Дарси 2
Саводи расонаиро бо рӯзноманигорӣ набояд омехта кард

МАТН
Инак, дарси дуюмро оғоз мебахшем. Ин навбат дар равзанаи дарсҳои омӯзишӣ оид ба саводи иттилоотӣ ва расонаӣ мо мавзӯи "Журналистика ё худ рӯзноманигорӣ ва саводи расонаиро" ба баррасӣ мекашем.

Аммо қабл аз баррасии ин мавзӯъ, хотиррасон мекунем, ки дар дарси аввал мо мавзӯи "Иттилоот чист ва ба расонаҳо чӣ рабт дорад" -ро арзёбӣ кардем.

Мо ба суолҳои иттилоот чист ва кадом навъҳои иттилоот мавҷуд аст, ба воситаҳои ахбори омма чиҳо дохил мешаванд, посух гирифтем. Ҳамчунин нақш ва ҷойгоҳи расонаҳоро дар фазои иттилоотӣ муайян ва тафовути миёни расонаҳои нав ва кӯҳнаро мушаххас кардем.

Ҳамин тариқ, дар дарси имрӯза мо аз боби фаъолияти рӯзноманигорӣ ва маҳсули кори журналист, дар бораи он, ки иттилооти журналистӣ чӣ гуна бояд бошад ва маҳсули рӯзноманигорӣ гуфта чиро дар назар доранд, сӯҳбат хоҳем кард.

Ҳамзамон мо ба масъалаи саводи расонаӣ-иттилоотӣ таваҷҷӯҳ карда, бароямон мушаххас мекунем, ки саводи расонаӣ чист. Дар баробари ин доир ба саводи иттилоотӣ низ маълумоти заруриро хоҳем гирифт ва умумият ва фарқиятҳои расонаомӯзӣ ва иттилоотомӯзиро мушаххас мекунем. Дар ниҳоят ба он даст хоҳем зад, ки саводи расонаӣ-иттилоотӣ ва рӯзноманигорӣ аз ҳам чӣ тафовут доранд ва омӯзиши ин дарс ба ҳаракати шумо дар фазои иттилоотӣ то чӣ андоза мусоидат хоҳад кард.

Ҳарчанд шаклҳои муколамаи иттилоотӣ ҳанӯз дар замонҳои хеле қадим зуҳур карда, журналистика ба сифати як пеша дар баробари пайдоиши матбуот ба вуҷуд омада бошад ҳам, аммо рӯзноманигорӣ ба сифати як ниҳоди иҷтимоӣ ҷавон аст ва дар ҳоли рӯ ба рушд қарор дорад.

Аз ин ҷост, ки журналистика яке аз шаклҳои иртибототи омма ба ҳисоб меравад. Рӯзноманигорӣ як навъ фаъолияти ҷамъиятӣ оид ба ҷамъоварӣ, коркард ва интишори ахбор аст, ки тариқи воситахои иртиботии омма сурат мегирад.

Асоси фаъолияти журналистиро иттилоърасонӣ ташкил медиҳад. Доир ба иттилоот ва навъҳои он мо дар дарси аввал ба шумо маълумот дода будем. Ҷоиз ба зикр аст, ки иттилооти сифатноки рӯзноманигорӣ, ки онро хабар мегӯянд, бояд нав, ба мухотабон наздик, ғайриоддӣ, фардикунонидашуда ва барои ҷомеа аҳамиятнок бояд бошад. Одатан иттилооте, ки рӯзноманигор омода мекунад, бояд ба 6 суоли асосӣ ҷавобгӯй бошад: чӣ, кай, дар куҷо, чӣ гуна, кӣ ва чаро? Маълум аст, ки ин гуна иттилоотро рӯзноманигор барои расонаҳои хабарӣ омода мекунад, ки маҳсули рӯзноманигорӣ ба ҳисоб меравад. Иттилооти журналистӣ аз ҷониби мухотабон ҳамчун иттилооти воқеӣ, қобили эътимод, фаҳмо, ботавозун, аниқ, саривақтӣ ва муҳим бояд истиқбол шавад.

Журналист ё худ рӯзноманигор - шахси эҷодкоре аст, ки бо ҷамъоварӣ, таҳрир, коркард, таҳия ва пахши иттилоот тариқи ВАО сарукор дорад.

Иттилооти жуналист ҳамчун маҳсули корӣ чӣ гуна бояд эҷод шавад, то ба хостаҳои расонаҳои хабарӣ мувофиқ ва мутобиқ бошад? Одатан, талаб карда мешавад, ки иттилоот ҳамчун маҳсули рӯзноманигорӣ хусусиятҳои муайяни худро дошта бошад, ки чунин аст:

Воқеӣ – иттилооте, ки ба фикру андеша ва манфиатҳои касе иртибот надорад

Боэътимод – иттилооте, ки инъикоскунандаи вазъи воқеӣ ва санҷидашуда аст

Муҳим ва рӯзмарра – иттилооте, ки фаврӣ ва саривақтӣ пешкаш мешавад.

Пурра ва комил – иттилооте, ки барои дарк ва тасмимгирӣ кофӣ бошад.

Фаҳмо – иттилооте, ки забонаш содда ва барои дарки мухотабон осон аст

Арзишманд – арзиши иттилоот ба аҳамияти он дар тасмимгирӣ, ҳалли масъала ва корбурди минбаъдаи он дар ҳар навъ фаъолиятҳои инсон вобастагӣ дорад.

Дар ҳамин ҳол мо ба ин нукта расидем, ки тасаввуротамон дар бораи рӯзноманигорӣ, рӯзноманигор ва маҳсули кории ӯ то андозае мукаммал шуд. Бешак, ВАО бо пешниҳоди селаи фарогири иттилоот дар ташаккули ҷаҳонбинии инсон нақши муҳим мебозанд. Ҳарчанд набояд фаромӯш кард, ки расонаҳои хабарӣ метавонанд аз ин лиҳоз ҳам фоиданок ва ҳам зараровар бошанд. Аммо дар баробари ин, сарфи назар кардани иттилооте, ки расонаҳои хабарӣ пешкаш мекунанд, ғайриимкон аст.

Пас чӣ тавр дар муқобили ҳуҷуми селаи фарогири иттилоотӣ худро ҳифз карду зарар надид ва иттилооти пешкашшударо аз нигоҳи интиқодӣ арзёбӣ кард ва ниҳоят пазируфт? Дар ин кор ба мо расонаомӯзӣ ё худ баланд бардоштани саводи расонаӣ кӯмак хоҳад кард. Пас саводи расонаӣ чист ва он аз рӯзноманигорӣ чӣ фарқ дорад?

Ба сурати умум "савод ё саводнокӣ" ин қобилияти хондан ва навиштан аст. "Саводи расонаӣ" ин қобилияти истифодаи пурраи намудҳои гуногуни расонаҳо мебошад.

Саводи расонаӣ ин маҷмӯи малакаҳоест, ки ба шахс барои дастрасӣ ба расона, таҳлили мӯҳтавои расонаҳо, эҷоди матлаби нави расонаӣ, арзёбии муҳтавои мавҷудаи ВАО ва иштироки фаъолона дар расонаҳо имконият медихад. Одамони аз лиҳози расонаӣ босавод метавонанд, ки паёмҳои ҷомеъ ё худ ҳамаҷонибаи рӯзномаю, маҷалла, китоб, радио, телевизион, таблоҳои рекламавӣ, бозиҳои видеоӣ, мусиқӣ, Интернет, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар намуди расонаҳоро фаҳманд ва инчунин паёмҳои расонаии худо эҷод кунанд.

Барои чӣ саводи расонаӣ он қадар муҳим аст? Дарки комили моҳияти расонаҳо, таъсири онҳо ба ҷомеа ва шахс як маҳоратҳоест, ки барои инсон заруранд. Саводи расонаӣ ба одамон барои баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо дар бораи фарҳанг, арзишҳо, иттилоот ва иртибот кӯмак мекунад.

Бо дарназардошти он, ки таъсири бисёҷанбаи расона, низоми мураккаби ВАО, ҷомеа ва шахсият вуҷуд доранд, бояд шахси аз лиҳози расонаӣ босавод аз андешаю пиндори содда ва зуд худдорӣ кунад.

Ҳадафи саводи расонаӣ инчунин ташаккули адолати расонаӣ мебошад, ки дастрасии васеъро ба расонаҳо фароҳам меорад ва эҷоди шаклҳои нави расонаро дар назар дорад.

Аз ин лиҳоз саводи расонаиро набояд бо журналистика омехта кард. Бори дигар зикр мекунем, ки саводи расонаӣ - маҷмӯи донишу маҳоратҳоест, ки ба ҳар кас имкон медиҳад, арзёбии дуруст, таҳлилу таҷзияи маводи расонаҳои мухталиф, фарқияти таблиғоту реклама ва ғайраро ёд гирад. Ҳамзамон одами расонашинос ё аз лиҳози расонаӣ босавод дар як вақт метавонад барои воситаҳои ахбори омма дар шаклҳои гуногун мавод эҷод ва таҳия кунад. Ин маҳоратҳо барои бисёриҳо муфид хоҳанд буд.

Дар баробари ин набояд фаромӯш кард, ки саводи расонаӣ як ҷанбаи муассири экосистема ё худ низоми муҳитии саводи расонаӣ – иттилоотӣ аст.

Вақтҳои охир истилоҳи "саводи расонаӣ-иттилоотӣ" зиёд истифода карда мешавад, ки зери ин мафҳум "маҷмӯи муносибатҳо, донишҳо, қобилияту тавоноиҳо ва малакаю маҳоратҳо дар назар дошта шудаанд ва ин ба одамон имкон медиҳад, то муайян созанд, ки кай ва чӣ гуна иттилоот лозим аст, аз куҷо ва чӣ гуна онро дастрас кардан мумкин аст, чӣ гуна арзиши онро бояд муайян кард, чӣ тавр метавон иттилоотро ташхис кард, ба низом даровард ва дар мутобиқат ба меъёрҳои ҳуқуқӣ ва ахлоқӣ истифода намуд.

Саводи расонаӣ-иттилоотӣ қобилият ва тавоноии кор бо ҳама гуна манбаъҳои иттилоотӣ (шифоҳӣ, хаттӣ) ва ҳамагуна захираҳои иттилоотиро дар бар мегирад.

Экосистемаи саводи расонаӣ - иттилоотӣ (СРИ), қобилият ва маҳоратҳои алоҳидаро дар самтҳои муайян дар назар дорад. Аз ҷумла, ин низоми муҳитӣ аз чунин самтҳо иборат аст:

• Расонаомӯзӣ ё саводи расонаӣ

• Иттилоотомӯзӣ ё саводи иттилоотӣ

• Озодии баён ва саводи иттилоотӣ

• Китобхонаомӯзӣ ё саводи китобхонаӣ

• Хабаромӯзӣ ё саводи хабарӣ

• Роёнаомӯзӣ (компютеромӯзӣ) ё саводи роёнаӣ (компютерӣ)

• Интернетомӯзӣ ё саводи интернетӣ

• Диҷитоломӯзӣ (рақамомӯзӣ) ё саводи диҷитолӣ (рақамӣ)

• Синамоомӯзӣ (киномӯзӣ) ё саводи синамоӣ (киноӣ)


Бо вуҷуди он, ки саводи расонаӣ ва саводи иттилотӣ ба ҳам наздиканд, аммо тафовутҳояшон низ зиёд аст.

Одами аз лиҳози расонаӣ босавод:
  • нақш ва вазифаҳои ВАО дар ҷомеаи демократиро дарк карда метавонад;
  • шартҳоеро, ки дар заминаи онҳо ВАО вазифаҳои худро иҷро мекунанд, дарк ва фаҳмида метавонад;
  • ба муҳтавои расонаҳо бо дарназардошти вазифаҳои зотии онҳо ба таври интиқодӣ баҳо дода метавонад;
  • бо воситаҳои ахбори омма барои ифода кардани фикри худ ва иштирок дар равандҳои демократӣ ҳамкорӣ карда метавонад;
  • малакаҳои лозимиро барои эҷоди муҳтаво истифода карда метавонад;

Одами аз лиҳози иттилоотӣ босавод:

· ниёзҳои иттилоотиро муайян ва ифода карда метавонад;
· иттилоотро пайдо ва дастрас карда метавонад;
· иттилоотро рутбандӣ карда метавонад;
· иттилоотро танзим карда метавонад;
· иттилоотро интиқол дода метавонад;
· бо риояти меъёрҳои ахлоқӣ иттилоотро истифода бурда метавонад;
· малакаю маҳоратҳои технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсиониро барои коркарди иттилоот истифода буда метавонад.

Хулоса:

Вазифаи асосии рӯзноманигор пешниҳоди иттилои дуруст тариқи ВАО аст.

Иттилоъ бояд воқеӣ, қобили эътимод, фаҳмо, ботавозун, аниқ, саривақтӣ ва муҳим бошад.

Ҳадаф ва вазифаҳои рӯзноманигорӣ аз ҷамъоварӣ, таҳрир, коркард, таҳия, пахши иттилоот ва ташаккули афкори ҷомеа иборат аст.

Саводи расонаӣ аз маҷмӯи малакаю маҳоратҳо иборат аст, ки ба шахс барои дастрасӣ ба расона, таҳлили мӯҳтавои расонаҳо, эҷоди матлаби нави расонаӣ, арзёбии муҳтавои мавҷудаи ВАО ва иштироки фаъолона дар расонаҳо имконият медиҳад.

Ҳадаф ва вазифаҳои саводи расонаӣ аз ташхису таҳлил, муқоиса, баҳогузорӣ ва ташаккули тафаккури интиқодӣ иборат аст.

Низоми муҳитии саводи расонаӣ-иттилоотӣ(СРИ) қобилият ва тавоноии кор бо ҳама гуна манбаъҳои иттилоотӣ (шифоҳӣ, хаттӣ) ва ҳамагуна захираҳои иттилоотиро дар бар мегирад.

Маводи мазкур дар доираи лоиҳаи "Таъсиси махзани интерактивии онлайнии Mediasabod.tj оид ба рушди саводи иттилоотию расонаӣ ва тафаккури интиқодӣ" бо дастгирии моддии Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода" - "Бунёди Мадад" дар Тоҷикистон интишор шудааст.

Ақидаи муаллифон ва муҳтавои маводҳо метавонанд бо ақида ва мулоҳизоти Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода" - "Бунёди Мадад" дар Тоҷикистон мувофиқат накунанд.