Дурӯғ: Дар Тоҷикистон дар 10 соли охир сатҳи паҳншавии ВНМО 25% боло рафтааст

Оё иттилооти мазкур ҳақиқат аст, ё дурӯғ? Сомонаи factcheck.tj ин масъаларо мавриди баррасӣ қарор додааст.

Чӣ санҷида шуд

Дар мақолаи зери сарлавҳаи "Дар Тоҷикистон рӯйхати бемориҳо аз 50 номгӯ тасдиқ шуд, ки дар ҳолати доштани онҳо метавон аз интихоби касби табиб фаромуш кард" (мақолаи аслӣ бо забони русӣ аст) иқтибоси зерин омадааст:
Тоҷикистон яке аз давлати камчини дунё аст, ки дар давоми 10 соли охир сатҳи паҳншавии ВНМО 25% боло рафтааст.
Мақолаи мазкур дар сомонаи «Радио Озодӣ» (бойгонӣ) санаи 16.10.2018 нашр шуда, пас аз дар захираҳои онлайнии «Ориён» санаи 16.10.2018, 11:56 ва «Диалог» санаи 16.10.2018, 15:06 бознашр шудааст.

Сомонаи «Радио Озодӣ» яке аз ВАО-и пешрафтаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Сомонаи «Ориён» дар шабакаи иҷтимоии Facebook.com саҳифа бо 1271 обуна ва гурӯҳ бо 7 027 аъзо дорад. Ин ба мо имконият медиҳад, ки дар васеъ шудани хабари баррасишаванда мутмаин бошем.

Иқтибоси дар боло овардашуда ба назари мо шубҳанок менамояд, вобаста ба ин ба қарор омадем, ки дурустии онро санҷем.

Чӣ хел санҷида шуд

Санҷиши иқтибоси овардашуда дар системаи ҷустуҷӯии Google ба мо нишон дод, ки он аз гузориши «Тоҷикистон: Баҳогузории хароҷотҳои миллӣ вобаста ба ВНМО: 2010-2011 солҳо» (бойгонӣ), ки аз ҷониби Кумитаи миллии ҳамоҳангсозии мубориза бо ВНМО, сил ва табларза дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии молиявии Барномаи рушди СММ оид ба ВНМО/БПНМ дар мамолики Аврупо ва ИДМ, Барномаи муттаҳидаи СММ оид ба ВНМО/БПНМ (UNAIDS) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Барномаи осиёи марказӣ оид ба ВНМО/БПНМ (CARHAP) омода гаштааст, гирифта шудааст. Гузориши мазкур соли 2012 нашр шудааст.

Иқтибоси аслӣ чунин аст:

Мувофиқи маълумоти Ҳисобот оид ба эпидемияи глобалии БПНМ Барномаи муттаҳидаи СММ доир ба ВНМО/БПНМ (UNAIDS), Тоҷикистон ба қатори давлатҳое дохил мешавад, ки сатҳи гирифторӣ ба ВНМО дар 10 соли охир зиёда аз 25% боло рафтааст.
Дар мақолаи сомонаи "Радиои Озодӣ" ягон ишорае нест, ки суханони "Тоҷикистон яке аз давлати камчини дунё аст, ки дар давоми 10 соли охир сатҳи паҳншавии ВНМО 25% боло рафтааст" ба соли 2012 дахл дорад, яъне соли нашри гузориши "Тоҷикистон: Баҳогузории хароҷотҳои миллӣ вобаста ба ВНМО: 2010-2011 солҳо".

Истифодаи ин ҷумла дар соли 2018 метавонад хонандаеро, ки бо гузориши зикргардида ошно нест, ба таҳлуқа андозад, чунки имсол зери ибораи "10 соли охир" давраи аз соли 2009 то 2018 фаҳмида мешавад, на ин ки даврае, ки муаллифони Ҳисобот оид ба эпидемияи глобалии БПНМ Барномаи муттаҳидаи СММ доир ба ВНМО/БПНМ (UNAIDS) ба назар доштанд – то соли 2011. Илова бар ин, дар мақола ягон линк ба ҳисобот мавҷуд нест.

Дар саҳифаи 45 гузориши "Тоҷикистон: Баҳогузории хароҷотҳои миллӣ вобаста ба ВНМО: 2010-2011 солҳо" матни зерин омадааст:
Мувофиқи омори расмии Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо БПМН, миқдори ҳодисаҳои расман ба қайдгирифташудаи гирифторӣ ба ВНМО дар Тоҷикистон аз 2 адад дар соли 1991 то 710 дар соли 2006 ва 1853 ба охири декабри соли 2009 зиёд шудааст.
Мувофиқи додаҳои оморӣ дар сомонаи (бойгонӣ) Муассисаи давлатии "Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо БПМН"-и Вазораи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Ҷадвали 3 "Миқдори нафароне, ки бо ВНМО (калонсолон ва кӯдакон) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" омадааст, адади нафарони ба ВНМО гирифторшудагон дар охири соли 2011 ба 2632 нафар ва 1 апрели соли 2018 – 7827 нафар баробар шудааст.

Дар натиҷаи муқоисаи омори расмии паҳншавии ВНМО ба охири моҳи декабри соли 2009 ва 1 апрели соли 2018 додаҳои зеринро ба даст овардан мумкин аст:

Болоравии миқдори гирифторони ВНМО дар Тоҷикистон дар нишондиҳандаҳои мутлақ:

7827 – 1853 = 5974 нафар ва

Болоравии миқдори гирифторони ВНМО дар Тоҷикистон дар нишонҳандаҳои нисбӣ:

(5974/1853) х 100% = 322,4%

Чӣ хеле, ки аз ин ҳисобҳо мебинаем, дар 10 соли охир – аз декабри соли 2009 то 1 апрели соли 2018 миқдори гирифторон ба ВНМО ба 5974 нафар ё 322,4% боло рафтааст, дар ҳоле, ки дар мақола ба андозаи 25% нишон дода шудааст.

Ҳукмнома

Чӣ хеле ки ҳисобҳои мо нишон доданд, дар 10 соли охир бино ба додаҳои расмӣ миқдори гирифторони ВНМО дар Тоҷикистон аз 1853 (омори расмии барои охири соли 2009) то 7827 нафар (омор барои 1 апрели соли 2018) зиёд шудааст. Ба ҳисоби фоиз ин 322,4% ташкил медиҳад. Далели мазкур ба мо имкон медиҳад, ки ба суханони "Тоҷикистон яке аз давлати камчини дунё аст, ки дар давоми 10 соли охир сатҳи паҳншавии ВНМО 25% боло рафтааст", ки дар мақолаи зери сарлавҳаи "Дар Тоҷикистон рӯйхати бемориҳо аз 50 номгӯ тасдиқ шуд, ки дар ҳолати доштани онҳо метавон аз интихоби касби табиб фаромуш кард" нашр гаштааст, ҳукмномаи Дурӯғ барорем.

манбаъ: cомонаи factcheck.tj