Астротурфинг чист ва оё дар бораи он чӣ медонед?

Астротурфинг – ин усули ташкили афкори сунъии ҷомеъа ба воситаи одамони махсус истихдом шуда аст. Онҳо бар ивази маблағ шарҳу мақолаҳои фармоишӣ менависанд ва эҳсоси дастгирии мардумиро ба вуҷуд меоранд.
Ин ибора аз номи тиҷоратии алафи сунъии майдонҳои варзишӣ "AstroTurf" ба вуҷуд омадааст. Бори аввал калимаи "астротурфинг"-ро Ллойд Бентсен, сенатори иёлоти Техас истифода кард.

Соли 1970 вай барои ишғоли курсии сенат бо Ҷорҷ Буши калонӣ рақобат мекард. Он вақт Ҷорҷ Буш "ҳаракати мардумӣ"-ро ба хотири дастгирии худ ба роҳ монд ва ин амалро Ллойд "алафи сунъи" номид, на ҳаракати табии мардум.

Мақсади аcтротурфинг – ин маҷбур сохтани одамон ба вуҷуд доштани ақидаи ягонаи мардумӣ равона шудааст. Чаро ин корро мекунанд? Натиҷаи як қатор пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки астротурфинг метавонад афкори ҷомеъаро таъғир дода, ба қадри кофӣ шубҳаро ба вуҷуд меорад, то ин ки одамон аз нуктаи назари худ даст кашанд.

Барои мисол, пажӯҳише, ки Соломон Аш, равоншинсои амрикоӣ ва лаҳистонӣ доир кард, ин падидаро тасдиқ намуд. Дар таҷрибаи ӯ 50 нафар иштирок доштанд, ки як нафарашон мавриди санҷиш қарор гирифт. Иштирокчиён бояд як намуди ҷавобро интихоб мекарданд. Новобаста ба он ки бисёриҳо дидаву дониста ҷавоби нодурустро интихоб карданд, нафари мавриди санҷиш низ, аз паси онҳо ин корро такрор кард.

Равоншиносон шарҳ медиҳанд, ки дар вуҷуди инсон эҳсоси худдифоъ ба кор медарояд, ки ба ин ҳолат вуҷуди тарс аз радди маърака шудан ва ҳамчунин хоҳиши ба ҳамагон писанд омадан, таъсир мерасонад.

Аз ин рӯ имрӯз астротурфинг ба таври сунъӣ ҳам дар сиёсат ва ҳам дар олами тиҷорат истифода мешавад. Дар ҳамин ҳол фарқ кардани табъ ва фазои воқеъии ҷомеъа аз афкори сохта шудаи мардумӣ, бидуни тафаккури интиқодӣ хеле душвор аст.


#расонаомӯзӣ #саводирасонаӣ #далелсанҷӣ #тафакуриинтиқодӣ #манипуляция #медиаграмотность критическоемышление

манбаъ: cе нуқта