Дар шабакаи Telegram кӣ бештар нуфуз дорад? Русҳо, эрониҳо ё ӯзбекҳо?
Муҳити тоҷикии Telegram чӣ ҳол дорад ва оё каналҳои тоҷикӣ ба муштариён чӣ гуна муҳтаворо манзур менамоянд?

Скриншоти канали Обуна
Аҷаб коре шуд! Блогери тоҷик Рустам Гулов дар мессенҷери Telegram боз як канали тоҷикиро фаъол кардааст. Акнун дар канали нави таъсисдодаи ӯ, ки "Обуна – Ахбори Тоҷикистон" ном дорад, тозатарин навиди 6 расонаи хабарии онлайни Тоҷикистон - Радиои "Озодӣ", хабаргузориҳои "Азия-плюс", " Ховар", "Авесто", "Сугдньюз" ва нашрияи " Вечёрка" интишор мешаванд. Рустам Гулов таъкид кардааст, ки минбаъд иттилооти расонаҳои дигари хабарии кишварро низ метавон тариқи ин канал дастрас намуд.

Аммо хабари дар Telegram фаъол шудани канали нави иттилоотӣ, дар ҳоле ки дар ин шабака ҳеҷгуна канали ҷиддии дигари иттилоотии тоҷикӣ, ба ҷузъ аз хабаргузории "Азия - плюс" мушоҳида намерасад, аз таваҷҷуҳи умум канор монд.

Ҳатто хабаре, ки Рустам Гулов дар Фейсбук дар ин бора интишор кард, бо вуҷуди хеле ҷолиб буданаш, вокуниши ҷиддиро миёни журналистон ва менеҷерҳои ВАО-и кишвар ба миён наовард.

Як корбари Фейсбук нишӯхию нимҷиддӣ зери хабар навиштааст: … Аз банди ҳамин як фейсбукаш роҳи халосӣ надорему..." Шояд ингуна вокуниш аз он хотир ба миён омадааст, ки Telegram дар Тоҷикистон чандон маъруфият надорад.

Вале дар ҳоле, ки мо ин маводро омода мекардем, Рустам Гулов дубора дар суҳбати тахассусӣ ба мо иттилоъ дод, ки бо хоҳиши роҳбарияти оҷонсии итилоотии "Азия - плюс" дигар маводҳои хабаргузории мазкур дар канали "Обуна" ҷой дода намешаванд.

Скриншоти канали Status Quo
Канду кови мо собит намуд, ки Тоҷикистон дар пайгирии раванди умумии расонаӣ ҳанӯз ҷиддӣ нест ва дар Telegram, ки онро намоди озодии диҷитолӣ низ ном мебаранд, то ҳол ҷойгоҳи муносиби худро касб накардааст. Аммо ин ҳаргиз он маъноро надорад, ки Telegram аз ҷониби корбарони тоҷик сарфи назар шудааст.

Воқеан, чанд канали тоҷикӣ вуҷуд доранд, ки ба муштариёни хеш муҳтавои арзишмандро манзур мекунанд, ҳарҷанд теъдоди мухотабони ин каналҳо бонуфуз нестанд.

Худи Рустам Гулов ба ҷуз аз канали навтаъсиси Обуна – Ахбори Тоҷикистон - @obunanews ( 44 нафар муштарӣ дорад), инчунин канали блоги хеш Status Quo - @guloff (142 нафар муштарӣ) ва канали дигарро бо номи Alifbo.com – алифбои расонаҳои навин -@alifbomedia (муштариёнаш -121 нафар), ки асосан анонси матолиби сомонаи Alifbo.com-ро анҷом медиҳад, роҳанандозӣ кардааст.

Ҳамчунин филмноманавис ва режиссери тоҷик Искандар Усмонов низ як канали тахассусиро бо номи Коргоҳи синамогар Искандар Усмонов таъсис додааст, ки андаке бештар аз 50 нафар муштарӣ дорад.
Скриншоти канали Alifbo.com
Дар ҳамин замина боз бо чанд канали дигари тоҷикӣ дар Telegram рӯ ба рӯ гаштем, ки Armon.tv – @armon_tv (марбути корбари Telegram – @OBIDJON_ABDIEV) бо наздик ба 6 ҳазор нафар муштарӣ канали серхонандатарини муҳити тоҷикии шабака ба шумор меравад. Муҳтавои канали мазкур, асосан саргармкунанда аст ва интихоби мавод аз завқи муассисаш вобастигии зиёд дорад...

Бешак, канали гуруҳи расонаҳои хабарии Азия-плюс шояд машҳуртарин канали иттилоотии муҳити тоҷикии Telegram бошад, ки 5,8 ҳазор нафар муштарӣ дорад. Аммо ин мавзуи алоҳида аст...

Тоҷикоҳанг - @tajikahang ва ҳам портали мусиқии интернетии "Оҳанг" - @ohangtj ҳамин ҳоло машҳуртарин шабакакҳои мусиқӣ дар муҳити тоҷикии Telegram ба ҳисоб мераванд, ки аввалӣ, беш аз ду ҳазор ва дуюмӣ, наздики ҳазор нафар муштарӣ доранд. Tajikistan nature - @tajikista аз маъруфтарин канали тоҷикист, бо қариб 1000 нафар муштарӣ ба масъалаҳои табиат, фарҳанг, ҳунар ва мусиқии Тоҷикистон, ғизои миллӣ ва урфу одати тоҷикон бахшида шудааст ва муҳтавои қобили мулоҳиза дорад.

Ҳамчунин чанд канали дигари иттилоотӣ, ба мисли IA SugdNews, Тоҷикистон-@tojikiston, Ахбори ҷаҳон ва Тоҷикистон - @wtjnews ва ғайра дар Telegram амал мекунанд, ки муштариёни ҳар кадоме аз онҳо аз 200 то 300 нафар беш нест. Ҷустори интернетӣ исми 2 канали дигарро бо номҳои Афандӣ - @afandi_tojiki (беш аз 600 нафар муштарӣ) ва Афандӣҳои тоҷикӣ (тарзи навишт бетағйир мондааст) - @afanditj (200 нафар муштарӣ) бароям ошкор кард.

Аксари каналҳои муҳити тоҷикии Telegram ба забони русӣ интишор мешаванд ва маводҳо ғалатҳои зиёди имлоии забонҳои тоҷикӣ ва русӣ доранд...

Шояд дар шабакаи Telegram каналҳои боз бештар маъруфи тоҷикӣ мавҷуд бошанд, ки мо хабар надорем. Аммо ҷустори сар-сарии интернетии мо бо истифода аз чанд калидвожаи маъмул моро ба ҳамин натиҷае, ки дорем, расонд. Аз ин лиҳоз наметавон дар бораи теъдоди аниқи каналҳои тоҷикии Telegram маълумот пешкаш кард ва дар ин бобат дар манбаъҳои махсус низ омори дақиқ вуҷуд надорад. Илова бар ин, сомонаи расмии таҳлилии Telegram Analytics (https://tgstat.ru/) низ дар бораи каналҳои тоҷикӣ ҳеҷ маълумоти дақиқеро манзур намекунад.
Скриншоти омори канали расмии Телеграми тилоӣ
Аммо Telegram Analytics иттилооти хеле ҷолиби дигарро пешкаш мекунад, ки дар пасманзари он метавон аз вазъи кунунии рушду такомули Telegram маълумоти арзишмандеро дастрас кард. Масалан, мухотабони шабакаи Telegramи Русия бештар аз ҳама эрониҳо ҳастанд.

Аз ҷумла ҳамаи 50 канали раддаи аввали шабакаи Telegram - каналҳои эронӣ буда, ҳар кадоме аз 600 ҳазор боло ва беҳтаринашон бештар аз 13 миллион нафар муштарӣ доранд. Теъдоди муштариёни Канали расмии Telegramи тиллоӣ - @mono_ir 13,5 миллион нафар (!) аст. Каналҳои мусиқии Melobit - @melobit - 3,5 миллион, Дунёи тарона - @dtaraneh - 3,4 миллион, канали Хабари фаврӣ - @akhbarefori -2,4 миллион муштариро фаро гирифтаанд ва Канали ВВС форсӣ бошад, дар Telegram беш аз 1,1 миллон нафар муштарӣ дорад.

Ин дар ҳоле аст, ки охири моҳи апрели соли ҷорӣ Эрон Telegram-ро дар қаламрави кишвараш манъ ва дастрасиро ба ин шабака .масдуд кард..
Скриншоти омори канали Mash
Вазъи Telegram дар Ватанаш – Русия низ чандон хуб нест ва бо ниҳодҳои давлатӣ дар мухолифат қарор дорад. Аз ин ҷост, месенҷери мазкур дар Русия дар муқоса бо Эрон маъруфияти зиёд надорад. Машҳуртарин канали русии Telegram - Mash - @breakingmash, ки дар риштаи Иттилоот ва ВАО номнавис шудааст, каме бештар аз 430 ҳазор муштарӣ дорад. Аммо мутобиқи омори Telegram Analytics ба таърихи 15 сентябри соли 2018 дар ин шабака 50 ҳазору 750 канали русӣ таъсис гардида, номнавис шудаанд, ки дар қиёс бо дигар кишварҳо аз ҳама зиёд аст. Дар муҳити русии Telegram дар мавзуъҳои вебблог, инчунин иттилоот ва таҳлил бештар аз ҳама каналҳо таъсис шудаанд.
Скриншоти омор аз сомонаи Telegram Analytics
Вале омори манбаи зикршуда ҳамзамон баъзе аз паҳлуҳои хеле аҷиберо низ бозгӯӣ кард, аз ҷумла маълум шуд, ки ҷойгоҳи Ӯзбекистон дар шабакаи Telegram хеле муассир будааст. Ин манбаъ мегӯяд, теъдоди муштариёни канали расмии расонаи хабарии Kun.uz - @kunuzofficial аз муштариёни маъруфтарин канали русии Telegram - Mash - @breakingmash 50 ҳазор нафар бештар аст ва наздик ба ним миллион нафар мерасад.

Презеденти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар шабакаИ Telegram канали худро бо номи Shavkat Mirziyoev_press_service - @shmirziyoev фаъол кардааст, беш аз 273 ҳазор нафар муштарӣ дорад ва дар қатори 10 канли сернфузи муҳити ӯзбекии Telegram шомил аст. Намояндагони расмӣ ва аксари ниҳодҳои давлатии Ӯзбекистон каналҳои худро дар Telegram таъсис додаанд.
Скриншоти канали Shavkat Mirziyoyev_press-service
Ҷолиб он аст, дар муҳити ӯзбекии шабакаи Telegram ҳарчанд каналҳои хабарӣ, варзишӣ ва саргармӣ муштарии бештар дошта бошанд ҳам, аммо каналҳо барои фурӯш ва тиҷорат аз ҳама зиёд таъсис шудаанд. Бино ба иттилои Telegram Analytics ба таърихи 15 сентябри соли 2018 дар муҳити ӯзбекии ин шабака 341 чунин канал амал мекунанд, ки бешак далели рушди тиҷорати интернетӣ ва иқтисоди рақамӣ дар Ӯзбекистон аст. Ба ҳамин сана 4107 канали сабтиномшудаи ин кишвар дар Telegram фаъолият доранд.

Дар ин бобат Ӯзбекистон аз Украина ва Қазоқистон пешсафтар аст. Бояд зикр кард,ки дар муҳити украинии шабака каналҳои хабарӣ ва дар муҳити қазоқии шабака каналҳои блогерҳо бештар муштарӣ ва маъруфият доранд. Вале теъдоди пешсафтарин каналҳои ин кишварҳо дар Telegram дар қиёс бо Ӯзбекистон ҳанӯз кам буда, ҳар кадоме аз ин каналҳо то 100 ҳазор нафар муштарӣ доранд.

Аммо ба назар мерасад, ки муҳити тоҷикии Telegram акнун дар ҳоли шаклгирӣ қарор дорад ва то ҳол натавонистааст муҳтавои қобили таваҷҷуҳро барои муштариён пешкаш намояд.

Илҳом Ҷамолиён