ҲАДАФИ МО
Чаро мо ин сомонаро эҷод кардем...
Ҳадафи асосии лоиҳаи Mediasavod — мусоидат ба расонаомӯзӣ, ё худ афзоиши сатҳи саводи расонаии одамони касбу кор ва синну соли гуногун аст.

Мо ба масрафкунандаи мӯҳтавои расонаҳо дар дарки беҳтари моҳияти медиа ё худ расонаҳо, ҳаракат дар фазои иттилоот, ёдгирии муносибати интиқодӣ ба ВАО, ташхиси иттилооти сифатнок ва боэътимод, шиносоии талошҳои дасткорӣ (манипулятсия) дар афкори ҷомеа ва муқовимат ба он, ёд гирифтани ҳуқуқи иттилоот ва имкони истифода аз онҳо кӯмак хоҳем кард.

Мо ба он мекӯшем, то ҳар касе. ки аз захираҳои расонаӣ фаъолона истифода менамояд, дигар шаҳрванди соддае ҳам набошад, ки теъдоди зиёди муҳтавои бесифатро ҳазм мекунад. Балки ӯ касе бошад,то иттилооти дастрасшударо пайдо ва ё аз байн бурда, таҳлилу таҷзия карда тавонад. Ӯ ҳамчунин битавонад ҳамаи абзори расонаиро аз худ карда, онро боақлона корбурд намояд.

Танҳо бо роҳи ислоҳи огоҳии ҷомеа ба шеваи интиқодӣ мо метавонем, ҳавзаи иттилоотиро поккорӣ карда, ҳаҷми мӯҳтавои пастсифат ва ғайри қобили эътимодро коҳиш диҳем ва ба ин васила сифати ВАО ва ҳамзамон сатҳи саводнокии расонаии аҳолиро афзоиш бахшем.