Пайғом

Панҷ нишонаи хабарҳои “фейкӣ” ё ҷаълӣ. Чӣ бояд кард?

Қаблан мо доир ба ин мавзӯъ матлаберо дар мавриди ташхиши хабари бардурӯғ давоми 1 дақиқа ташхиши маълумот дода будем. Имрӯз дар бораи панҷ нишонаи хабарҳои “фейкӣ” маълумот медиҳем то дониши худро қавитар гардонед:

Сарлавҳаи диққатҷалбкунанда

Қисми зиёди хабарҳои “фейкӣ” бо сарлавҳаҳои диққатҷалбкунанда, мутантан ва ваҳмангез паҳн карда мешаванд. Мисол: “Президенти кишвар бемор аст”, “Шабнами Сурайё ба садама дучор шуд” ва монанди инҳо. Боз як намуди паҳн кардани хабарҳо ин дар сарлавҳа гузоштани аломати хитоб “!” мебошад. Паҳнкунандагони “фейк” бо ин роҳ хонандаро фиреб медиҳанд, ки ин хабари таъҷилӣ ё барои омма зарурӣ аст.

Лид ё зерсарлавҳаи хабару паёмҳои “фейкӣ” низ бисёр диққатчалбкунанда ҳастанд. Масалан дар лид ба хонанда ваъда дода мешавад, ки сирри миллионер шудан ё роҳҳои маъруф шуданро дар матн ё сомона мефаҳмонанд, аммо мазмуни матн дигар аст. Ё шуморо ба сомонаҳои “фейкӣ”- и ба бадхоҳон манфиатовар равон мекунанд.

Аксар вақт пас аз хондани сарлавҳа ё лиди чунин хабарҳо хонанда хабарро дар саҳифаи худ ва гурӯҳҳо бознашр мекунад, ки сабаби паҳн шудани хабарҳои “фейкӣ” мегардад. То вақте бовар ҳосил накунед, ки хабар ҳақиқат дорад, аз бознашраш худдорӣ кунед.

Манбаи беэътимод

Хабарҳои “фейкӣ” аксар вақт тариқи сомонаҳои шубҳанок паҳн карда мешаванд. Дар ин гуна сомонаҳо таблиғот зиёд буда, тарроҳӣ (дизайн)-и он хеле диққатҷалбкунанда ё ғайриоддӣ ва ҳатто домен ва URL-и шубҳанок дида мешаванд.

Баъзан сомонаҳои қалбакӣ тарроҳии сомонаи худро ба ВАО-и муваффақ монанд ё пурра якхела мекунанд, то дар “ниқоб”-и онҳо ҳамчун сарчашмаи боваринок хабарҳои бардурӯғи худро паҳн намоянд. Дар ин ҳол низ онҳоро метавон ба осонӣ аз рӯйи пайванд (ссылка, URL) - и нодуруст ва намуди ғайриоддии саҳифа шинохт.

Роҳи дигари паҳн кардани “фейкҳо” истифода аз номи шахсони машҳур дар сомонаҳои иҷтимоӣ аст. Яъне бадхоҳон ба номи одамони машҳур дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифа кушода, аз маълумоти “фейкӣ” паҳн мекунанд. Фаромӯш насозед, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ саҳифаи шахсони маъруф бо аломати “кабуд” ишора карда шудааст.

Аксҳои қалбакӣ

Аксар вақт барои хабарҳои “фейкӣ” (бардурӯғ) аксҳоро аз чорабиниҳои дигар ё мавзеъҳои дигару замонҳои дигар истифода мебаранд. Ҳатто баъзан вақт дар барномаҳои махсус суратҳоро тағйир дода ё сохта ба мавзӯи бофтаю бардурӯғ “мувофиқ” мегардонанд. Инчунин дар ин гуна хабарҳо аз суратҳои одамони машҳур истифода мешавад.

Суратҳои сохтаро, агар бодиққат нигоҳ кунед, зуд фарқ кардан мумкин аст. Ҳамчунин то куҷо ҳақиқат доштани аксҳоро тавассути сомонаи ҷустуҷӯйии Google ё барномаи онлайнии TinEye тафтиш кардан мумкин аст, ки мо дар оянда маълумоти муфассалтар пешниҳод мекунем.

Матни пурхато

Бисёр вақт хабарҳои “фейкӣ”-ро аз пурхатоӣ ва бетартибии матни он фарқ кардан мумкин аст. Ин гуна матнҳо ба ҳошия (абзац) нодуруст тақсим карда шуда, ҷумлаҳо аз сатр ба сатр нодуруст гузаронида мешаванд. Дар матни хабарҳои фейкӣ афтидани ҳарфҳою аломатҳои китобатӣ, истифодаи шрифтҳои гуногун низ ба назар мерасанд.

Матни бесифату пурхато нишонаи ғайрикасбият аст. Матбуот ва хабаргузориҳои бонуфӯз, эҳтиромкунандаи худ ва хонандагони худ ҳеҷ гоҳ ба чопи ин гуна матнҳо роҳ намедиҳанд. Пас ба матни пурхато бовар кардан нашояд!

Истифода аз раҳму шафқат

Дар ниҳоят бояд ба матнҳои тарғибӣ ва дархостӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ таваҷҷӯҳ кард. Онҳоро зуд шинохтан мумкин аст: дархостҳо барои кӯмак дар ёфтани шахсони гумшуда, ҷамъоварии маблағ барои табобати кӯдакони бемор, хабарҳо аз бемории шахсони машҳур... Ҳамчунин бадхоҳон бо ирсоли маълумоти бардурӯғ муштариёни бонк ё дигар ташкилоту корхонаҳоро фиреб медиҳанд.

Аксар вақт бо гузоштани ин гуна хабарҳо шахсони ҷинояткор ба ҳиссиёти раҳму шафқати инсон “фишор” оварда ба ин восита пули муфт ба даст меоранд.

Агар шахси дилсӯз бовар карду 50 сомонӣ маблағро ба қаллобон гӯё ба табобати кӯдакони бемор равон кард, бохти бузурге нест. Аммо бадхоҳон бо ин роҳу восита метавонанд рамзи корти бонкии ин ашхосро дӯздида суратҳисоби ӯро дар бонкҳо ғорат кунанд.

Эълони бонкҳо, операторони мобилӣ (бадхоҳон бисёр вақт аз номи онҳо истифода мекунанд) дар сомонаҳои расмиашон ё аз рақами расмӣ ирсол карда мешаванд. Метавонед барои боварӣ ҳосил кардан ба call-center ё телефони боварии ширкат занг зада мушаххас кунед.

PS: Хоҳишмандем ба хабару маълумоти носанҷида ва шубҳанок бовар накунед. Агар ба дурустии хабар шубҳа доред, ҳатман ҷӯёи сарчашмаи расмӣ ё аслии иттилоъ шавед. Ё хабару маълумотро барои санҷиш ба мо фиристед!

манбаъ: .се.нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!
Расонаомӯзӣ