Пайғом

Кликҷекинг чист ва чӣ хел худро муҳофизат бояд кард?

Кликҷекинг - як навъ амалиёти дасткорист, ки хакер равзанаи ноаёнро бо фармони ба худаш манфиатовар дар дохили матнҳои дигари сомона ҷой медиҳад. Яъне корбарон гумон мекунанд, ки тугмачаи дидаашонро пахш мекунанд, аммо дар асл онҳо равзанаи аз ҷониби хакер гузошташударо пахш мекунанд.

Бештар вақт , кликҷекингҳо дар сомонаҳои муҳтавояшон дуздӣ дида мешаванд: филмҳо, сериалҳо, мусиқӣ ва ғайраҳо. Дар болои тугмачаи "ба тамошо оғоз кардан” равзанаи дигар, ки ҷадвали навро мекушояд, гузошта мешавад. Корбар кӯшиш мекунад, ки ба тамошои филм шурӯъ кунад, аммо браузер ӯро ба тамошои таблиғи бозиҳои онлайнӣ ва казиноҳо мебарад.

Таблиғот яке аз намудҳои безарартарини кликҷекинг мебошад. Ин тарҳро инчунин барои зиёд кардани лайкҳо, хонандагон, обуна ва паёмтақсимкунӣ истифода мебаранд. Масалан, бо пахши тугмачаи "маҳкам кардани равзана” шуморо тавассути кликҷекинг метавонанд, ба ягон чизи бароятон нолозим обуна намоянд.

Инчунин, боз шаклҳои ҷиддии кликҷекинг, марбут ба амнияти рақамӣ ва маълумоти шахсӣ вуҷуд доранд. Масалан, дар равзанаи ноаён метавонад фармони пинҳонӣ ҷойгир бошад. Вақте шумо тугмачаи безарари берунаро пахш мекунед, ба дастгоҳатон маводҳои зарароварро боргирӣ мекунанд ё аз саҳифаатон дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумотҳои нолозимро тақсим мекунанд.

Шумо метавонед бо кликҷекинг дар замимаҳои телефони дастии худ низ рӯ ба рӯ шавед. Онҳо ба амнияти рақамии шумо таҳдид мекунанд.

Чӣ хел худро бояд муҳофизат кард?

Кликҷекинг мушкили ҷиддии натанҳо корбарон, балки сомонаҳо низ мебошанд. Баъзе сомонаҳои ҷустуҷӯӣ мекӯшанд, ки бо кликҷекинг мубориза баранд. Онҳо рейтинги кликҷекингҳоро паст намуда, дар пешкаши натиҷаҳои ҷустуҷӯ онҳоро ба таъхир мегузоранд.

Барои корбарон роҳи аз ҳама боэътимоди муҳофизат аз пешгирии кликҷекингк – гурез аз сомонаҳои муҳтӣавояшон дуздӣ, шубҳанок ва дорои тугмачаҳои кликбейтӣ мебошад. Барои корбар тафтиши тағйири суроғаи сомона ва муайян кардани он, ки оё ӯ дар сомонаи зарурӣ қарор доред ё не, зарур мебошад.

Шумо бо кадом намуди кликҷекингҳо дучор омадаед?


манбаъ: .се.нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!
Расонаомӯзӣ