Пайғом

Сомонаҳои расмӣ ё хабарӣ? Хонандагони тоҷик ба кадом сарчашма боварии бештар доранд?

Гирифтани маълумот аз сарчашмаи боэътимод яке аз роҳҳои наафтодан ба доми қаллобон ва гурез аз хабарҳои “фейкӣ” аст.
Бояд ҳар шахс барои худ сарчашмаи боэътимоди хабару маълумот дошта бошад. Зеро бо гирифтани маълумот аз сарчашмаҳои беэътимод ва қалбақӣ шумо метавонед ба хабарҳои фейкӣ бовар кардаву ба доми қаллобон афтед.
Аз ин рӯ, мо барои донистани назари корбарони бахши тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ дар мавриди сарчашмаҳои боварибахши иттилоот, мо дар Facebook ва Одноклассники назарпурсӣ (опрос) гузаронидем. Дар умум дар назарпурсии мо 1170 нафар корбарони ин ду шабакаи иҷтимоӣ иштирок карданд, аммо натиҷаи он ба куллӣ аз ҳамдигар фарқ мекунанд, чун корбарони ин шабакаҳо аз ҳам фарқ мекунанд.


Дар назарпурсии Facebook 558 корбар иштирок намуданд ва бештари онҳо (313 кас) ба тарафдории Оҷонсии иттилоотии “Asia-Plus” овоз доданд. Ҳамин тавр ба тарафдории
Радио “Озодӣ” 180 кас
"Спутник" 42 кас
АМИТ "Ховар" 17 кас
"Авеста" 5 кас
Сомонаҳои расмии вазорату корхонаҳо 8 кас
овоз доданд. Аз ин бар меояд, ки корбарони Facebook “Asia-Plus”-ро ҳамчун сарчашмаи боэътимодтарин интихоб намудаанд. 


Дар назарпурсии Одноклассники 612 корбар иштирок намуданд ва бештари онҳо (475 кас ё 67,5%) ба тарафдории Радио “Озодӣ” овоз доданд. Ҳамин тавр ба тарафдории
Оҷонсии иттилоотии “Asia-Plus” 109 кас ё 15,5%
"Спутник" 43 кас ё 6,1%
АМИТ "Ховар" 30 кас ё 4,3%
Сомонаҳои расмии вазорату корхонаҳо 30 кас ё 4,2%
"Авеста" 17 кас ё 2,4%
овоз доданд. Аз ин бар меояд, ки корбарони Одноклассники Радио “Озодӣ”-ро ҳамчун сарчашмаи боэътимодтарин интихоб намудаанд. 
Хулоса. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз сомонаҳои расмӣ ва агентии милли “Ховар” дида, ба хабаргузориҳои мустақил эътимоди бештар доранд. Шояд сабаб дар он бошад, ки хабаргузориҳои мустақил маводи худро дар шабакаҳои иҷтимоӣ бештар паҳн мекунанд.
PS: Албатта хуб аст, агар шумо маълумотро аз чанд сарчашмаи дигар хонед ва дар муқоиса хулоса бароред, ки кадоме аз онҳо ба ҳақиқат наздик аст. Барои ин кофӣ аст, ки сарлавҳаи хабари мавриди назарро дар сомони ҷустории Google кобед.

манбаъ: asiaplustj.info

P.S.  Барои донистани нишонаҳои хабарҳои “фейкӣ” ва қоидаҳои мутолиаи хабарҳо ин матолибро низ хонед: "Панҷ нишонаи хабарҳои “фейкӣ” ё ҷаълӣ. Чӣ бояд кард?" ва "Хабарро чӣ гуна бояд мутоглиа кард, то фирефта нашавӣ".

Навид