Дуруд. Дарсҳои омӯзишии мо давом доранд. Хотиратон бошад, дар дарси гузашта мо бароятон дар атрофи масоили марбут ба
бумиёни рақамӣ, хусусият ва характерҳои ин насл,
имконият ва бурдҳои насли рақамӣ, бастагии
бумиёнии рақамӣ ба олами маҷозӣ,
таҳдид ва хатарҳои олами маҷозӣ ҳарф зада будем. Инак фурсати он расид, ки ба Шумо доир ба мавзӯи "Интернет - ёвар ё душман? Чӣ гуна бояд муносибатҳои созандаро бо Интернет барқарор кард?" маълумот медиҳем. Ин мавзӯъ як қатор масъалаҳои умда, аз ҷумла вобаста ба афзалият ва имконияҳои интернет, хатарҳои он, тарзу роҳҳои бехатари истифодаи интернет ва тарзи худдориву худтанзимкунӣ дар интернетро фаро гирифтааст.
Дар оғоз аз шумо пурсиданием, оё вақте телефонатон фаъол нест, нигаронӣ ё ташвишеро дар худ эҳсос мекунед? Оё фаъолият ва рӯзгори худро бе компютер ва интернет тасаввур карда метавонед? Оё метавонед, селфӣ, ё навигариҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ накунед? Тасаввур намоед, як рӯз ё як ҳафта тамоман бе интернет мондед, чӣ кор мекунед?
Пас Интернет чист ва чаро имрӯз зиндагии худро аксарият бидуни он тасаввур карда наметавонанд? Интернет (арпанет, соли 1969, низомиёни ИМА) низоми умумиҷаҳонии шабакаҳои компютерии муттаҳида барои нигоҳдорӣ, коркард ва интиқол додани иттилоот аст.
Интернетро Шабакаи глобалӣ ё Анкабудхонаи умумиҷаҳонӣ (Тим Бернерс- Ли, Швейтсария, 1992) низ ном мебаранд. Интернет дар зарфи 60-70 соли охир тадриҷан ба қисми ҷудонашавандаи ҳаёти рӯзмарраи мо табдил ёфтааст.
Айни замон Интерент ба пуртаъсиртарин муҳити расонаии ҷаҳон табдил ёфтааст, ки бешак бузургтарин манбаи иттилоот аст. Дар муҳити Интернет миллионҳо сомонаҳо ва дигар навъи захираҳои электронии иттилоотӣ мавҷуданд, ки дастрасиро ба ҳамагуна маълумот таъмин менамоянд.
Интернет на танҳо манбаи иттилоот аст, балки рушди пайвастаи он ҳоло тамоми ҷабаҳаҳои ҳаёти мо, аз ҷумла омӯзиш, кор, фароғат, муошират, бизнес ва ғайраро фаро гирифтааст.
Мавқеи Интернет дар ташаккули афкори ҷомеа хеле муассир шуда, дар заминаи рушди он ҳамчунин шабакаҳои мухталифи иҷтимоӣ ба сифати як абзори муҳими иртибототӣ таъсис, инкишоф ва тавсеа меёбанд.
Интернет ин муваффақияти бузурги инсоният аст. Аммо дар баробари ин ҳама, баҳсҳо дар мавриди он, ки Интернет дӯст аст ё душман гарму доғ сурат мегиранд. Одамоне ҳастанд, ки Интернетро дӯст мешуморанд ва мегӯянд барои инсоният суди бисёр медиҳад. Дар баробари ин иддае ба ин ақидаанд, ки Интернет як абзори хеле хатарнок аст, ки паёмадҳои ногувору бад дорад. Волидайн низ аз он дар хавотир ҳастанд, ки истифодаи тӯлонии шабонарӯзии интернет аз ҷониби фарзандҳояшон чӣ оқибат хоҳад дошт. Пас биёед, ин масъаларо бидуни эҳсосот ва дар мизони ақлу хирад баррасӣ кунем.
Афзалиятҳои Интернет Олимону таҳлилгарон ба ин ақидаанд, ки Интерент ҳамчун дастоварди муҳими технологии замони мо афзалиятҳои зиёд дорад ва ба фоидаи кор аст, ба шарте, ки аз он дуруст истифода шавад. Ба андешаи пажӯҳишгарон Интерент пеш аз ҳама чунин бартарӣ ва афзалиятҳо дорад:
Манбаъ ва сарчашмаи муҳими маълумот, иттилоот ва дониш аст Тариқи имкониятҳои интернет дилхоҳ маълумот ва иттилоотро дар хона ва ё сари мизи корӣ нишаста, пайдо кардан мумкин аст. Хубии кор дар он аст, ки ин амр дар вақти хеле кӯтоҳ анҷом меёбад. Бешак, дар ин кор ба корбари Интернет мошинҳои ҷустории онлайни ба мисли Google, Yandex, Yahoo ва ғайра кӯмак мерасонанд. Танҳо кифоя аст, ки калидвожаҳои заруриро барои ҷустуҷӯ супориш диҳед. Бо вуҷуди ин набояд фаромӯш кард, ки дар миёни ҳазорҳо парвандаҳо, ки иттилоотро фаро гирифтаанд, на ҳамеша маълумоти сареҳ ва дақиқу боэътимод мавҷуд аст. Дар интихоби иттилоот корбар озод аст, аммо масъулияти интихоб низ ба зиммаи ӯст.
Минбари муошират бо одамони гуногун новобаста аз маҳалли иқомат ва ҷойгиршавӣ. Интернет инсонҳоро наздик мекунад, сарҳади байни давлатҳо ва ҳатто қитъаҳоро барҳам мезанад. Одамон метавонанд бидуни мушкилот муошират кунанд. Почтаи электронӣ, блогҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ чатҳо, робитаи видеоӣ ва ғайр ҳамагӣ дар хидмати муошират дар интернет қарор доранд. Яъне имрӯз як инсон метавонад, дар Тоҷикистон қарор дошта, бо дӯстон ва ё пайвандону наздиконаш дар Маскаву Вашингтон ва дилхоҳ нуқтаи ҷаҳон бр воситаи Интернет муошират кунад.
Имкони сайру саёҳат ё ҷаҳонгардӣ Интерент ба мо имкон медиҳад, ки бе ҳеҷ мушкилот ва бидуни раводид ҷаҳонгардӣ кунем ва ба дилхоҳ нуқтаи олам сайру саёҳат намоем. Қаблан барои ин кор вақт ва захираҳои зиёд сарф мешуд. Акнун бидуни мушкилот шумо метавонед ба Интернет пайваст шавед ва ба ҳар кишвар, ё шаҳри дилхоҳатон сафар кунед. Аммо ин кор ҳаргиз сайру саёҳати воқеиро иваз карда наметавонад, аммо ба ҳар сурат, ба шумо дар интихоби макони сайру саёҳат кӯмак намояд.
Хариди молҳо ва дастрасӣ ба хизматрасонӣ бидуни тарки хона ва сарфаи вақт. Инсони имрӯза метавонад, дар хона нишаста дилхоҳ молу маҳсулоти заруриро аз мағозаҳои интернетӣ фармоиш диҳад ва ё дилхоҳ хизматрасонии худро тариқи онлайн ба анҷом расонад. Ӯро зарур нест, ки дигар халта дар даст мағозаву бозор равад ва барои харидории китоб, либос, хӯрока, атриёт ва ғайра вақти худро сарф кунад. Ин корҳоро имрӯз ба осонӣ бо истифода аз Интерент анҷом дод.
Донишомӯзӣ ва имкони таҳсилот Мехоҳед дониши худро дар ин ё он самт тақвият бахшед? Дар ин кор ба шумо Интернет дастёри беминнат буда, зарур аст, китобҳои даркориро дар ин ҷо пайдо ва боргирӣ намоеду сипас ба мутолиаи онҳо шурӯъ кунед. Пандемияи короновирус ҳоло на танҳо кишварҳои рушдёфтаи олам, балки дигаронро низ водор намуд, ки таҳсилоти фосилавиро аз ӣариқи Интернет ба роҳ монанд. Супоридани имтиҳону тестҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олии кишварҳои мухталиф низ акнун бо истифода аз Интернет босамар амалӣ мешаванд. Гузашта аз ин аз захираҳои интернетӣ метавон дилхоҳ маводи омӯзишӣ ва таълимиро пайдо кард, метавонед таҳсил намоед ва ихтисоси иловагӣ касб кунед.
Ин ҳама имкониятҳои интернет, ки дар боло ёдовар шудем, маънии онро надорад, ки интернт воситаест, ки ба таври мутлақ ва ё комилан таъсири мусбат дораду истифодаи он танҳо ҷанбаҳои муфид дорад. Дар бораи таъсири манфии интернет низ бояд донист ва огоҳ буд.
Интернет дастгоҳи хатарнок Коршиносон мегӯянд, одамон ба компютер ва бештар аз он ба смартфонҳои худ хеле одат кардаанд ва ин кор аз чанд зовия ба саломатии инсон хатарзо маънидод мешавад.
Агар ба рафтори рӯзмарраи худ назар афканем, бисёр ҷузъиёти муҳим ва одатҳои нодаркори хешро мушоҳида мекунем. Вақте бедор мешавем, аввалин коре, ки мекунем, телефони худро ба даст мегирем; ба ҳангоми навбатпоӣ дар мағозаву ҷойҳои серодам, ё дар нақлиёти ҷамъиятӣ, вақти танаффус ва ҳатто дар соатҳои корӣ чунон ба компютеру смартфону интернет "ғӯтавар" мешавем ва эҳсос намекунем, ки ин одатҳо моро аз атрофиён, наздикону пайвандон ва ҳатто аз ҳаёти реалӣ хеле дур кардааст. Яъне , мо хеле ба "бемории вобастагӣ" гирифтор шудаем. Аз ин лиҳоз дар маърифати истифодаи интернет имрӯз вожаҳое чун "беҳдошти рақамӣ", "беҳдошти интернетӣ" "беҳдошти шабакавӣ" пайдо шудаанд, ки ҳамаи ин маънии худдорӣ аз истифодаи барзиёд ва зараровари интернет ва воситаҳои рақамиро дорад.
Инчунин на ҳар иттилою маълумоте ки мо аз интернет мегирем, арзишманд ва дуруст ҳастанд ва коршиносон камбудӣ ва ҷанбаҳои зараровари Интернетро ингуна тафсир мекунанд:
- Маълумоту иттилооти интернет метавонад дақиқ набошад. - Сарфи беҳудаи миқдори зиёди вақт - Дурӣ аз ҷаҳони воқеӣ ва мубтало шудан ба бемории "вобастагии сахт" - Аз даст додани малакаи муоширати воқеӣ - Зарар ба саломатӣ: чашм, сутунмӯҳра, ҳолати равонӣ... - Дастрасӣ ба муҳтаво ва маълумоти номуносиб ва зараровар - Дар интернет вирусҳои зиёде мавҷуданд, ки компютери моро сироят мекунанд - Фиреб додан дар интернет бештару осонтар аст - Авбошии интернетӣ Сайберозорӣ, ки бештар наврасону ҷавонон қурбонии он мегарданд, низ паёмади манфии интернет аст, ки бояд донист ва аз он худро эмин нигаҳ дошт. Вобастагии интернетӣ (сетеголизм), ё вобастагӣ аз бозиҳои компютерӣ (киберрадиксия) ба инсон манфӣ асар мекунад. Вақте, ки корбар аз интернет ҳамарӯза ба муддати тӯлонӣ истифода мекунад ва барои худ маҳдудиятро раво намебинад, ӯ ба вобастагӣ аз Интернет дучор мешавад.
Одатан ингуна корбарҳо рӯзе 12-14 соат дар ҷаҳони маҷозӣ қарор гирифта, бо шиносоии виртуалӣ, боргирии мусиқӣ ё сӯҳбат дар чатхонаҳо машғул мешаванд. Ин тоифа гирифтори "маризӣ"-е ҳастанд, ки онҳоро аз ҷомеаи воқеӣ ва атрофиён дур кардааст. Онҳо нисбат ба наздикони худ дурушт муомила мекунанд ва дар ҷомеа низ муносибаташон чандон солим нест.
Чӣ бояд кард? Истифода аз интернет маҳорат ва шоистагии муайянро тақозо мекунад. Чанд қоидаҳои муҳими истифодаи интернетро ёддошт мекунем, то ки бо риоят аз онҳо амнияти маҷозии худро таъмин намоед.
Дар хотир доред!
- Барои касе иҷозаи дастрасӣ ба рамзу калидвожаи (пароли) худ дар саҳифаҳои интернетӣ надиҳед. Дар ҳама сомонаҳо ноогоҳона ва беҳуда сабти ном накунед! - Навсозии барномаи антивируси худро фаромӯш накунед - дар акси ҳол вирусҳо ба мисоли "гурги ба гала шабохунзада" тамоми маълумоти компютери шуморо мехӯранд! - Ба таблиғоти ҳангомавӣ дода нашавед ва аз узвият ба сайтҳои шубҳанок худдорӣ кунед. Чунин сайтҳо метавонанд шуморо дар ботлоқе ғӯтавар кунанд, ки аз он раҳоӣ ёфтан душвор аст! - Агар ба шумо мактубе дар бораи бурди калоне расад, ёдатон бошад ин "номаи фиреб" аст: бо чунин осонӣ имкони ғолибият вуҷуд надорад. Аммо агар шумо хоҳед, ки имтиёзҳои муфид ба даст оред, бояд дар лоиҳаҳои судманди таълимӣ ва омӯзишӣ ширкат варзед! - Дар Интернет кор карданро омӯзед, чизҳои ҷолиб ва навро пайдо кунед. Интернет ба эҷодкорӣ, худсозӣ ва рушди шахсӣ илҳом мебахшад. Дар хотир доред! Интернет метавонад, воситаи бисёр қулай ва муфиду дастрас барои омӯзиш, фароғат ё сӯҳбат бо дӯстон бошад. Аммо ба монанди ҷаҳони воқеӣ Интернет низ метавонад хатарнок бошад ва ҳатто хатари олами маҷозӣ шояд боз ҳам бештар аст.
Одат кунед, ки аз имкониятҳои Интернет на барои "вақтгузаронӣ", балки барои истифодаи самараноку муфид корбаст кунед.
Хулоса Интернет ҳамчун воситаи дастрас ба "дастёр"-и беминнатӣ мо маҳсуб мешавад. Интернет ҷанбаи муҳими дарёфт ва паҳни иттилоот, мукотиба бо одамон, хариди молу маҳсулот ва воситаи гирифтану додани дониш аст. Интернет дар баробари афзалиятҳо хатари равонӣ ва ҷисмонӣ ба организми одам дорад. Рамзу пароли худ дар саҳифаҳои интернетиро ба касе набояд дод, бояд барномаи зиддивирусии худро доим фаъол нигоҳ дошт, маълумоти шахсии худро набояд ба бегонагон дастрас кард, аз шиносоӣ бо нафарони бегона ва шубҳанок худдорӣ варзид. Дар интернет набояд зудбовар буд. mediasavod.tj
медиамотность, медиаобразование, саводи расонаӣ,
расонаомӯзӣ, тафаккури
интиқодӣ, критическое мышлен