Дарси 3
Саводи рақамӣ ва рӯзноманигории
рақамӣ

МАТН
Силсилаи дарсҳоро дар бобати саводи расонаӣ- иттилоотӣӣ идома медиҳем. Дар дарси гузашта мо дар мавзӯи "Саводи расонаиро бо рӯзноманигорӣ набояд омехта кард" ба шумо маълумот додем ва дар он аз боби фаъолияти рӯзноманигорӣ ва маҳсули кори журналист, дар бораи он, ки иттилооти журналистӣ чӣ гуна бояд бошад ва маҳсули рӯзноманигорӣ гуфта чиро дар назар доранд, сӯҳбат кардем.

Ҳамакнун дар дарси навбатии мо доир ба саводи рақамӣ, ҳадаф, зарурият ва ҷузъҳои он, журналистикаи рақамӣ ва имкониятҳои он, фарқи журналистикаи рақамӣ аз журналистикаи анъанавӣ ба шумо маълумот медиҳем.

Чаро одамон ба саводи рақамӣ ниёз доранд?

Фазои рақамӣ ё худ диҷитолӣ як бахши ҷудонопазири зиндагии мо дар ҷаҳони имрӯз шудааст. Барои он, ки дар ҷаҳони рақамӣ муваффақ бошед ва имкониятҳои онро дар кору таҳсил ва ё зиндагии рӯзмарра истифода карда тавонед, ба маҷмӯи малакаю маҳоратҳои зарурӣ, ки бо ибораҳои саводи рақамӣ, саводи расонаӣ, саводи иттилоотӣ ва ғайра баён шудаанд, ниёз пайдо мешавад.

Аслан, саводи анъанавӣ қобилияти хондан ва навиштанро дар назар дорад. Аммо барои инсони имрӯза, чуноне гуфтем, ин малакаҳо кифоя нестанд. Зеро ҳаёти мо дар тағйирот аст ва фановариҳои тоза аз ҷумла, технологияҳои рақамӣ ба ҳаёти мо ворид шудаанд, ки мо хоҳу нохоҳ ҳамарӯза аз онҳо истифода мекунем. Дар ин ҷода муҳим аст, ки натанҳо истифодаи технологияи навро донем, балки усулҳои истифодаи бехатари онро омӯзем. Инчунин қобилияти дарёфт кардан, дуруст истифода бурдан ва эҷод кардани маълумот, аз хатарҳои имконпазир огоҳ будан ва чораҳои эҳтиётиро донистан муҳим аст. Ёд гирифтан ва мавриди истифода қарор дода тавонистани ҳамаи маҳоратҳо ба ташакули саводи рақамӣ мусоидат мекунад.

Саводи рақамӣ чист?

Саводи рақамӣ – ин маҷмӯи дониш ва малакаҳоест, ки барои истифодаи бехатар ва самараноки технологияҳои рақамӣ ва захираҳои интернетӣ заруранд. Яъне ба маънии дигар саводи рақамӣ ҷамъи донишҳо ва маҳорат, қобилият ва малакаҳоест, ки инсон бо фарогирии онҳо дар олами иттилоот ва технология мусаллаҳ аст ва ба ҳама гуна ахбори атроф дуруст бархӯрд ва муносибат мекунад, аз дастгоҳҳои рақамӣ огоҳона истифода карда метавонад.

Баъзан донишҳои рақамиро "донишҳои компютерӣ" низ мегӯянд. Вале ибораи донишҳои компютерӣ маънии пурраи донишҳои рақамиро ифода накарда, он танҳо як бахши саводи рақамӣ аст. Ба монанди ин саводи телефонӣ низ бахше аз саводи рақамӣ ба ҳисоб меравад.

Дар замони муосир, ки технологияи рақамӣ хеле босуръат рушд кардааст, аз компютер ва ё телефон истифода карда тавонистан, ҳанӯз маънои онро надорад, ки кас аз нигоҳи рақамӣ босавод бошад. Дар ин ҷода дар баробари аз технологияи навин хуб истифода карда тавонистан, ҳамчунин донистани усулҳои бехатари истифодаи технологияҳои ҷадид ва оддитарин қоидаҳои ташхис, таҳлил ва санҷишро донистан тақозо мешавад.

Ба сурати умум, агар хеле содда баён кунем, саводнокии рақамӣ қобилияти мустақилона истифода кардани телефон, компютер, планшет, идора кардани вебсайтҳо, ирсол ва қабули мактубҳо тавассути почтаи электронӣ, истифодаи бехатари шабакаҳои иҷтимоӣ ва ғайра аст. Вале, ин ҳамагӣ мадхал ё ба истилоҳ "алифбо"-и саводи рақамӣ мебошад.

Ғайр аз ин, саводи рақамӣ таъмини амният дар Интернет, пайи рақамӣ, кибертаҳдид ё кибербуллинг, рамзнигорӣ, одоби рақамӣ дар истифодаи иттилооти ғайрро низ фаро мегирад.

Ҳоло саводи рақамӣ аз ҳарвақта бештар зарур аст. Агар мо ягон навъи технологияро бидуни дарки моҳияту мақсади он истифода барем, оқибат метавонад, ба мушкилот оварда расонад.

Масалан, бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ, шахс бояд донад, ки кадом иттилоотро мубодила кардан мумкин аст ва кадом иттилоотро не, кӣ метавонад маълумоти шахсии ӯро пайдо кунад ва пас бо кадом мақсад метавонад онро истифода кунад.

Нобаробарии рақамӣ чӣ аст?

Саводи рақамӣ барои истифодаи дуруст аз платформаҳои рақамӣ лозим аст. Одамоне, ки имкони истифодаи фазои онлайниро надоранд, имкони иштироки самарабахш дар фаъолиятҳои омӯзишӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсиро низ нахоҳанд дошт. Чунин вазъият метавонад набаробарии рақамиро ба миён оварад.

Ҳамзамон нобаробарии рақамӣ танҳо марбут ба дастрасии баробар ба технологияҳои рақамӣ нест. Ҳатто огоҳ набудан аз он, ки чӣ гуна бояд аз фановариҳои иттилоотӣ ва иртибототӣ истифода кард, метавонад ба нобаробарии рақамӣ мусоидат кунад.

Бесаводии рақамӣ бо вуҷуди дастрас будани иттилооти зарурӣ ва фановариҳо, барои бозёфти иттилооти аниқ ва муҳим монеа эҷод мекунад. Нобаробарӣ дар дастрасӣ ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва иртибототӣ ба мушкилоти донишандӯзӣ ва дар ниҳояти кор ба проблемаҳои иқтисодӣ рӯ ба рӯ мекунад. Аз даст додани фурсати истифодаи имконоти иқтисодӣ ва бо кор таъминшавӣ яке аз зуҳуроти зарари нобаробарии рақамӣ аст.

Бешак, саводи рақамӣ маҷмӯи дониш ва малакаҳоест, ки барои истифодаи бехатар ва самараноки технологияҳои рақамӣ ва захираҳои Интернет заруранд. Муҳимияти саводи рақамӣ дар замони муосир дар он аст, ба одамон имкон медиҳад, ки бо истифода аз имкониятҳои технологияи рақамӣ дар фурсати кӯтоҳ кори ҳаҷман зиёдро бо роҳи бехатар ва муфид анҷом диҳанд.

Яъне шахсе ки аз лиҳози донишҳои рақамӣ босавод аст, метавонад, маълумоти зиёд ва полуда (манзур танҳо барояш муҳим ва зарур)-ро дар муддати андак ба даст оварад ва вақти қимати худро сарфа намояд.

Чор ҷанбаи таркибии саводи рақамӣ

Мутахасисони соҳа чаҳор ҷанбаи асосиеро, ки саводи рақамиро таъмин мекунанд, ҷудо кардаанд:

- Амнияти иттилоотӣ
- Амнияти иртиботӣ
- Бехатарии техникӣ
- Бехатарии истифодабарӣ


Амнияти иттилоотӣ. Қобилияти доштани санҷиши ҳар гуна иттилоот дар фазои маҷозиро таъмини амнияти иттилотӣ гӯянд, ки хонандаро аз раҳгум задан эмин медорад. Ҳамчунин дар ин шоха доштани маҳорати канор гирифтан ва ё раҳоӣ ёфтан аз иттилооти нолозим муҳим арзёбӣ мешавад.

Амнияти иртиботӣ. Фарҳанг ва бехатарии корбарии шабакаи интернетиро амнияти иртиботӣ мегӯянд, ки ҳангоми муносибат, муроҷиат, мукотиба ва истифодабарии сервер ва шабакаҳои гуногун ба худ ва дигарон бояд зараре нарасонад.

Мо ҳамарӯза ба садҳо серверҳо ворид мешавем, ки ҳатто худамон дар хотир надорем ва намедонем, ки то куҷо ин бехатар аст. Дар замони муосир барои фаҳмиши ҷаҳонбинӣ ва ниёзу шавқҳои мову шумо зарур нест, ки моро мавриди бозпурсӣ қарор диҳанд. Барномаҳои махсусе ҳастанд, ки саҳифа (профил)-и моро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ташхис намуда, муайян мекунанд, ки мо ба чӣ чизҳо бештар таваҷҷӯҳ дорем.

Бехатарии техникӣ. Чӣ дар интернет дастгоҳи асосӣ мешавад? Смартфон, телефон, планшет, компютер, сервер. Маҳз ин воситаҳо дастрасии шуморо ба шабака таъмин мекунанд ва иттилооти гуногунро дар бораи шумо ҳифз мекунанд. То чӣ андоза маълумоти шахсии шумо ҳифз мешавад, аз малакаи истифодабариии ин дастгоҳҳо аз ҷониби шумо вобаста аст.

Бехатарии истифодабарӣ. Имрӯз дар интернет бозӣ мекунанд, таҳсил мекунанд, кор мекунанд, харидорӣ ё ба фурӯш мегузоранд. Ин ҳама аз рӯи талабот ва қоидаҳои дигар кор мекунад, ки аз амалҳои болозикр дар ҳаёти воқеӣ (офлайнӣ) куллан фарқ мекунад. Истифодабарии воситаҳои рақамӣ ва кор бо интернет анъана, қоида ва ҳатто қонунҳои махсус дорад. Ҳамаи ин нозукиҳоро донистан, шуморо аз хато кардан эмин нигоҳ медорад.

Муваффақияти шуморо дар оянда то кадом андоза "шаҳрванди фаъол ва босаводи олами рақамӣ" будани шумо маълум мекунад.

Хулоса. Биёед ба суоле, ки дар аввали матлаб гузоштем "Саводи рақамӣ чист?" бори дигар ба таври фишурда посух медиҳем. Ин маҷмӯи донишу малакаи истифодабарии бехатари воситаю абзори рақамӣ ва захираҳои интернетӣ аст.

Журналистикаи рақамӣ чист?

Рӯзноманигории рақамӣ ё ба истилоҳи англисӣ "digital journalism" ҳамзамон муродифҳои худро дорад ва бо номҳои "онлайн-рӯноманигорӣ", "рӯзноманигории чандрасонаӣ", "рӯзноманигории расонаҳои нав" низ ёд мешавад.

Журналистикаи рақамӣ як шакли рӯзноманигории муосир буда, тамоми муҳтавои таҳририя тавассути Интернет интишор мешавад, ҳол он ки дар рӯзноманигории "суннатӣ" муҳтаво ё чоп ё нашр мешуд.

Ҳоло он чӣ, ки рӯзноманигории рақамиро ташкил медиҳад, мавриди баҳси олимон қарор гирифтааст ва дар ин бобат андешаҳо гуногунанд. Аммо, маҳсулоти асосии рӯзноманигорӣ дар журналистикаи рақамӣ, ки ахбор ва дигар маводи марбут ба масъалаҳои ҷории рӯз аст, танҳо дар шакли матн, аудио, видео ва ё формати таркибӣ бо истифода аз интерактив, ба монанди бозиҳои хабарӣ ва ғайра тавассути технологияҳои рақамии расонаӣ интишор мешавад.

Азбаски барои чоп ва паҳн кардани маводи мазкур чандон вақти зиёд сарф намешавад, журналистикаи рақамӣ нисбат ба рӯзноманигории анъанавӣ хеле босуръаттар аст.

Одамон метавонанд, Интернетро барои дастрасӣ ба хабарҳо ва рӯйдодҳо дар тӯли 24 соат истифода баранд. Яъне имкониятҳои майдонҳои рақамӣ барои пайдо кардани дилхоҳ хабар мафҳуми "вақт" ва "суръат"-ро хеле тезонид ва сифати матлаби ниёзӣ хубтар гардид.

Мушкилиҳои вобаста ба кашолёбии фурсати иттилоърасонӣ, зиёд шудани хароҷоти расонаҳои хабарӣ, аз ВАО-и анъанавӣ то ҷое дур шудани мухотабон ва инчунин дар ин фурсат рушди имкониятҳои технология водор сохт, ки журналистика ва ВАО ба истифодаи васеъи платформаҳои рақамӣ рӯ оранд.

Ҳадафи аслии журналистикаи рақамӣ аз чӣ иборат аст?

Ҳадафи аслии журналистикаи рақамӣ, ки ба он нисбат ба шаклҳои анъанавии рӯзноманигорӣ бартарӣ медиҳанд, расонидани иттилооти зиёд дар фурсати кӯтоҳ бо сарфаи вақт аст.

Ҳоло тамоми дастгоҳ ва абзори рӯзноманигорон бар пояи технологияҳои рақамӣ истеҳсол шудаанд. Масалан: дастгоҳҳои сабти овози рақамӣ, дастгоҳҳои наворбардории рақамӣ, телевизионҳои рақамӣ, дастгоҳҳои мавҷпаҳнкунии рақамӣ ва ғайра.

Як камбудии журналистикаи рақамӣ дар он аст, ки дар ин раванд хабарнигорон бештар ба таъҷилият аҳамият медиҳанду гоҳо далелсанҷӣ ва саҳеҳияти иттилоотро сарфи назар мекунанд.

Рӯзноманигории рақамӣ аз журналистикаи анъанавӣ дар масъалаи робита бо мухотабон низ фарқ мекунад. Дар журналистикаи рақамӣ алакай хонанда имкони иртиботи онлайнӣ бо муаллиф ва ё редаксияи ВАО-ро бемамоният пайдо мекунад.

Имрӯз журналистикаи олам ҳарчӣ зудтар ба формати рақамӣ гузашта истодааст ва бисёре аз рӯзномаҳои анъанавии кишвари мо аллакай шакли онлайнии худро пешниҳод кардаанд, ки ин ҳам тақозои замон аст.

Хулоса

Саводи рақамӣ – ин маҷмӯи дониш ва малакаҳоест, ки барои истифодаи бехатар ва самараноки технологияҳои рақамӣ ва захираҳои интернетӣ заруранд.

Аҳамияти саводи рақамӣ дар замони муосир дар он аст, ба одамон имкон медиҳад, ки бо истифода аз имкониятҳои технологияи рақамӣ дар фурсати кӯтоҳ кори ҳаҷман зиёдро дуруст ва бехатар анҷом диҳанд.

Ҷанбаҳои асосии таъминкунандаи саводи рақамӣ

- Амнияти иттилоотӣ
- Амнияти иртиботӣ
- Бехатарии техникӣ
- Бехатарии истифодабарӣ


Журналистикаи рақамӣ як шакли рӯзноманигории муосир буда, тамоми муҳтавои таҳририя тавассути Интернет интишор мешавад Маводи журналистикаи рақамӣ метавонад дар шаклҳои
- матнӣ,
- аудиоӣ
- видеоӣ
- графикӣ ва дигар маводи интерактивӣ
эҷод ва тавассути технологияи рақамии расонаҳои иртибототӣ пешкаш карда шавад.

Бартарияти журналистикаи рақамӣ аз журналистикаи анъанавӣ интишори иттилои зиёд дар фурсати кӯтоҳ, дастрас будани иттилоот ва мавҷудияти имконияти мукотибаи онлайнӣ байни муаллиф ва мухотабон аст.

Як камбудии журналистикаи рақамӣ дар он аст, ки дар ин раванд муаллифон бештар ба фаврият аҳамият медиҳанду гоҳо далелсанҷӣ ва саҳеҳияти иттилоотро сарфи назар мекунанд.


mediasavod.tj


Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи "Таъсиси махзани интерактивии онлайнии Mediasabod.tj оид ба рушди саводи иттилоотию расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ" бо дастгирии моддии Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода" - "Бунёди Мадад" дар Тоҷикистон интишор шудааст.

Ақидаи муаллифон ва муҳтавои маводҳо метавонанд бо ақида ва мулоҳизоти Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода" - "Бунёди Мадад" дар Тоҷикистон мувофиқат накунанд.