сентябр 2018
Озмоишгоҳи навоварии расонаӣ дар Бишкек
Озмоишгоҳ таҳти унвони "Маҳорати достонгӯӣ, навоварӣ, бозӣ ва машғул кардан" баргузор шуд.
Бояд як муҳити созандаи расонаии кишварҳои минтақа сохта шавад, то ки журналистон саривақт ва бо истифода аз инноватсияҳои расонаӣ ба муқобили ифротгароӣ ҳамкорӣ намоянд.
Дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон озмоишгоҳи журналистони кишварҳои Осиёи Марказӣ таҳти унвони "STORYCRAFT. Innovate. Play. Engage " ("Маҳорати достонгӯӣ, навоварӣ, бозӣ ва машғул кардан") тайи се рӯз аз 24 то 26 сентябр амал кард. Дар он 60 нафар иштирокдорон, аз ҷумла хабарнигорон, продюссерҳо, муттахассисони фанӣ, дизайнерҳо ва дигарон дар ҳайати 10 дастаи муттаҳидаи минтақавӣ лоиҳаҳои худро дар мавзӯи ҷилавгирӣ аз тундгароӣ, ки баз зӯроварӣ мусоидат мекунад, пешниҳод ва дифоъ карданд.

Чуноне, Ҷиллиан Маккорма, директори минтақавии барномаҳои «Интернюс» дар Аврупо ва Авруосиё зикр намуд, тарҳи лабараторияи навоварии минтақавӣ дар ҳамкорӣ бо шарикон аз Иттиҳоди Аврупо таҳия шудааст. Бино ба таъкиди ӯ, таҳлилҳои қаблӣ нишон доданд, ки ҳарчанд дар сатҳи мақомоти ҳукуматии кишварҳои Осиёи Мартаӣ ҷиҳати паст кардани шиддати экстремизми зӯроварӣ корҳое амалӣ шаванд ҳам, аммо ба ин иқдом васоити ахбори омма ва ҷомеаи шаҳрвандӣ камтар ҷалб гардидаанд.

Ба андешаи Фарҳод Раҳматов, директори барномаҳои «Интернюс» дар Осиёи Марказӣ яке аз проблемаҳои ҷиддӣ бобати пешгирӣ кардани аз экстремизми зӯроварӣ, в камбуди захираҳо барои кор бо гуруҳҳои осебпазир, бахусус ҷавонон аст. Бинобар ин як муҳити созандаи расонаии кишварҳои минтақаро бояд сохт, то ки журналистон саривақт ва бо истифода аз инноватсияҳои расонаӣ дар мубориза ба муқобили инфротгароӣ ҳамкорӣ намоянд. Бино ба гуфтаи Фарҳод Раҳматов, ҳамоишҳои якҷояи журналистони кишварҳои минтақа дар ин замина имкони хуберо фароҳам хоҳанд овард.

Дар ҳамоиши Бишкек ин дафъа бо журналистони минтақа чун ҳамеша Иван Печитшев, коршиносони мумтози соҳаи расонаҳои нав Ксения Диодорова ва Сергей Карпов, инчунин исломшиноси варзида Иқболҷон Мирсаидов ҳамкорӣ карданд.