Муаллиф ва мураттиби силсилаи вайнҳо дар мавзӯи саводи расонаӣ барои сокинони деҳот.
Дар доираи лоиҳаи "Саводи расонаӣ барои мардуми деҳот" силсилаи вайнҳо ба навор гирифта шуда, таҳия гардиданд. Вайн як видеои кӯтоҳест, ки чун қоида, ҳадди аққал як дақиқа давом мекунад. Аксар вақт, вайнҳо хислати ҳаҷвӣ доранд, аз ин рӯ дар онҳо лаҳзаҳои хандовари ҳаётӣ сабт карда мешаванд. Муаллифони вайнҳо дар деҳоти вилоят мулоқотҳо карда, дар он ҷо асарҳои худро ба намоиш гузоштанд. (соли 2021)