Лозим аст, ки чандин тафовути муҳим дар қолабҳои ахборро дарк кунед. Дар Интернет муҳтавои аслӣ (контенти аслӣ) ҳамеша камтар аз муҳтавои таснифшуда (контенти таснифшуда) аст. Бинобар ин, агар шумо дар ҳоли хондани бознависи бознависи ёддошти хабарии гӯем, хабаргузории Bloomberg ҳастед, ки он ҳам тарҷума шудааст, эҳтимолан як қисми маънӣ гум мешавад.Ҳамеша бикӯшед, то маводи аслиро мутолиа кунед, ё ҳаддиақал аз назар гузаронед.
"Сутунҳо"-ро аз гузоришҳо бар асоси далел фарқ кунед.Дар расонаҳои Ғарб амали интишори назарҳо ("сутунҳо" -"columns") дар мавзуъҳои мухталиф маъмул аст. Ҳар кас метавонад назари худро ба иштирок гузорад ва маъмулан дар мавриди ҳақиқати ҳамаи далелҳо дар баёни назар сахтгирӣ намекунанд.
Дар нашрияҳои бузург "бахши хабар" ва "бахши назар" (ба истилоҳ - Op-Ed ва Opinion) мустақил ҳастанд ва ба кори ҳамдигар таъсир намерасонанд. Барои мисол, дар як бахши нашрия таҳқиқоти ошкоро дар бораи номзад ба президентӣ ба табъ мерасад ва дар бахши дигар "сутун" ё худ назари худи ҳамин номзад ба президентӣ пахш мешавад.
Гоҳо дар нашрияҳои русзабон чунин сарлавҳаҳои аҷибу ғариб хонандагонро ба таҳрик мендозанд: "New York Times: ИМА ногузир Русияро ба унвони ҳампаймони худ мехонад - якҷоя бо Қрим"
Ҳатто бо нигоҳи таҳқиқ ба асли матлаб маълум мешавад, ки инмавқеи нашрия ба таври комил набудааст, балки ҳамагӣ назари профессори қатарӣ аст, ки ба идораи нашрия ирсол шудааст.
Бинобар ин, агар дар матлаби аслӣ калимаҳои "сутун"-"column" ё "назар"-"opinion"-ро дучор омадед,дониста бошед, ки ин журналистикаи воқеӣ нест.
тарҷума аз русӣ