июли соли 2018
Аввалин анҷумани расонаомӯзӣ дар Бишкек
Рӯзҳои 4—6 июли соли ҷорӣ дар пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек Анҷумани аввалини устодони макотиби муттавассит, мактабҳои олӣ ва коршиносони соҳаи иртибототи умумии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба маърифат ва саводи расонаӣ баргузор шуд
Нахустин Анҷумани расонаомӯзӣ бо тарзи эдютон баргузор шуд, ки дар он намояндагони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.
Паст будани сатҳи саводи расонаӣ ба гаравидани ҷавонон ба сафи созмонҳои тундрав ва экстремистӣ таҳдид мекунад. Ин омил зарурати расонаомӯзии ҳарчӣ бештарро дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон ба миён овардааст.
Дар ин анҷуман 8 тан аз намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла устодони макотиби олӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва журналистон иштирок доштанд.

Бино ба гуфтаи Илҳом Ҷамолиён, раиси созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд ҷунин анҷуман бори аввал баргузор шуд ва зарурати афзоиши саводи расонаиро дар миёни қишрҳои мухталифи аҳолии минтақа ба миён гузошт.

"Дар ҳоле, ки ҳодисаҳои гаравидани ҷавонон ба созмонҳои тундрав ва эктремистию террористӣ ҳамоно дар ин минтақа бештар ба назар мерасад, яке аз омилҳо ин паст будани сатҳи саводи расонаӣ аст. Афзоиши маърифат ва саводи расонаӣ имрӯз мустақиман ба пешгирии ҳодисаҳои гаравидани ҷавонон ба сафи созмонҳои ифротгаро мусоидат хоҳад кард. Тоҷикистон дар муқоиса бо кишварҳои ҳамҷавори худ дар масъалаи пешбурди маърифати расонаӣ то ҳадде қафо мемонад, ки ба назар мерасад, бояд ислоҳ гардад",- гуфт Илҳоми Ҷамолиён.

Дар ин анҷуман иштирокдорон таҳти сарварии устондон аз кишварҳои Литва, Қирғизистон, Русия ва Украина лоиҳаҳои маъифатиро дар мавзӯи саводи расонаӣ таҳия ва барои баррасӣ пешкаш намуданд.



#эдьютон #медиаграмотность #саводирасонаӣ #медиасавод