ИТТИЛООТ (калимаи лотинии information – навгонӣ, хабардорсозӣ, огоҳкунӣ, баён, шарҳ) – маълумоти мушаххас дар бораи воқеаву ҳаводис: шахс, ашё, рӯйдод, ҳодиса, падида, ки новобаста аз шакли пешниҳод сарчашмаи муайян дорад.
Иттилоот, ки ба ибораи дигар онро хабар низ ном мебаранд, ин ҳама гуна навгониест, ки аз ҷониби манбаъҳои мухталиф қабул ва интиқол дода мешавад.
Ниёз ба иттилоот аз давраи пайдоиши инсоният мавҷуд буд ва бо баробари ташаккули тафаккури инсонӣ ва беҳтаргардии сатҳи зиндагии одамон талабот ба иттилоот дар радифи ғизо ва дигар ниёзҳо афзоиш ёфт ва имрӯз иттилоот ҷузъи таркибӣ ва басо муҳими ҳаёти ҳамарӯзаи мардум аст.
Иттилоот – матлаби арзиши иҷтимоидошта, доир ба ҷараён ва ё оқибати тағйироту дигаргуниҳое ҳаст, ки дар атрофи мо ба вуқӯъ мепайванданд. Ҳадафи аслии иттилоърасон хабардоркунии дигарон доир ба ҳодисаи аниқ мебошад, ки дар вақт ва маҳалли муайян ба вуқӯъ пайвастааст. Ҳадафи дигар бо расонидани иттилоот ба вуҷуд овардани афкори иҷтимоӣ аст. Факт ва далелу рақам асоси иттилоотро ташкил медиҳанд ва иттилооте, ки факту рақами аниқ надорад, қобили эътимод нест.
Дар Моддаи 1 – и Қонуни ҶТ "Дар бораи иттилоот" вожаи иттилоот ва дигар мафҳумҳои вобаста ба он чунин шарҳ ёфтааст:
· иттилоот - маълумот дар бораи шахc, ашё, воқеаҳо, падидаҳо ва ҷараёнҳо сарфи назар аз шакли пешниҳоди онҳо;
· фаъолияти иттилоотӣ - маҷмӯи амалиётест, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти иттилоотии инсонҳо равона гардидааст;
· иттилооти оммавӣ - иттилоотест, ки ба таври оммавӣ тавассути нашрияҳо, воситаҳои сабти овоз ва видео паҳн карда мешавад;
· истифодабарандаи иттилоот – субъекте (инсон), ки ба системаи иттилоот ё ба миёнарав барои гирифтани маълумоти зарурӣ муроҷиат мекунад.
Дар замони муосир иттилоотро бо дарназардошти мӯҳтаво ва тарзи пешниҳод ба ду навъ ҷудо кардаанд:
· иттилооти объективӣ - иттилооте, ки бо фарогирии паҳлӯҳои гуногуни масъала ва бо риояи тавозун (баланс) дар матлаб, омода ва пешниҳод мешавад.
· иттилооти субъективӣ – иттилооте, ки бештар ба андешаҳои инсон такя мекунад ва начандон пурра аст. Дар ин навъи иттилоот танҳо як тарафи масъала инъикос меёбад ва тавозун сарфи назар мешавад.
Новобаста аз шаклу тарзи пешниҳод ҳарду навъи иттилоот ба таври васеъ паҳн карда мешавад.
Иттилоот то замоне, ки дастраси истеъмолкунандаи иттилоот мешавад, чанд марҳиларо мегузарад ва эҳтимол аст, ки он тағйир ёбад ва ё бо сабабу мақсадҳои гуногун дигаргун карда шавад. Аз ин хотир бо дараназардошти ин омилҳо иттилоотро ба 2 намуд ҷудо кардаанд, ки арзиши иттилоотро муайян мекунанд:
· иттилооти дуруст
· иттилооти дурӯғ (ҷаълӣ)
Хусусиятҳое, ки ба арзиши иттилоот бевосита асар мекунанд:
· объективӣ - субъективӣ;
· эътимодбахш – дурӯғ;
· мукаммал – номукаммал;
· аҳамиятнок – беаҳамият;
· арзишманд – беарзиш;
· фаҳмо – нофаҳмо;
Табодули иттилоотро дар байни субъектҳои иттилоотӣ мукотиба ё иртибот мегӯянд (аз калимаи лот. communicatio – хабар, интиқолдиҳӣ ва мафҳуми communico ба умум расонидан, огоҳ кардан, сӯҳбат намудан, пайваст кардан).
Дар замони муосир иттилоот бо истифода аз воситаву василаҳо ва форматҳои гуногун пешниҳод мешавад. Иттилоотро аз нигоҳи шакли пешниҳод, равишҳои рамзгузорӣ ва захирасозӣ ингуна табақабандӣ кардаанд:
· матнӣ
· рақамӣ
· графикӣ
· савтӣ (аудиоӣ)
· видеоӣ
Иттилоот аз куҷо гирифта мешавад?
Ҳар як хабар бо такя ба манбае навишта мешавад, ва сарчашмаи иттилоот хеле муҳим аст. Дар Фарҳанги забони тоҷикӣ "манбаъ" ба се маънӣ омадааст:
· сарчашма, саргаҳи об: манбаи об ҷои баромади чизе, сарчашма,
· маншаъ: манбаи даромад, манбаи дониш, манбаи илҳом, манбаи нур, манбаи асосии беморӣ
· маъхаз; сарчашмаи ахбор ва маълумот (барои таҳқиқот)
Дар Қонуни ҶТ "Дар бораи иттилоот" мафҳуми манбаи иттилоот ҳамчун сарчашмаи хабар омадааст. Иттилоот ҳамеша сарчашма дорад ва арзишу эътимоднокии маводи иттилоотиро то кадом андоза хуб ва дуруст истифода шудани сарчашмаҳо муайян мекунад.
Сарчашмаи иттилоот ва ё иттилоотдиҳанда нафарест, ки манбаи пешниҳодкунандаи иттилооту маълумоти тахассусиву хабарӣ доир ба рӯйдодҳои хос аст. Масалан: Сардори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, бемористони вилоятӣ ва ғайра. Сарчашмаҳои иттилоърасон тавассути кормандони васоити ахбори омма (ВАО) ва ё минбаре ки ВАО медиҳад, доир ба ҳодиса, воқеа ва ё рӯйдоде дар формати матни, аудиоӣ ва ё видеоӣ иттилоот пахш мекунанд.
Феълан воситаҳо, платформаҳо, технологияҳои зиёде пайдо шудаанд, ки бо истифода аз онҳо ҳар як нафар метавонад чун манбаъи хабар новобаста аз он ки дурӯғ аст ва ё ҳақиқат баромад кунад.
Иттилоот бояд чӣ гуна бошад? Ба андешаи мутахассисон ҳар як матлаби иттилоотӣ новобаста аз он, ки бо кадом восита, қолаб ва тарз пешниҳод мешавад, бояд дорои чунин хусусиятҳо бошад:
· наву тоза
· далелнок
· бо факту рақам
· саҳеҳ
· воқеъбинона
· муҳим
· рӯзмарра
· дастрас
РАСОНА ВА ИТТИЛООТ
РАСОНА (аз калимаи лотинӣ medium – миёнрав, мутавассит) воситаи бавуҷудоварандаи робита байни гурӯҳҳои мухталиф, афроди алоҳида ва ё расонандаи ҳар гуна маводи иттилоотиву маънавӣ ба аудитория. Расона дар фарҳангҳо ба маънии восита, васила омадааст. Расона фаҳмиши васеъ дорад ва ба як маъни онро воситаҳои иртибот, гӯянд, ки ба интиқоли иттилоот сару кор дорад.
Дар умум расона гуфта, шакли ҷамъи ВАО (нашрия, маҷалла, радио, телевизион, интернет) ва дигар воситаҳои паҳнкунандаи иттилооту маълумотро мегӯянд, ки ҳамчун василаҳои иттилоотонии ҷомеа баромад мекунад.
Иттилооти расонаҳо ба масобеи маҳсулотест, ки ном, имидж ва мавқеи расонаҳоро дар бозори рақобат муайян мекунад. Яъне расона ба монанди корхонаи истеҳсолӣ аст, ки маҳсулоташ иттилоот аст. Маҳз харидори иттилоот манбаи даромади расона аст ва тақдири расона то ҷое аз ҳамин харидорон вобастагӣ дорад.
Таҳқиқоту пажӯҳишҳо нишон медиҳад, ки феълан иттилоот бо чунин роҳу василаҳо дастрас карда мешавад:
· рӯзнома
· радио
· телевизион
· интернет
· оҷонсиҳои иттилоотӣ
· кино
· китобхона
· паём, баромад, изҳорот ва суханрониҳо
Ҳар яке аз воситаҳои иттиллоърасон расона ҳастанд. Яъне онҳо ба ҷамъоварӣ, таҳия, таҳрир ва паҳн намудани иттиллоот сарукор мегиранд.
Ҳар яке аз ин василаҳо ҷиҳати расонидани ахбор махсусиятҳои худро доранд. Масалан, дар нашрия хабарро қабл аз интишор чандин нафар мутолиа ва таҳрир мекунанд ва ҳамчунин саҳеҳияти он санҷида шудааст. Аммо таъмини фаврият дар хабари нашрияҳо то ҷое ғайриимкон аст. Зеро то нашри он як муддати муайян мегузарад. Алорағми нашрияҳо оҷонсиҳои иттилоотӣ ба таъмини фаврият дар расонидани иттиллоот авлавият медиҳанд, вале баъзан дар кори дар самти саҳеҳияти хабар камбудиҳо ба чашм мехӯранд.
Бо дарназардошти ин ҷанбаҳо ҳар як расона дар расонидани хабар вобаста ба имкониятҳои худ аз шеваҳои гуногун кор мегирад. Иттилоот сарчашма ё худ манбаи конкретӣ дорад, ки дилхоҳ вақт имкони муайян намудани далелҳои дар он пешниҳодшуда аз манбаи ишорашуда имконпазир хоҳад буд. Иттилоот аз ҷониби нафар ё расонаи муайян паҳн карда мешавад.
Расонаҳои анъанавӣ ва расонаҳои нав
Ба сурати умум расона ин чизест, ки ба воситаи он як нафар инсон метавонад бо одамони зиёд дар иртибот бошад. Одатан вақте, ки сухан аз расонаҳои анъанавӣ меравад, бисёриҳо воситаҳои ахбори оммаро дар назар доранд. Дар ин замина, гоҳо таъкид мешавад, ки гӯё навъҳои воситаҳои ахбори омма, ки ба тозагӣ зуҳур кардаанд, расонаҳои нав эътироф шудаанд.
Ҳамзамон на бояд фаромӯш кард, ки расонаҳои нав вежагиҳои зеринро доранд:
1. Дар он дилхоҳ нафар метавонад иттилоъ эҷод кунад.
2. Дилхоҳ қисса нақл гардида, метавонад гӯш карда шавад.
3. Дилхоҳ иттилоъ арзиши воқеиро метавонад пайдо кунад.
4. Дилхоҳ иттилоъ ба иртибот мубаддал мешавад.
5. Муҳити иттилоотӣ таҳти назорати корбар қарор мегирад.
Аз ҷумла, шабакаҳои иҷтимоӣ ба мисли Фейсбук, Твиттер, Инстаграм, ВКонтакте, Одноклассники ва ғайра намунае аз расонаҳои нав ба ҳисоб мераванд.
ВАО аз дигар расонаҳо бо чӣ хусусият фарқ мекунад?
Воситаҳои ахбори омма аз дигар расонаҳо, бахусус шабакаҳои иҷтимоӣ бо як қатор хусусиятҳои хоса фарқ мекунанд ва ин вежагиҳо чунинанд:
· масъулият дар назди қонун ва муштариён
· далелсанҷӣ, яъне ташхис ва тафтиши ҳатмии дурустии ахбор ва маводҳои калонҳаҷми интишоршуда
· мавҷудияти сиёсати таҳририя, ки ба интихоби мавзӯъ ва матлабҳо таъсиргузор аст
· кор бо доираи васеи муштариён
Оё мешавад, ки ба ҳар расона ва иттилооти он эътимод кард?
Албатта не! На ҳар як расонаи хабарӣ қобили эътимод аст. Ҷомеашиносон иддао доранд, ки яке сабабҳои пайдоиши фаҳмишҳои нодуруст дар ҷомеа доир ба ин ё он ҳолат, ҳодиса, объект ва ё шахс иттилооти дурӯғ ва дасткоронаи баъзе аз расонаҳои хабарӣ аст. Мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки новобаста аз сарчашмаи хабар ва расонаи онро паҳнкунанда бояд ба ҳар як иттилоъ бо шубҳа ва гумон назар кард ва то замоне ки ҳақиқати он санҷида ва муайян карда нашавад, набояд ба он эътимод кард.
ХУЛОСА
• Иттилоот – нақл ва ё хабаре доир ба ҳодисаю, воқеа ва рӯйдодҳои муҳити атроф, ки бо воистаҳои гуногун таҳия, таҳрир ва паҳн карда мешавад.
• Навъҳои иттилоот – иттилооти воқеӣ (дуруст) ва иттилоотӣ бофта(дурӯғ).
• Воситаҳои паҳни иттилоот – рӯзнома, радио, телевизион, оҷонсиҳои иттилоотӣ ва интернет.
• Истифодабарандаи иттилоот - ҳар нафаре, ки бавосита ва ё бевосита аз тариқи воситаҳои паҳни иттилоот дар бораи ин ё он ҳодиса мехонад, мебинанд ва ё гӯш мекунад.
• Иттилоот бояд:
· наву тоза
· далелнок
· бо факту рақам
· саҳеҳ
· воқеъбинона
· муҳим
· рӯзмарра
· дастрас бошад.
· Расона – дар фаҳмиши умум одатан муродифи воистаҳои ахбори омма (рӯзнома телевизион, радио, оҷонсиҳои иттилоотӣ, интернет ва ғ.) аст. Яъне ҳар василаеро, ки тавассути он иттилоот аз сарчашмае ба истифодабаранда расонида мешавад, расона мегӯянд.
· Вазифаи расона – интиқоли иттилоот ва маълумот аст.
Тавсияҳои мо барои эмин будан аз иттилоотӣ дурӯғ:
1. ба ҳар иттилооте, ки дучор мешавед ва мехоҳед аз он истифода бубаред, бо шубҳа назар кунед;
2. ҳамеша сарчашмаи хабарро пайдо кунед;
3. ҳар чизеро, ки ба он ҳаддиақал шубҳа доред, бо истифода аз чанд манбаъ тафтиш кунед;
4. иттилоотро пурра хонед ва ба факт, рақам, ному насаби қаҳрамонҳо диққат диҳед;
5. ба расона ва муаллифи мавод ва сарлавҳаи матлаб эътибор диҳед;
6. нақли қавл гоҳо таҳриф мешавад – онро бисанҷед;
7. бояд дар назар дошт, ки хабарро кадом манбаъ интишор кардааст;
8. пеш аз қазоват бори дигар иттилоотро аз чанд сарчашма санҷед;
9. ҳамеша журналистика, инчунин хабарро аз назар бояд фарқ кард.