Дуруд. Инак, дарси 10–уми омӯзишии мо пешкаши шумо мешавад. Бовар дорем, ҳар як мавзӯи қаблии моро, ки дар формати матн, подкаст, видео ва инфографика таҳия ва пешниҳод шуданд, азхуд карда, санҷишҳои тестии моро гузаштед. Мабодо аз худ кардани ягон дарси моро фаромӯш карда бошед, пас лутфан барои бозбинии дарс ва такмили саводи расонаии худ баргардед ва он дарсро аз худ кунед. Зеро пай дар пай азхуд кардани ин силсиладарсҳо кафили такмили донишҳои расонаии Шумо аст.
Ёдатон бошад, мо дар дарси гузашта шуморо оид ба
мавзӯи "Интернет - ёвар ё душман? Чӣ гуна бояд муносибатҳои созандаро бо Интернет барқарор кард" ошно карда будем. Ин навбат фурсате фароҳам омад, ки ба шумо доир ба шабакаҳои иҷтимоӣ, хусусият, имконият, роҳҳои ҳифзи худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хатарҳои гуногун, яъне таъмини амният ва ҳифзи ҳуввияти рақамӣ маълумот пешниҳод кунем.
Нахуст биёед бо ҳам муайян мекунем, ки шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ аст? Бино ба иттилои захираи Википедия шабакаҳои иҷтимоӣ платформаи онлайнӣ аст, ки барои муошират, шиносоӣ, ташкили муносибатҳои иҷтимоӣ дар байни одамоне, ки манфиатҳои шабеҳ доранд ва ё дар ҳаёт робита доранд, инчунин барои вақтхушӣ (тамошои мусиқӣ, филмҳо) ва кору тиҷорат истифода мешаванд. Яъне шабакаҳои иҷтимои як майдоне аст, ки ба Шумо имкон медиҳад, иттилооту маълумотро паҳн ва робитаҳои иҷтимоию муносибатҳои дутарафа барқарор кунед. Ба шабакаҳои иҷтимоӣ
Facebook,
Instagram,
Twitter,
ВКонтакте,
Одноклассники,
Flickr,
LinkedIn ва ғайра дохил мешаванд.
Аксарияти мо дар ин ё он шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаҳои худро дорем ва қариб ҳамарӯза дар он фаъол ҳастем. Ҳамарӯза шояд дар саҳифаи худ дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ сурат, навор, матн, садо ва ё шояд дигар навъи матлаб (пост) мегузорем ва новобаста аз он ки дар кадом гӯшаи дунё қарор дорем бо дастрасӣ ба интернет ва дастгоҳ (смартфон, палншет, компютер) маҳз бо ин васила бо дӯстону наздикон ва ё шояд аудиторияи худ муошират мекунем.
Имрӯзҳо шабакаҳои иҷтимоӣ як қисми таркибии ҳаёти мо - бисёр корбарон шудаанд. Бино ба иттилои сомонаи
We Are Social дар оғози соли 2020 беш аз 4,5 миллиард нафар одамони сайёра дастрасӣ ба интернет доштанд ва аудиторияи шабакаҳои иҷтимоӣ аз марзи 3,8 миллиард гузаштааст. Қариб 60% аҳолии кураи замин аллакай онлайн ҳастанд ва бино ба таҳлилҳо то миёнаҳои соли ҷорӣ бо гумони ғолиб нисфи тамоми одамони сайёра ба фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ табдил хоҳпнд шуд.
Тавре ки гуфтем, теъдоди корбарони Интернет дар ҷаҳон ба 4,54 миллиард нафар расидааст, ки ин нисбат ба соли гузашта 7% зиёдтар аст (+ 298 миллион корбари нав нисбат ба маълумоти моҳи январи соли 2019). Дар моҳи январи соли 2020, дар ҷаҳон 3,80 миллиард корбари шабакаҳои иҷтимоӣ вуҷуд дошт ва аудиторияи шабакаҳои иҷтимоӣ дар муқоиса бо соли 2019 9% афзоиш ёфт (ин 321 миллион корбари нав дар як сол). Яъне ин маънии онро дорад, ки мо торафт ба шабакаҳои иҷтимоӣ бештар рӯ оварда истодаем ва аҳамияти он дар ҳаёти мо торафт афзун гашта истодааст. Дар соли 2020 танҳо шабакаи иҷтимоии Facebook беш аз 2,5 миллиард истифодабаранда дошт.
Бино ба таҳлилҳо имрӯз шабакаҳои иҷтимоӣ хеле имкониятҳои зиёд доранд. Дар баробари муоширату муносибат бо дӯстон онҳо ба фазои имкониятҳо барои кору тиҷорат, таҳсил, забономӯзӣ, пайдо ва татбиқи ғояҳои нав табдил ёфтаанд. Агар ба рафтори худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ назар афканем, ҳамарӯза, шояд, ҳафтае ва ё шояд ҳармоҳа дар шабакаҳои иҷтимоӣ даҳҳо амалҳоро иҷро мекунем. Масалан тибқи иттилои сомонаи таҳқиқотии "
Social Media Today" мувофиқи таҳлилҳо дар соли 2020 дар як дақиқа:
- истифодабарандагони Facebook 147,000 аксҳоро дар ин платформа бор мекунанд ва 150,000 постҳоро мубодила мекунанд,
- 319 корбари нав дар Twitter ва 2704 дар TikTok саҳифа боз мекунад,
- истифодабарандагони Instagram 347222 қисса (история) менависанд,
- эҷодкорон дар видеохостинги YouTube 500 соат видеоро бор мекунанд,
- 208,333 корбар дар ҷаласаҳои Zoom иштирок мекунанд... Ин омор танҳо қатрае аз баҳре аст, ки бозгӯи ҳолати то кадом андоза пайванду вобаста гаштани мо ба шабакаҳои иҷтимоӣ аст. Аммо инҷо суоле пеш меояд, ки оё ҳар коре ки мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ анҷом медиҳем, фақат имкониятҳои хуб ва таъсири мусбат доранду ягон хавфу хатар барои саломатӣ ва ҳаёти истифодабаранда надоранд? Албатта суолест қобили фикр ва мулоҳиза. Инҷо як гуфтори мардумӣ ба ёд мерасад: "Аз гул занбӯр асал ҳосил мекунад, мор заҳр".
Яъне шабакаҳои иҷтимоӣ ҳам ба масобеи гул ҳастанд. Онҳо майдони имкониятҳо ҳастанд. Бархе онро барои корҳои хубу манфиатовар истифода мекунад, бархеи дигар барои корҳои нодурусту зараровар. Ин аз худи истифодабаранда вобаста аст. Яъне истифодабаранда метавонад, шабакаҳои иҷтимоиро ба манфиат ва ба барои анҷоми кори судманде корбаст кунад ва ё баракс.
Шеваҳои худмуҳофизатӣ ва амнияти рақамӣ Дар мавриди фоидаву зарари интернет ба саломатии инсонро мо дар дасри гузашта маълумот дода будем. Ҳоло бошад, дар бораи роҳи истифодаи бехатари шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯем.
Ҳар яки мо шояд дар чанд шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи худро дорем ва ҳар саҳифа акаунти алоҳида аст, ки бо воситаи гузарвожа(парол) ҳифз мешавад. Гузарвожа ё худ парол ба монанди қулфе аст, ки мо дар дарҳои хонаҳои худ, ки шояд дохили он ягон чизи арзишманд мавҷуд аст, ҳифз мегузорем. Яъне соддатар карда гӯем, вақте ки мо дар хонаамон ягон ҷизи бароямон арзишманд дорем, барои эҳтиёт кардани он аз дуздону ғоратгарон ба дарҳои хонаамон қулф мезанем ва калиди онро ҷое пинҳон мекунем ва ё шояд бо худ гирифта мегардем. Ҳар қадар ки қулфи хонаи мо мустаҳкамтар бошад, чизи моро аз дохили хонаамон дуздидани ғоратгарон душвор мешавад. Аммо агар ҳар қадаре ки қулфи хонаамон ноустувор асту мо калиди онро беэҳтиётӣ карда, ҳар ҷое мепартоему ба дигарон дастрас мекунем, эҳтимолӣ хонаи моро тороҷ кардани дуздон бештар мешавад.
Бо аккаунти мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ҳамингуна аст. Чӣ қадаре ки гузарвожаҳои мо душвору мустаҳкам бошад, онро шикастан душвор мешавад ва маълумоти шахсии мо ки чизи аз ҳама арзишманд барои мо аст, ба дасти бадхоҳони мо намеафтад. Барои ҳамин гузарвожаи акаунти мо дар ҳар як шабакаи иҷтимоӣ набояд содда бошад. Инҷо мо барои ҳифз кардани маълумоти худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва таъмини амнияти рақамӣ чанд тавсияҳо роҷеъ ба гузарвожаҳо медиҳем:
- Бар ҳар як акаунти худ гузарвожаи қавӣ ҳадди аққал иборат аз 12 аломат гузоред. Аз ҷумла ҳарфҳои калон ва хурд, рақамҳо ва аломатҳои махсусро дар бар гирад.
- Ба ҳар як акаунте ки дар шабакаҳои иҷтимоии гуногун доред, дар алоҳидагӣ гузарвожа гузоред. Ҳеҷ гоҳ як гузарвожаро ба чанд шабакаи иҷтимоӣ истифода накунед. Зеро дар ҳолати аз ҷониби бадниятон гузарвожаи шуморо шикастан ҳамаи маълумоти шумо дар саҳифаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ барои онҳо дастрас мешавад ва ин барои шумо метавонад, паёмадҳои нохуш дошта бошад.
- Гузарвожаи худро дар ҷои танҳо барои худатон дастрас ҳифз кунед. Кӯшиш кунед, ки ба ягон нафар ҳатто ба дӯстон ва ё ҳамкорон ва ҳатто пайвандона надиҳед. Зеро ҳар қадаре ки дигарон гузарвожаи шуморо пайдо мекунад, ин барои шумо хатари бештар дорад.
- Агар пай бурдед, ки нафаре гузарвожаи шуморо пайдо кард, дарҳол гузарвожаи худро нав кунед.
- Кӯшиш кунед, ки сари ҳар 3 моҳ гузарвожаи худро иваз кунед.
- Ба акаунтҳои худ дар шабакаҳои иҷтимоӣ гузарвожаи дудараҷавӣ (двухфакторная аутентификация) гузоред. Ин тарзи гузарвожа гузорӣ аз ду калид ташкил ёфтааст. Калиди аввал чун анъана дар хотири шумо ҳифз мешавад ва калиди дуввум ба ягон дастгоҳи шумо хоса телефон ва ё почтаи электронӣ пайваст аст, ки ба тариқи SMS ё паёмак ба шумо рамз фиристода мешавад.
Таҳқиқгарон муайян кардаанд, ки ҳифзи гузарвожа бинобар афзоиши ҳамлаҳои хаккерӣ торафт душвор шуда истодааст. Бо назардошти ин дар соли 2020 рӯйхати 30 гузарвожаҳои аз ҳама серистифода вале хатарнок муайян карда шудааст, ки инҳоянд:
1. 123456
2. password
3. 123456789
4. 12345
5. 12345678
6. qwerty
7. 1234567
8. 111111
9. 1234567890
10. 123123
11. abc123
12. 1234
13. password1
14. iloveyou
15. 1q2w3e4r
16. 000000
17. qwerty123
18. zaq12wsx
19. dragon
20. sunshine
21. princess
22. letmein
23. 654321
24. monkey
25. 27653
26. 1qaz2wsx
27. 123321
28. qwertyuiop
29. superman
30. asdfghjkl
инҳо ҳама гузарвожаҳое ҳастанд, ки бинобар ноустувор будан, маълумоти соҳибони чунин аккаунтҳо ба дасти хакерон афтодааст. Шояд яке аз шумо ҳам чунин гузарвожа дошта бошед? Агар ҳа тавсия медиҳем, ки дарҳол онро иваз кунед.
Бисёр вақт одамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ номи ҳайвонот, насаби падарӣ ё хӯроки дӯстдоштаи худро хабар медиҳанд ва фаромӯш мекунанд, ки бо истифодаи ин маълумотҳо бадхоҳон метавонанд гузарвожаи аккаунти шуморо дарёфт кунанд. Агар имкон бошад, ин маълумотро ҳамчун ҷавоб ба саволи пинҳонии худ, ки барои барқарор кардани рамз лозим аст, умуман истифода набаред.
Дар баробари ҳифзи амнияти рақамӣ худ дар шабакаҳои иҷтимои эмин нигоҳ доштани худ аз ҳар гуна таҳдиду хатарҳо, сайберозорӣ, ҳуҷумҳои равонӣ ва бо ин роҳ ҳифзи ҳуввияти рақамӣ, бояд чанд қоидаҳои ҳатмиро риоя кард. Ҳеҷ аккаунт дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ҳамлаҳои хакерӣ эмин нест. Маълумотҳое ки шумо ноогоҳона дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷойгир мекунед, метавонанд ба дасти қаллобон афтанд ва барои мақсадҳои нопок истифода шаванд, ки ин чиз метавонад ҳаёти шахсӣ, моликият, дорои ва манфиати шуморо зери хатар қарор диҳад. Аз ҳамин сабаб коршиносон тавсия медиҳанд, ки дар бораи худ то ҳадди имкон ҷузъиёти камтарро ифшо кунед. Кадом маълумотҳоро набояд дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн кард ва чаро?
- Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуввият ва касбу кори шахс (шиноснома, шаҳодатнома, шаҳодатномаи ронандагӣ..) Дар ягон сурат нусхаи электронӣ ё худ акси ҳуҷҷатҳои болозикрро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба дигарон дастрас накунед. Зеро бо донистани рақами махсуси шиносномаи шумо, рӯз моҳ санаи таваллуд ва вазъи оилавии шумо, ё шояд ҷои кории шумо нафарони бадният метавонад, соҳиби маълумоти бештар дар бораи шумо гардад ва ин амнияти рақамии шуморо зери таҳдиди ҳуҷумҳо қарор медиҳад.
- рақами телефон; Дар мавридҳои зиёд мо рақамҳои телефони худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба ҳама дастрас мекунем. Ин бисёр хатарнок аст. Ки кафолат медиҳад, ки ҳар нафаре ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо шумо дӯстӣ дорад, нияти нек дорад. Набояд фаромӯш кард, ки рақами телефони шумо ба бисёре аз маълумоти дигари шумо аз ҷумла, корти бонкӣ ва ҳамёнҳои электронии шумо, посӯчтаи электронии шумо пайванд шудааст. Бо донистани рақами телефони шумо ки худи шумо дар шабакаҳои иҷтимои онро ба умум дастрас кардаед, қулфшиканҳо(хаккерҳо) метавонанд, дигар маълумотҳои шуморо пайдо ва онро истифода кунанд.
- суроғаи хона Суроғаи дақиқи шуморо донистани гуфтем шояд 4 900 дӯсти шумо дар шабакаи иҷтимоии Facebook на танҳо ҳеҷ зарурате надорад, балки ҳамчунин барои шумо хатарзо аст.
- таърихи таввалуд Аксарияти мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ санаи дақиқи таваллуди худро зикр кардаем ва ба назарамон ин як чизи муқаррарӣ ва бехавф аст. Аммо дар асл ин хатарҳо дорад. Масалан бисёре аз истифодабарандагон ба ҳангоми гузоштани гузарвожа рӯз, моҳ ва санаи таваллуди худро мегузоранд ва ин дар ҳолест, ки ҳамин рақамро дар шабакаҳои иҷтимоӣ боз дастраси умум гардонидаанд. Яъне шояд нафаре ки санаи дақиқи таваллуд ва рақами телефони шуморо медонад, эҳтимол аст ки онро барои шикастани гузарвожаи шумо истифода кунад.
- Ҳуҷҷатҳо ва мушаххасоти корти бонкӣ Вақтҳои ахир, аксияҳои қалбакӣ, бозиҳои фиребкорона зиёд шудааст ва аксаран дар ин бозиҳо аз шумо талаб мешавад, ки тамоми маълумотҳои корти бонкии худро ба ихтиёри онҳо супоред. Ҳаргиз ин корро накунед. Барои нафаре ки шумо хуб намешиносед, додани маълумоти корти бонкии шумо дороии шуморо ки дар корти бонкии шумо маҳфуз аст, зери хатар мегузорад. Қулфшиканҳо имрӯз қодир ҳастанд, ки бо донистани чанд маълумоти корти бонкии шумо ба суратҳисоби шумо дастрасӣ пайдо кунанд. Аз ин лиҳоз тавсия медиҳем, корти бонкии худро чун як маълумоти муҳим шмфз кунед.
- Маълумот дар бораи нақшаҳои худ Як қисми аъзами мо одат кардаем ки нақшаҳои худро ба баррасии ом кашем ва ба дигарон имкон диҳем ки дар бораи нақшаҳои мо маълумот дошта бошанд. Ин чиз барои амнияти рақамӣ ва ҳаёти шумо хатар дорад. Зеро шояд шумо бо ин кори худ ба онҳое ки ҳамеша фурсати зараррасонӣ ба шуморо меҷустанд, кӯмак мекунед. Барои мисол шояд ягон нафар нияти дар хилват ба шумо зарар расониданро дошт ва шумо якбора дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоӣ дар бораи кадом як сафари худ маълумот додед. Он нафар ки дар интизори ҳамин чиз буд ҳатман ба шумо зарар мерасонад.
- Аксҳо ва видеоҳо аз ҳаёти шахси Кӯшиш кунед, ки дар бораи ҷузъиёти ҳаёти оилавии шумо кам дигарон ҳар чӣ камтар донанд. Ҳаёти оилавии шумо ин сири шумо аст. Онро донистани дигарон метавонад, барои шумо паёмадҳои нохуш дошта бошад.
- ҷойи кор ё таҳсил; Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки дар бораи ҷои кор ва ҷои таҳсили худ низ дар фазои маҷозӣ хоса шабакаҳои иҷтимоӣ то қадри имкон маълумот надиҳед.
- Дар баробари риояи ин қоидаҳо ҳамчунин тавсия дода мешавад, ки барои дучор нашудан ба хатарҳо ва ҳуҷумҳои равонию озори сайберӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ онҳоеро ки дар ҳаёт шинос нестед ба дӯстӣ қабул накунед.
- Аз нашри ҳар гуна матолиби тезутунд, ки бадбинӣ ва хусумат бармеангезад худдорӣ кунед.
- Ҳамеша дар хотир доред! Дар бораи мақсади нафаре ки пушти он дастгоҳи мобилӣ нишастаасту бо шумо мукотиба дорад, шумо намедонед. Барои ҳамин дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба касе сахт эътимод накунед.
Хулоса Шабакаҳои иҷтимои як майдоне аст, ки ба Шумо имкон медиҳад, иттилооту маълумот паҳн кунед, робитаҳои иҷтимоӣ ва муносибатҳои дутарафа барқарор кунед
Шумораи корбарони Интернет дар ҷаҳон дар соли 2020 4,54 миллиард нафар ва шумораи корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ 3,80 миллиард нафар аст.
Дар соли 2020 танҳо шабакаи иҷтимоии Facebook беш аз 2,5 миллиард истифодабаранда дорад.
Гузарвожаҳои дорои аломатҳои зиёду мустаҳкам кафили ҳифзи амнияти рақамии мост.
Бар ҳар як акаунти худ гузарвожаи қавӣ ҳадди аққал иборат аз 12 аломат гузоред. Онҳро ҳифз карда, ба касе надиҳед ва сари ҳар се моҳ онро иваз кунед.
Ин маълумотҳоро ҳеҷ гоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн накунед:
- Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҳуввият ва касбу кори шахс (шиноснома, шаҳодатнома, шаҳодатномаи ронандагӣ..)
- рақами телефон;
- суроғаи хона
- таърихи таввалуд
- ҳуҷҷатҳо ва мушаххасоти корти бонкӣ
- маълумот дар бораи нақшаҳои худ
- аксҳо ва видеоҳо аз ҳаёти шахси
- ҷойи кор ё таҳсил; mediasavod.tj
медиамотность, медиаобразование, саводи расонаӣ,
расонаомӯзӣ, тафаккури
интиқодӣ, критическое мышлен