Ҳадафгузорӣ (тарҷетинг)/ таргетинг/ targeting - (аз англисии target – ҳадаф, мақсад) – интихоби гуруҳҳои мақсаднок аз байни мухотабони кулл, ки мумкин аст ба маводи муайян ё таблиғоти хос шавқ ва таваҷҷуҳ доранд.
Ҳайлайтс/ хайлайтс/ highlights – истуриҳои Инстаграм (Instagram stories), ки метавон барои бештар аз 24 соат ҳифзу захира намуд. Онҳоро метавон дар профайл "мустаҳкам" ва аз рӯи мавзуъҳо тақсим кард.
Ҳайп (ҳаёҳу)/ хайп/ hype - (аз англисии hype – ҳаёҳу, шӯру ғавғо) – эҷоди як шӯру ғавғои маснӯӣ дар атрофи ин ё масъала, ки ҳадафа аз он ба даст овардани теъдоди қобили таваҷҷуҳи клик ва боздид матлабҳо аст; кор ба хотири трафик ва ҷалбу ҷазби анбуҳи мухотабон.
Ҳамгироӣ/ конвергенция/ convergence – раванде дар индустрияи расонаҳо, ки ба рушди технологшияҳои рақамӣ алоқаманд буда, боиси ҳамоиши васоити ахбори оммаи мухталиф дар заминаи як пойгоҳ ба хотири истеҳсоли муҳтавои муштарак ва интишори он дар медиаплатформаҳои гуногун мегардад. Ҳамгироӣ боиси зуҳури навъҳои нави расонаҳо, қолабҳои ҷадиди пешниҳоди муҳтаво, ҳамчунин тағйироти ҷаҳонии индустрияи расонаҳо мешавад.
Ҳассосияти гендерӣ/ гендерная чувствительность/ gender sensitivity - сиёсат ва барномаҳо, ки махсусиятҳои ба ҳаёти ҳам занон ва ҳам мардон дахлдорро ба инобат мегиранд ва дар заминаи ин барои бартараф намудани нобаробариҳо ва мусоидат барои баробарии гендерӣ, аз ҷумла тақсимоти баробари захираҳо бо назардошти паҳлӯҳои гендерӣ равона шудаанд (
https://eige.europa.eu/).
Ҳаштаг/ хэштег/ hashtag – барчаспи махсусе, ки ба паёмҳо (интишорот) дар шабакаҳои иҷтимоӣ илова карда мешавад. Ин ба шумо барои дарёфти постҳои монанд ба он кӯмак мекунад. Одатан қабл аз ххҳаштаг аломати махсуси (панҷара) # гузошта мешавад, масалан #Душанбе
Ҳисса/ сегмент/ segment - (аз англисии segment-"қисм, ҷузъ, ҳисса") - гурӯҳи истеъмолкунандагон ё мухотабони ҳадаф, ки ба фаъолияти маркетингии фурӯшандаи иттилоот ё хизматрасонии иттилоотӣ тахминан як хел таваҷҷӯҳ зоҳир мекунанд.
Ҳиссабандӣ/ сегментация/ segmentation – муайян кардани ҳиссаҳои бозор, гурӯҳи муайяни истеъмолкунандагон ва мухотабони ҳадаф, ки аз рӯи нишонаҳои иҷтимоию психологӣ, демографӣ ва ҷуғрофӣ муттаҳид гардида, ба фаъолияти маркетингии фурӯшандаи иттилоот ё хизматрасонии таваҷҷӯҳи яксон доранд.
Ҳисоб/ аккаунт/ account – ҳисобе, ки барои айниятсозӣ ва иҷозат додани корбар дар сомона хидмат мекунад. Барои эҷод кардани ҳисоб, аз корбар хоҳиш карда мешавад, ки тартиби бақайдгириро гузарад.
Ҳосили ҷустуҷӯ/ поисковая выдача/ search results - натиҷаҳои ҷустуҷӯ, ки низоми ҷустор бо дархости корбар манзур мекунад.
Ҳошиянависӣ/ аннотация/ annotation – тафсири мухтасари иттилоот ва маънои матни расонаии навъ ва жанри мухталиф.
Ҳубоби полоиш/ пузырь фильтров/ filter bubbles - истилоҳе, ки аз ҷониби фаъоли Интернет Эли Париер таҳия шуда, он ҳолати инзивои фикрӣ аст, ки эҳтимолан метавонад натиҷаи ҷустуҷӯҳои шахсӣ дар интернет бошад; вақте алгоритми сомона вебсайт муайян мекунад, ки корбар бар асоси иттилоот дар бораи макони хеш, кликзаниҳои пешина ва ҳаракатҳои мушаки роёна, баргузидаҳо ва таърихи ҷустуҷӯ бояд акнун кадом иттилоотро бубинад. Дар натиҷа сомонаҳо фақат ҳамон иттилоотеро нишон медиҳанд, ки ба аз боздидҳои қаблии корбар маншаъ мегиранд ва маъмулан тамоми иттилооти дигари дахлдор ба корбар намоиш дода намешавад. Тасмимҳои гирифташуда тавассути ин алгоритмҳо шаффоф нестанд.
Ҳувият/ менталитет/ mentality (аз лотинии mentalis –"ақлӣ, фикрӣ") – махсусиятҳои ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳонфаҳмӣ, ки ба мутааллиқ будан ба фарҳангу миллат, тарбия, маълумот ва тарзи зиндагонӣ вобаста аст. Ба назар гирифтани ҳувият (менталитет) дар мавриди тайёр кардани чорабиниҳои таблиҳотию тарғиботӣ, яъне рекламавию пропагандистӣ, PR-компанияҳо ва дигар намудҳои фаъолияти маркетингӣ аҳмияти муҳим дорад.
Ҳуқуқи муаллиф/ авторское право/ copyright - аломати С, ки онро ҳамчун нишондиҳандаи ҳуқуқи муаллиф (истеҳсолкунанда) ва аломати ҳифозат дар маълумотномаҳои китоб ҷой медиҳанд; маҷмӯи ҳуқуқҳое, ки ба муаллиф ё эҷодкори асар имкон медиҳанд, то фаъолдияти дигаронро барои нусхабардорӣ, паҳн кардан ё тағйир додани асар маҳдуд намояд. Ҳуқуқи муаллиф дар бозор метавонад фурӯхта ё харида шавад.
Ҳунарпарварӣ/ меценатство/ patronage – пуштибонӣ кардани ташкилотҳо ва ходимони фарҳангу санъат, сарпарастии фарҳангӣ.
Ҳуҷраи хабар/ ньюсрум/ newsroom – ҳуҷрае, ки дафтари кории редаксия аст. Чун қоида он аз як толори барҳавою бузург бо мизҳои ҷудогона барои ҳар рӯзноманигор иборат аст.
Ҳуши сунъӣ/ искусственный интеллект/ artificial intelligence - 1) қобилияти низомҳои ҳушманд барои иҷрои амалкардҳои эҷодӣ, ки маъмулан анҷоми рисолати як одам ҳисобида мешуд. 2) технология, ё як самти илми муосир мебошад, ки роҳҳои таълим додани компютер, технологияи роботикунонидашуда ва системаи таҳлилиро монанди инсон оқилона фикр карданро меомӯзад. Дар асл, идеяи сохтани ҳуши (зеҳни) сунъӣ пеш аз ихтирои аввалин компютерҳо ба вуҷуд омада буд.