Бале. Дар Қазоқистон онҳоро "нурбот" ё "нурняшка" меноманд. Аввалӣ мақомотро ситоиш ва эътирозгаронро танқид мекунад; дуюмӣ дар бораи сиёсати дохилӣ ва фаъолияти мақомоти ҳукуматӣ тавсифномаҳо менависад.
Нашрияи Factcheсk.kz даҳҳо аккаунтҳои "фейкӣ"-ро, ки дар саҳифаҳои Фонди Президенти нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дар шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳу паём менавиштанд,
таҳлилу баррасӣ кард. Дар натиҷа, онҳо ҳадди аққал як ширкатеро ифшо карданд, ки ботҳоро таҳия ва идора мекунад.
Дар Қирғизистон низ вазъ ҳамсон аст, аммо дар ин ҷо ботҳо аксаран "тролл" ё "фейк" номида мешаванд.
Дар Тоҷикистон ба ботҳо номи "Фермаи ҷавоб" дода шудааст. Ҳанӯз то маҳбубият пайдо кардани шабакаҳои иҷтимоӣ, пас аз интишори мақолаҳои интиқодӣ аз болои мақомот дар саҳифаҳои рӯзномаҳо дар шумораи навбатӣ аз номи муаллифони номаълум ва бо имзои мустаъор ба ин танқид посухҳо пайдо мешуданд. Азбаски ин мақолаҳо муаллифони мушаххас надоштанд, рӯзноманигорон ингуна матлабро маҳсулоти «Фабрикаи ҷавоб» меномиданд. Оҳиста-оҳиста, номи "Фабрикаи ҷавоб" ба "Фермаи ҷавоб" табдил ёфт, аммо аз ҳарду ном истифода мешаванд.
Акнун дар Тоҷикистон ботҳо дар ҳимоят аз мавқеи мақомот дар Интернет шарҳу паём менависанд, аммо дар муқоиса бо дигар кишварҳо, ин кор дар ин ҷо ҳатмӣ ва бепул аст. Донишҷӯён ва кормандони мақомоти ҳқукуматӣ аксар вақт ба ин кор ҷалб карда мешаванд.
Дар бораи Ӯзбекистон маълумоте нест.