Муаллифу роҳбари лоиҳаи "Рушди ВАО ва блогнависӣ дар минтақаҳои дурдасти Тоҷикистон" ва дар ин замина тренери силсиалаи тренингҳо барои шахсони соҳибистеъдод, ки хоҳиши рӯзноманигор ва ё блогер шудан доранд.
Тренингҳо охири соли 2019 ва аввали соли 2020 дар як қатор шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, аз ҷумла Конибодом, Лахш, Тоҷикобод, Шаҳртуз ва ғайра баргузор гаштанд. Иштирокчиён асосҳои журналистикаи шаҳрвандӣ ва мултимедиявӣ, тарзи интихоби мавзӯъ, ҷустуҷӯи иттилоот ва блогнависиро омӯхтанд. Беҳтарини онҳо ба тренингҳои минтақавӣ ба шаҳри Душанбе сафар намуда, дар идораҳои ВАО-и ҷумҳуриявӣ таҷриба андӯхтанд. Лоиҳаи мазкур бо дастгирии молиявии Институти "Ҷамъияти Кушода" - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон амалӣ гардид .