27 январи соли 2021, ш. Хуҷанд
"Мизи мудаввар" дар мавзӯи "Имкониятҳои рушди саводи иттилоотӣ-расонаӣ дар низоми муосири таҳсилоти Тоҷикистон. Таҷриба ва пешомадҳо"
"Мизи мудаввар" дар мавзӯи "Имкониятҳои рушди саводи иттилоотӣ-расонаӣ дар низоми муосири таҳсилоти Тоҷикистон. Таҷриба ва пешомадҳо" бо иштироки намояндагони Вазорати илм ва маорифи кишвар, мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии давлатӣ, намояндагони мактабҳои олӣ, коршиносони соҳаи саводи расонаӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва ВАО. Дар ин маҳфил натиҷаҳои лоиҳаи "Эҷоди захираи интерактивии электронӣ оид ба саводи иттилоотӣ-расонаӣ ва ташаккули тафаккури интиқодӣ барои ҷавонон – mediasavod.tj", инчунин проблема ва пешбиниҳои рушди саводи расонаӣ дар низоми таҳсилотии мамлакат баррасӣ мешаванд.
Суроға
ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20,
КВДК "Кохи матбуот"

Телефон
+992 92 9099898
Гузориш аз ҷараёни "мизи мудаввар"
27 январи соли 2021 дар шаҳри Хуҷанд суҳбати "мизи мудаввар" дар мавзӯи "Имкониятҳои рушди саводи иттилоотӣ-расонаӣ дар низоми муосири таҳсилоти Тоҷикистон. Таҷриба ва пешомадҳо" баргузор шуд.
Нишасти мазкур бо сухани ифтитоҳии Раиси созмони вилояти суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, роҳбари лоиҳаи mediasavod. tj Илҳом Ҷамолиён оғоз гардид. Мавсуф таъкид кард, ки "мизи мудаввар" дар заминаи лоиҳаи "Эҷоди захираи интерактивии электронӣ оид ба саводи иттилоотӣ-расонаӣ ва ташаккули тафаккури интиқодӣ барои ҷавонон – mediasavod.tj", ки аз ҷониби Шуъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти "Ҷамъияти Кушода" - "Бунёди Мадад" дар Тоҷикистон дастгирӣ ёфтааст, ҳамчун як тадбири ниҳоӣ ва хотимабахши лоиҳаи номбурда баргузор мешавад. Ҳадаф аз ин тадбир то ҳадде натиҷагирӣ кардан аз корҳо ва таҷрибаҳое аст, ки дар Тоҷикистон зимни рушди донишҳо дар самти саводи иттилоотӣ - расонаӣ амалӣ шудаанд. Ӯ инчунин дар бораи лоиҳаи зикршуда ва натиҷаҳои он ибрози назар кард.

Илҳом Ҷамолиён
Проблемаҳои омодагии иттилоотии инсон ба ҳаёт дар ҷомеаи иттилоотӣ чандест, ки дар маркази таваҷҷуҳи аҳли башар қарор гирифтаанд ва ҳоло аксари созмонҳои бонуфузи байналмиллаӣ, бахусус ЮНЕСКО аҳамияти саводи расонаӣ ва иттилоотиро хоса таъкид менамоянд. Саводи расонаӣ як қатор малака ва маҳоратҳоеро, ки барои ҷустуҷӯи самаранок, таҳлили интиқодӣ, истифода ва интишори иттилоот ва мӯҳтаво, дарки аҳамияти ҳуқуқи инсон дар Интернет, тарзи муқовимат бо сайберозорӣ ва хушунат дар фазои маҷозӣ, дарки масъалаҳои ахлоқии марбут ба дастрасӣ ва истифодаи иттилоот, ҳамкорӣ бо намояндагони васоити ахбори омма ва технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ ҷиҳати мусоидат ба баробарӣ, озодии баён, муколамаи байни фарҳангҳо, динҳо, сулҳ ва ғайра заруранд, фаро мегирад.
Илҳом Ҷамолиён
Роҳбари лоиҳа
"Вазъи татбиқи саводи расонаӣ дар низоми таълим", - чунин ном дошт гузорише, ки устоди факултети журналистикаи ДМТ дотсент Қутбиддин Мухторӣ дар назди ҳозирин ироя кард. Ӯ аз ҷумла зикр кард, ки оғози ташаббусҳо дар мавриди татбиқи саводи расонаӣ дар муассисаҳои таълимии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва аз ҷумла Тоҷикистон аз вохӯрие, ки моҳи январи соли 2019 дар Бишкек гузашта буд, оғоз гардиданд. Идея дар он буд, саводи расонаӣ барои хонандагон хеле муҳим аст ва стратегияи татбиқи он бояд коркард карда шавад. Дар он вохӯрӣ мутахассисон идеяҳои таҳияи китоби дарсии махсус, татбиқи саводи расонаӣ тавассути мундариҷаи фанҳои таълимиро пешниҳод карданд.

Қутбиддин Мухторӣ
Дар таҷрибаи Тоҷикистон ҳаминро гуфтанием, ки солҳои охир дар муассисаҳои таҳсилоти миёна муносибати салоҳиятнокӣ дар ҷараёни амалишавӣ аст. Бо ин мақсад созмонҳои гуногуни байналмилалӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ доранд, аз ҷумла Лоиҳаи ҳамкориҳои глобалӣ, Иттиҳоди Аврупо, ЮНИСЕФ дар ин самт кор мекунанд.
Дар Лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо "Барномаи дастгирии таҳсилоти босифат 1" соли 2017 гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд ва онҳо дар натиҷаи омӯзиши таҷрибаи кишварҳои гуногун бояд номгӯйи салоҳиятҳои асосии хонандагонро тартиб медоданд ва мундариҷаи ин салоҳиятҳоро таҳия мекарданд. Дар доираи ҳамин фаъолият панҷ салоҳияти калидӣ ё асосӣ муайян карда шуд: иртибот, ҳамкорӣ, тафаккури интиқодӣ, эҷодкорӣ, маҳорати омӯхтан.
Қутбиддин Мухторӣ
устоди ДМТ
Ҷовид Муқим, профессори факултети журналистикаи ДМТ дар гузориши худ зери унвони "Қадам ба қадам ба сӯи саводи расонаӣ.Аз таҷрибаи Маркази саводи расонаӣ дар назди факултети журналистикаи ДМТ" дар бораи таҳаввулоти рушди саводи расонаӣ дар Тоҷикистон ва корҳое, ки дар ин замина дар Тоҷикистон, аз ҷумла дар Маркази саводи расонаии назди факултети журналистикаи донишгоҳи асосии кишвар амалӣ мешаванд нақл кард.Бино ба гуфтаи ӯ ҳарчанд саводи расонаӣ дар солҳои 80-уми қарни гузашта дар Амрико ва Аврупо рӯ ба инкишоф ниҳода бошад ҳам, дар кишварҳои расошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикисттон ин масъала ба тозагӣ аҳамият пайдо кард.

Профессор Ҷовид Муқим
Бояд бигӯем, ки дар айни ҳол Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо барномаи БДТБ 1 тамоми омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаро, ба ғайр аз омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва омӯзгорони фанни математика ва забон ва адабиёти тоҷик аз курсҳои такмили ихтисос оид ба татбиқи муносибати босалоҳият гузаронид, ки шумораи умумиашон беш аз 70 ҳазорро ташкил медиҳад.

Вақте ки масъалаи ворид намудани мавзӯи саводи расонаӣ ба барномаи курси такмили ихтисоси омӯзгорон доир ба татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим ба миён гузошта шуд, аллакай омӯзгорони фанҳои табиию риёзӣ аз ин курсҳо гузашта буданд, ки шумораашон тахминан беш аз 30 ҳазорро ташкил мекард.

Ҷовид Муқим
профессор
Директори иҷроияи ТҶ «Гурдофарид» зимни баромади худ таъкид кард, ки маркази омӯзишии «Гурдофарид»-ро таъсис дода, иҷозатномаи Вазорати илм ва маорифи кишварро ба даст овардаанд. Ҳамзамон ин тагшкилот ба ҷавонон забонҳои англисӣ, русӣ ва хитоиро меомӯзонад ва дар 5 шаҳру ноҳия марказҳои маҳаллии худро низ боз кардааст, 20 нафар корманд ва 15 нафар кормандони ҷалбшуда ва 50 нафар волонтерон дорад. Беш аз 600 нафар ҷавонон бо кори марказҳои он фаро гирифта шудаанд. Як қатор лоиҳаҳоро дар самти рушди саводи расонаӣ низ амалӣ кардааст.

Раҳбарой Маҷидова
Саводи иттилоотӣ-расонаӣ - ин маҷмӯаи дониш, малака, маҳорат ва таҷрибаҳоест, ки дастрасии самарабахш, таҳлил, баҳогузории интиқодӣ, тафсир, истеъмол, эҷоду интишори иттилоот ва муҳтавои расонаиро бо истифода аз абзори зарурӣ ба тариқи риояти қонун ва меъёрҳои ахлоқӣ таъмин мекунад. СИР яке аз салоҳиятҳои қарни 21 пазируфта шудааст.
Раҳбарой Маҷидова
ТҶ "Гурдофарид"
Ҷамшед Маъруф, яке аз медиатренерони маъруфи кишвар таъкид кард, ки лоиҳаи Factcheck.tj ҳанӯз моҳи сентябри соли 2018 роҳандозӣ шуда, он ба хотири мусоидат намудан баҳри муқовимат ба паҳни хабарҳои бофта дар фазои иттилоотии Тоҷикистон тавассути роҳандозӣ ва рушди институти далелсанҷӣ равона гаштааст. Factcheck.tj аз нахустин платформаи далелсанҷии Тоҷикистон буда, далелсанҷон то имрӯз беш аз 200 маводро мавриди санҷиш қарор додаанд. Дар баробари маводи далелсанҷӣ, имрӯз дар сомона тестҳои гуногун, аз ҷумла Ҳақиқат/Фейк ва Ҷӯянда – ёбанда, роҳнамои далелсанҷиву абзорҳои он ва баргаҳои иттилоотӣ дар самти саводи расонаиро ба даст овардан мумкин аст. Ӯ гфт, вале он рақаме, ки дар боло зикраш кардем, дар шароити кунунӣ ҳанӯз нокифоя буда, дар ин ҷода боз ҳам ба таври бояду шояд кор кард. Ҳар чӣ бештар маводе, ки имрӯз дар расонаҳо нашру паҳн мешаванду боис ба суханҳои нафратомез, ваҳму таҳлука ва ҳатто мардумро ба гумроҳӣ мебаранд, мавриди санҷиш қарор дод. Аммо дар ин ҷода танҳо як платформаи далелсанҷӣ наметавонад, коре бикунад, чун мубориза дар самти хабарҳои ҷаълӣ ё фейкӣ кори дастаҷамъона мебошад. Вале таҷрибаи фактчек нишон дод, ки мутаассифона на ҳама маводе, ки хабаргузориҳои Тоҷикистон нашр мекунанд, нахуст санҷида мешаванд ва сипас нашр.

Ҷамшед Маъруф
Дар асри иттилоот маҳорати хондану навиштан дигар нишондиҳандаи савод маҳсуб намешавад. Коршиносон бар ин назаранд, ки агар саводи иттилоотию расонаии худро дар мавриди он ки чӣ гуна ахбори ҷаълӣ (фейкӣ)-ро аз ахбори воқеиву дақиқ ташхис дода натавонем ё надиҳем, дар ояндаи наздик ба мушкилоти фаровоне рӯ ба рӯ хоҳем шуд. Зеро, ҷараёни бархӯрдҳои иттилоотӣ ҷаҳонро ончунин фаро гирифааст, ки рӯз то рӯз хабарҳои воқеиро аз дурӯғ фарқ кардан басо мушкил шудааст.
Ҷамшед Маъруф
медиатренер, сармуҳаррири factcheck.tj
Гулоро Тӯраева, номзади илмҳои филологӣ, устоди забони англисии факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров зимни суханрониаш таъкид кард, ки имрӯзҳо ӯ дар миёни донишҷӯён ҷиҳати пешбурди донишҳо дар самти саводи расонаӣ ва ташаккули тафаккури интиқодӣ корҳои мушаххасро анҷом медиҳад. Ӯ таъкид намуд, дар ин замина ҳамкориашро бо шарикони худ аз дигар минтақаҳои кишвар, аз ҷумла аз вилоятҳои Хатлону Бадахшон тақвият мебахшад.

Гулоро Тӯраева
Шерафган Олимов, ассисенти кафедраи барномарезӣ ва низомҳои иттилоотии донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ, нармафзори "МедиаДоно"-ро, ки дар доираи лоиҳаи "Эҷоди захираи интерактивии электронӣ оид ба саводи иттилоотӣ-расонаӣ ва ташаккули тафаккури интиқодӣ барои ҷавонон – mediasavod.tj" таҳия шудааст, муаррифӣ кард. Ӯ қайд намуд, ки ин аз аввалин кӯшишҳои дастаи mediasavod.tj дар самти барномарезӣ барои телефонҳои мобайлӣ буд ва ба ин васила mediasavod.tj шабакаи омӯзишии худро оид ба рушди саводи иттилоотӣ-расонаӣ ба забони тоҷикӣ акнун дар заминаи Android фаъол кард, ки он унсурҳои бозиро дошта, дар ин бобат яке аз нахустин захираҳои омӯзишӣ дар соҳаи саводи иттилоотӣ-расонаӣ ба забони тоҷикӣ аст. Кӯмак ба наврасону навҷавонон ва инчунин ба волидайни онҳо ҷиҳати расонаомӯзӣ ва баланд бардоштани саводи расонаӣ ҳадафи асосии шабакаи мо ба ҳисоб меравад. Шерафган Олимов кӯмаки ҳамкоронаш У, Усмонов ва М. Шерматоваро дар ин кор хеле муассир номбар кард

Шерафган Олимов
Илҳом Ҷамолиён, гардонандаи маҳфил ва роҳбари лоиҳаи "Эҷоди захираи интерактивии электронӣ оид ба саводи иттилоотӣ-расонаӣ ва ташаккули тафаккури интиқодӣ барои ҷавонон – mediasavod.tj" дар ин нишаст китоби "Худомӯзи саводи расонаӣ"-ро рӯнамоӣ карда, таъкид дошт, ки он ҷанбаи умумии омузишӣ дошта, метавонад мавриди истифодаи донишҷӯёни мактабҳои оливу миёна ва одамони касбу пешаи гуногун, аз ҷумла рӯзноманигорон қарор гирад. "Худомӯзи саводи расонаӣ" нахустин чунин китоб аст, ки ба забони тоҷикӣ таълиф шуда, ба масъалаҳои саводи иттилоотӣ- расонаӣ бахшида шудааст ва он ба масрафкунандаи мӯҳтавои расонаҳо дар дарки беҳтари моҳияти расонаҳо, ҳаракат дар фазои иттилоотӣ, ёдгирии муносибати интиқодӣ ба ВАО, ташхиси иттилооти сифатнок ва боэътимод, шиносоӣ бо талошҳои дасткории афкори ҷомеа ва муқовимат ба он, ёд гирифтани ҳуқуқи иттилоот ва имкони истифода аз онҳо кӯмак мерасонад.
Мо аминем, ки танҳо бо роҳи ислоҳи огоҳии ҷомеа ба шеваи интиқодӣ мо метавонем, ҳавзаи иттилоотиро поккорӣ карда, ҳаҷми мӯҳтавои пастсифат ва ғайри қобили эътимодро коҳиш диҳем ва ба ин васила сифати ВАО ва ҳамзамон сатҳи саводи расонаии аҳолиро афзоиш бахшем, - таъкид намуд Илҳом Ҷамолиён.

Дар поёни нишасти "мизи мудаввар" иштирокчиён ба суолҳои худ посух гирифта, дар баррасии масъалаҳо фаъолона ширкат варзиданд ва доир ба масъалаҳои баррасишуда таклифу пешниҳодҳои худро манзур доштанд.

Илҳом Ҷамолиён
Тасвиргузориш
ГАРДОНАНДА ва СУХАНВАРОН
Онҳое, ки дар ин нишаст сӯҳбатро гарм хоҳанд кард....

Илҳом Ҷамолиён
номзади илми филологӣ, роҳбари лоиҳа
Ҷовид Муқим
доктори илмҳои филология, профессор
Қутбиддин Мухторӣ
номзади илмҳои филологӣ, дотсент
Раҳбарой Маҷидова
Директори иҷроияи ТҶ "Гурдофарид"
Ҷамшед Маъруф
Медиатренер, ҳаммуассиси factcheck.tj
Гулоро Тӯраева
Номзади илмҳои филологӣ
Барномаи "мизи мудаввар"
Чоршанбе
27 январ
соати 8.30 – 9.00
Ба қайдгирии иштирокчиён

соати 9.00 - 9.40
Сухани ифтитоҳӣ ва маърӯзаи роҳбари лоиҳаи mediasavod. tj Илҳом Ҷамолиён дар мавзӯӣ "Эҷоди захираи интерактивии электронӣ оид ба саводи иттилоотӣ-расонаӣ ва ташаккули тафаккури интиқодӣ барои ҷавонон – mediasavod.tj"

соати 9.40 - 10.20
Вазъи татбиқи саводи расонаӣ дар низоми таълим. Маърӯзачӣ дотсент Қутбиддин Мухторӣ, устоди факултети журналистикаи ДМТ (саволу ҷавоб)

соати 10.20 - 11.00
Қадам ба қадам ба сӯи саводи расонаӣ.Аз таҷрибаи Маркази саводи расонаӣ дар назди факултети журналистикаи ДМТ. Маърӯзачӣ профессор Ҷовид Муқим, устоди факултети журналистикаи ДМТ (саволу ҷавоб)

соати 11.00 - 11.20
Кофе брейк

соати 11.20 - 12.00
"Саҳми ТҶ "Гурдофарид" дар пешбурди саводи иттилоотӣ -расонаӣ" . Маърӯзачӣ сарвари ТҶ "Гурдофарид" Раҳбарой Маҷидова (саволу ҷавоб)

соати 12.00 - 12.40.
"Далелсанҷӣ аз муҳимтарин унсурҳои саводи расонаӣ ва рушди он дар Тоҷикистон. Таҷрибаи фаъолияти сомонаи https://factcheck.tj/" Маърӯзачӣ ҳаммуассиси сомонаи factcheck.tj, медиатренер Ҷамшед Маъруф (саволу ҷавоб)

соати 12. 40 - 13. 00
1. Рӯнамоии лоиҳаи МИГ на пике! Гузоришгар Гулоро Тӯраева

соати 13.00 - 14.00
Хӯроки нисфирӯзӣ

соати 14.00 - 14. 20
Рӯнамоии шабакаи омӯзишии МедиаДоно оид ба рушди саводи иттилоотӣ-расонаӣ ба забони тоҷикӣ дар заминаи Android. Гузоришгар Шерафган Олимов, ҳаммуаллиф

соати 14.20 -14.40
3. Рӯнамоии китоби электронии "Худомӯзи саводи расонаӣ". Гузоришгар Илҳом Ҷамолиён

соати 14.40 - 15.30
Саволу ҷавоб, баррасӣ ва пешниҳодҳо.

соати 15.30 - 16. 00
Ҷамъбасти "мизи мудаввар"
Ҷойи чорабинӣ
ш. Хуҷанд, маҳаллаи 20, КВДК "Кохи матбуот", ошёнаи 2, толори №2