Хабарҳои фейкӣ нисбат ба хабарҳои воқеӣ ба муштариён 6 маротиба зудтар мерасанд...
Олимони амрикоӣ собит карданд, ки таваҷҷуҳ ба хабарҳои ногаҳонӣ ва ғайриинтизора, ҳарчанд тақаллубӣ бошанд ҳам, бештар аст.
Профессори донишгоҳи технологии Массачусет Деб Рой пажуҳиши аҷиберо анҷом дод. Маълум гардид, ки мо хабарҳои тақаллубиро нисбат ба хабарҳои воқеӣ зудтару бештар ва бо муштоқи том тавзеҳ медиҳем.
Чаро чунин мешавад?
Ҳамон тавре, ки олимон собит карданд, хабари ғайриинтизора ва ногаҳонӣ арзиши бештар доштааст. Аз ин рӯ хабарҳои ғайривоқеӣ маълумот ва дониши навро тазмин медиҳанд ва "хабари" олӣ маҳсуб мешаванд. Барои ҳамин ҳам ба худ бештар таваҷҷуҳро ҷалб менамоянд.
Манбаъ: Три точки. Знай, что смотришь - @threedotsCA