Лоиҳаи "хирадмандии рақамӣ"
МАЪЛУМОТИ ШАХСӢ ВА БЕХАТАРӢ ДАР ИНТЕРНЕТ
"маълумоти шахсӣ",.. "макорони рақамӣ"... "мудирияти таблиғот"...
✅ Нашри маълумоти шахсӣ ба яке аз мушкилоти ҷиддии солҳои охир мубаддал шудааст. Аз ин рӯ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар захираҳои электронӣ фаъолияти худро мунтазам такмил медиҳанд, то дастрасии ғайриқонунӣ ба маълумоти шахсӣ ва муҳтавои корбарро пешгирӣ намоянд.

Аммо дар бораи маълумоти махфӣ, ки вайронкорон ва қаллобон мехоҳанд аз он истифода намоянд, на танҳо шабакаҳои иҷтимоӣ, балки худи корбарон низ бояд ғамхорӣ намоянд.

Тибқи пурсишҳои иҷтимоӣ, аксари корбарони Интернет дар Тоҷикистон дар бобати тарзи маҳдуд кардани дастрасӣ ба маълумоти шахсиро қариб, ки намедонанд ва дар баробари ин таъкид мекунанд, ки ба ингуна малакаҳо ниёз доранд.

Муҳофизати маълумоти шахсӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, маънои онро дорад, ки ҳангоми лағв кардани ҳисоби худ маълумоти шахсии корбар аз серверҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ҳазф карда мешавад. Ин яке аз муқаррароти асосии сиёсати махфияти бисёр шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад.
Маводи мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. ТҶ "Имкон" ва гурӯҳи эҷодии mediasavod.tj барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.

#mediasavodtj #rasonashinosi #comictj #internewstj #rasonasozon #USAID #MediaCAMP #MediaTJ #Internews #саводирасонаӣ #тафаккуриинтиқодӣ #фактчекинг #далелсанҷӣ #медиаграмотность #цифроваяграмотность