Cаводи расонаӣ, таҳлил ва таҳқиқ

Ҷасорати дардфаҳмӣ ва ростгӯӣ: портрети эҷодии Карим Шариф

Дар урфият мегӯянд, ки баъзе шиносоиҳо рӯйдоди рӯзанд, аммо баъзеи дигар — сарнавишт. Шиносоии ман бо Карими Шариф, ки ба солҳои аввали ворид шуданам ба фазои иттилоотии вилояти имрӯзаи Суғд рост меояд, сарнавишт будааст. Ин ошноӣ дар тӯли беш аз 35 сол дар заминаи эҳтироми тарафайн, ҳамдиливу ҳамфикрӣ ва талошҳо барои пойдории беҳтарин арзишҳои касбӣ ва инсонӣ вусъат гирифт ва таҳким ёфт. Тайи ин солҳо, Карими Шарифро барои хеш аз ду ҷиҳат, ки аслан ҳамдигарро пурра менамоянду мукаммал мекунанд, кашф кардаам — ҳамчун як рӯзноманигори пуртаҷриба ва соҳибмактаб ва сониян ҳамчун як инсони комил, некандеш ва фурӯтан, ки шахсияташ ҳамеша бароям омӯзанда буд.

Бешак, Карими Шариф ба қатори он қаламкашон мансуб аст, ки дар ҷодаи рӯзноманигорӣ хеле зиёд заҳмат кашида, бо эҷодкорӣ, эъзози сухан ва бо диди тоза номи худро дар қалби хонандагон ҷо кардааст. Ӯ тамоми зинаҳои рӯзноманигориро бо сарбаландӣ тай намудааст — аз як хабарнигори оддӣ дар рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» (ҳоло «Ҳақиқати Суғд») то мудири шӯъба ва муовини котиби масъули ин рӯзнома фаъолият намудааст.

Ин нашрия дар замони «бозсозии горбачевӣ», бахусус дар охири ин марҳилаи тақдирсоз, гурӯҳи калони журналистони соҳибистеъдодро гирди ҳам оварда буд, ки бо сухани бурро ва қалами тези хеш дар дили хонандагони худ роҳ ёфта, намоди ошкорбаёнӣ ва озодии сухан дар қаламрави вилоят буданд. Дар ин замон, ки матбуот муҳаррики ҷараёнҳои ошкорбаёнӣ гардид, Карими Шариф низ дар миёни рӯзноманигорони соҳибназару ташаббускор ҷойгоҳи сазовори худро пайдо карда буд. Қалами бурро ва диди таҳлилӣ ӯро дар сафи пеши онҳое қарор дод, ки талош доштанд садояшон бо овози мардум ҳамнаво бошад..

Сипас, дар фаъолияти рӯзноманигории Карими Шариф марҳилаи нав фаро расид, ки он бо номи рӯзномаи навтаъсиси «Тирози ҷаҳон» сахт иртибот дорад. Охири соли 1992 ҳукумати шаҳри Хуҷанд нашрияи мазкурро таъсис дод ва журналисти варзида Абдулмаҷиди Бобоҷониён сармуҳаррири нашрияи тозатаъсис таъин гардид. Сармуҳаррир вазифаи котиби масъули ин нашрия шогирди соҳибистеъдоди худ – Карими Шарифро бо дарназардошти собиқаи хуби кориаш дар чунин вазифа ба кор пазируфт ва баъди бештар аз як соли фаъолият дар ин вазифа Карими Шариф муовини сармуҳаррири «Тирози ҷаҳон» таъин шуд. Ӯ дар ин вазифаи пурмасъулият 11 сол фаъолият намуд. Бояд гуфт, ки «Тирози ҷаҳон» дар зудтарин фурсат дар байни хонандагон ва муштариёни хеш мақому манзалати хосаи худро пайдо кард ва дар қатори дигарон Карими Шариф низ дар ташаккул ва рушду нумӯи ин нашрия саҳми арзандаи хешро гузоштааст.

Бидуни шак Карими Шарифро яке аз беҳтарин «собиқадорони журналистикаи замони истиқлолияти давлатии Тоҷикистон» метавон ном бурд. Аммо, бо вуҷуди ин баъзе аз ҳамкасбон гоҳо ҳадс мезананд, ки Карими Шариф дар фаъолияти рӯзноманигории хеш гӯиё натавонистааст, худро аз қолаби «журналистикаи шӯравӣ» берун кашида, раҳо шавад. Шахсан банда куллан ба ин андешаҳо розӣ нестам. Аввал ин, ки меъёрҳои касбии «журналистикаи шӯравӣ»-ро пурра истисно кардан ва онро «аз касбият дур» пиндоштан аз рӯи инсоф нест. Ба ҳар сурат бештари беҳтарин ва муваффақтарин рӯзноманигорони насли калони имрӯзаи тоҷик маҳз аз «мактаби журналистикаи шӯравӣ» гузаштаанд. Карими Шариф низ истисно нест. Ӯ дар тӯли фаъолияти рӯзноманигориаш собит намуд, ки ба касби интихобкардааш содиқ аст, онро дӯст медорад ва ба василаи ин касб аз дарди мардум ва орзую омоли он аз наздик шинос шудааст. Мақолаву очеркҳои ӯ ҳамеша аз ҳаёти инсонҳои наҷиб, аниқтараш, мардуми оддии диёр, устодони мӯътабар, пирони дуогӯ, ҷавонони соҳибмаърифат ва ё ҳунармандони соҳибзавқ нақл мекунанд.

Бале, Карим Шариф пеш аз ҳама эҷодкор аст ва осори гаронбаҳои рӯзноманигорӣ дорад. Аммо дар баробари ин ҷанбаҳои дигари фаъолияти журналистии Карими Шариф маҳз дар давраи сарвариаш дар рӯзномаи «Ҳақиқати Суғд» ба мушоҳида расидаанд. Мегӯянд, ки пешрафт ва рушду нумӯи ин ё он нашрия гоҳо аз роҳбари он низ вобастагии зич дорад. Карими Шариф, ки нашрияи «Ҳақиқати Суғд»-ро бештар аз 6 сол сарварӣ кардааст, кӯшиши беандозаро ба хотири баланд бардоштани мазмуну мундариҷаи нашрия, афзоиши теъдоди нашри он ва ҷалби мухотабон ба харҷ дод. Дар ин марҳилаи фаъолияти меҳнатиаш вобаста ба нашрияи асосии вилоят ӯ се чизи хеле ҷолиб ва таърихӣ амалӣ кард, ки месазад онро зикр кард. Аввал ин, ки номи нашрия вобаста ба таҳаввулоти замон тағйир ёфт. Дувум дар замони истиқлолияти давлатӣ “Ҳақиқати Суғд” аввалин нашрияи вилоят буд, ки дар давоми ҳафта 3 навбат ба чоп мерасид ва интишори он шуруъ аз соли 2014 таҷдидан дар шакли стандарти А-1 ба роҳ монда шуд. Ин ҳама далели он аст, ки Карим Шариф аз андешаҳои навоварӣ, равишҳои муосири кордорӣ ва мудирияти расонаҳои хабарӣ хеле хуб бархӯрдор аст.

Инак, 10 сол мешавад, Карим Шариф дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар мансабҳои пурмасъулият ифои вазифа мекунад. Мегӯянд, ки ӯ яке аз он нафарҳое аст, ки дар эъмори пули ҳамкорӣ миёни ҳукумати маҳаллӣ ва ҷомеаи журналистон саҳми босазо мегузорад.

Боз ҳам мегӯянд, устод касест, ки дар қалби шогирд меҳри касбро бедор мекунад.Дар тӯли қариб 20 сол Карими Шариф дар бахши рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҳамчун муштаракулвазифа фаъолият мебарад. Дар ин замина низ сарнавишт моро ҳампеша кардааст. Ӯ на танҳо дониш меомӯзонад, балки ба шогирдони худ таҷриба ва ҷаҳонбинӣ дода, ҳидоятгари даҳҳо журналистони ҷавон гардидааст.

Бозии қисматро бинед, мо бо Карим Шариф боз дар як кори дигари ҷамъиятӣ сарнавишти муштарак дорем. Беш аз 18 сол инҷониб банда вазифаи ҷамъиятии раиси созмони Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғдро ба ӯҳда дорам ва дар ҳамаи ҳамин муддат Карим Шариф вазифаи котиби масъулро сарбаландона иҷро менамояд. Бахши вилояти суғдии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар доираи ҳампешагон ба сифати яке аз ташкилотҳои пешқадам ва ташаббускор эътироф шудааст, ки дар ин замина хизмати Карим Шариф хеле арзанда аст. Ӯро ба ҳайси яке аз фаъолтарин узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми вилоят ва ҷумҳурӣ хеле хуб мешиносанд. Барои хизматҳои шоёнаш дар ривоҷу равнақи журналистикаи тоҷик ба мукофотҳои давлатӣ ва касбии зиёд сазовор гаштааст. Аз ҷумла, бо медали “Хизмати шоиста”, нишони Аълочии матбуоти Тоҷикистон, Ҷоизаи вилоятии журналистон ба номи Ҳоҷӣ Содиқ, Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ, Ифтихорномаҳои МИҲД вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷанд, Созмони вилоятии Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва ғайра сарфароз гардонида шудааст.

Карим Шариф соҳибкитоб аст. Нахусткитобаш «Баракати умр» соли 2003 интишор гардид. Минбаъд китобҳои дигараш – «Ҳидояти дил» (2005), «Мардони ҳунар» (2006), «Нур дар ошёни дил», «Номаи меҳр» (2007), «Сафои зиндагӣ» (2008), "Азизи дилҳо" (2023), "Ахтари маърифат"(2023), "Саодати зиндагӣ" (2023), "Нури чашми падар" (2023) ва чандин китобҳои дигар дар ҷолаби ҳолнома ва меҳрномаҳо чоп шудаанд.

Крис Ҳеҷес, як рӯзноманигори амрикоӣ, ҷоизадори Пулитсер чунин гуфтааст: «Журналистика на танҳо касб, балки як навъи ҷасорат аст — ҷасорати дардфаҳмӣ ва ростгӯӣ». Маҳз ҳамин ҷасорати дардфаҳмӣ ва ростгӯӣ ва хислатҳои баланди инсонӣ ба мисли некдиливу нексиратӣ, некхоҳиву некроӣ Карим Шарифро дар миёни дӯстон ва ҳамкорону ҳампешагон маҳбуби дилҳо гардонидааст.

Ман дӯст ва ҳампешаи гиромии худ Карими Шарифро бо санаи мубораки 70-умин солгарди умраш самимона табрику таҳният гуфта, барояшон тансиҳативу хотирҷамъӣ, давлати бегазанди пирӣ, қалами сабз, каломи бурро ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно дорад.

Илҳом Ҷамолиён,

раиси бахши Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд,

Лауреати мукофоти ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ