Дар Осиёи Марказӣ барнома барои рушди муқовиматпазирии ҷавонон бар зидди суханони нафратангез ва иттилооти бардурӯғ дар интернет фаъол гардид. Платформаи Qlever як портали шабакавии таълимӣ ва фароғатӣ дар заминаи Android буда, ҳамчунин дорои вебсомонаи www.qlever.asia аст.
“Ҳадафи Qlever ин ҳавасманд гардонидани ҷавонони осебпазир (аз 18 то 35-сола) дар ноҳияҳои дурдасти Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон аст”,- мегӯянд созмондиҳандагони барнома.
Платформа дар доираи лоиҳаи BRYCA "Бунёди муқовимат ба таъсири суханони ғайриқонунии нафратангез ва иттилооти бардурӯғ дар интернет ва ВАО-и иҷтимоӣ дар ҷавонони Осиёи Марказӣ", ки аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ шуда, таҳия карда шудааст.
“Дар ҳар як кишвар барои муайян кардани масъалаҳои марбут, ки дар рафти таҳияи бозиҳои таълимӣ истифода мешаванд, барномаи мониторинги ВАО (аз ҷумла фазои интернетӣ) амалӣ карда мешавад. Ин мониторинг намунаҳои воқеии суханронии нафратангез, тақаллубкорӣ, сӯиистифода, таҷассумнамоиро ошкор мекунад, ки метавонад шаклҳои гуногун дошта бошад: истифодаи нодурусти далелҳо, изҳороти бардурӯғ, иқтибосҳои бардурӯғ, сӯиистифодаи тасвирҳо/ видео/ маълумотро дарбар гирад”,- қайд менамоянд созандагони платформа.
Истифодаи платформа ройгон буда, барои муваффақиятҳо дар барнома метавонед соҳиби тӯҳфаҳо шавед.
“Барои дастрасии пурра истифодабаранда бояд аз қайд гузарад. Дар баробари дарсҳо дар мавриди саводӣ расонаӣ корбар метавонад хабарҳои муҳими Осиёи Марказиро хонад, дар форум бо корбарони ҳамсоякишварҳо вориди баҳс шавад ва ҳамчунин бозӣ кунад. Бозиҳо барои рушди саводи расонаии корбар равона шуда, барои муваффақиятҳо бал дода мешавад. Корбароне, ки хол ё балхои заруриро ба даст меоранд, метавонанд аз мағозаи Qlever харид кунанд. Бар ивази холҳои муайян ба корбарон аз китобу флешкорту диктофон то ноутбук ба фурӯш гузошта шудааст” – иттилоъ доданд созандагони платформа.
QLEVER барои телефонҳои мобилӣ дар Google Play Market дастрас аст, ҳамчунин шумо метавонед аз сомонаи www.qlever.asia истифода баред.
QLEVER-ро аз ыониби Тоҷикистон ИҶ "Гурдофарид" сарпарастӣ мекунад.