӣ, таблиғот (реклама), радио, маҷаллаҳои ранга ва Интернет иборат аст. Интернет дар навбати худ ҳамаи дигар ҷузъҳои муҳити расонаиро фаро мегирад.

Иттилоот ҳам мисли ғизо аст, онро бебаркаш ва кӯр-кӯрона не, балки дар ҳадди зарурӣ ва огоҳона бояд истифода кард.

mediasavod.tj
медиаграмотность, медиаобразование, саводи расонаӣ,
расонаомӯзӣ, тафаккури интиқодӣ, критическое мышление


Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи "Таъсиси махзани интерактивии онлайнии Mediasabod.tj оид ба рушди саводи иттилоотию расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ" бо дастгирии моддии Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода" - "Бунёди Мадад" дар Тоҷикистон интишор шудааст.

Ақидаи муаллифон ва муҳтавои маводҳо метавонанд бо ақида ва мулоҳизоти Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода" - "Бунёди Мадад" дар Тоҷикистон мувофиқат накунанд.