Пайғом

ДАРСИ 3. НАВОРИ ОМӮЗИШИИ ҚАДАМИ ДАЛЕЛСАНҶӢ

filetype: барои ҷустуҷӯ намудани маълумот аз интернет дар форматҳои гуногун кӯмак мерасонад. Дар интернет, ки маълумот хеле зиёд аст, барои дарёфт намудани чизи лозима вақти зиёд масраф мешавад. Зеро интернет мавзӯи шумо ҷустуҷӯ намударо дар форматҳои зиёд пешниҳод мекунад. Аз ин лиҳоз шумо имкон доред, ки маълумоти лозимаро дар формати ба худатон зарурӣ ҷустуҷӯ намоед.

Мавод: сомона
Вазифа: ҷустуҷӯи маълумот дар формати зарурӣ
Абзор:  filetype: 
 
Қадами 1
Барои дар формати зурурӣ ҷустуҷӯ намудани маълумот шуморо мебояд, ки калимаи filetype: навишта формати ба худатон заруриро нависед ва якто фосила (пробел) гузошта баъд мавзӯи лозимаро нависед. Маслан, «filetype:pdf душанбе». Агар ба шумо дигар формат лозим бошад онро менависед. Инҷо дилхоҳ форматро гузоштан мумкин аст. Мо ҳоло Душанберо дар форамати Pdf ҷустуҷӯ мекунем.


Қадами 2
Ин ҷо ҳамаи маълумотҳо, ки пайвастагӣ бо мавзӯи «Душанбе» дорад дар формати Pdf пешниҳод мешавад. Дилхоҳ сарлавҳаи ба худатон заруриро мекушоед ва маълумотҳоро метавонед мутоила намоед ва ё боргирӣ (скачать) кунед.

Қадами 3
Ҳоло мо мавзӯи «Душанбе» ро аз тамоми сайтҳо ҷустуҷӯ намудем. Шумо имконият доред, ки мавзӯъро дар формати зурурӣ аз ягон сомонаи конкретӣ дарёфт намоед. Барои ин қаблан номи мавзӯро менависед, баъдан фосила (пробел) гузошта site: менависед, баъд суроғаи сайти заруриро мегузоред ва баъдан filetype: навишта формати лозимаро мегузоред. Масалан, мо мавзӯи «Душанбе»-ро аз сомонаи «Созмони Тандурустии Ҷаҳонӣ» дар формати Pdf ҷустуҷӯ мекунем, ки чунин нависшта мешавад:
Dushanbe site:who.int filetype:pdf

Дар зер бо навори дарси мо шинос шуда метавонед, ки қадамҳои боло дар он нишон дода шудааст:


Маводи мазкур бо кӯмаки мардуми Амрико, ки аз тариқи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ расонида мешавад ва дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи MediaCAMP, ки аз ҷониби Internews бо дастгирии молиявии USAID амалӣ мегардад, омода шудааст. ТҶ "Имкон" ва гурӯҳи эҷодии mediasavod.tj барои муҳтавои ин нашрия масъул буда, шарт нест, ки он мавқеи USAID ё Ҳукумати ИМА ё Internews-ро инъикос намояд.

#mediasavodtj #rasonashinosi #comictj #internewstj #rasonasozon #USAID #MediaCAMP 
#MediaTJ #Internews #саводирасонаӣ #тафаккуриинтиқодӣ #фактчекинг #далелсанҷӣ 
#медиаграмотность #цифроваяграмотность
Расонаомӯзӣ