Cаводи расонаӣ, таҳлил ва таҳқиқ

Пахши телевизиони рақамӣ дар Тоҷикистон: вазъият чӣ гуна ?

Таҳлил ва таҳқиқ
Мавриди баррасӣ қарор додани “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизион ва радиошунавоӣ барои солҳои 2010-2025”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 529 аз 1 октябри соли 2009 қабул гардидааст, фикр мекунам, ки айни муддаост. Зеро ин барнома мақсад ва вазифаҳои давлатро дар рушди соҳа ифода менамояд.
Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизион ва радиошунавоӣ барои солҳои 2010-2025 ин як навъ раҳнамо аст, ки рушди соҳаро дар марҳилаҳои гунгогун нишон медиҳад ва татбиқ гардидани он дар заминаи қабул ва амалӣ шудани барномаҳои мухталиф таъмин мешавад.

Яке аз чунин санадҳо «Барномаи давлатии рушди телевизион ва радио дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» аст, ки ин мавзӯъ дар гузориши маърӯзачӣ муфассал баррасӣ шуд ва ҳамзамон таъкид гардид, ки ин сеюмин барномаи давлатӣ дар бахши таъмини рушди воситаҳои ахбори оммаи электронӣ дар замони истиқлолияти давлатӣ мебошад. Аммо дар гузориш аз ин 2 барномаи дигар, ки ҳарду низ дар заминаи Консепсияи зикршуда қабул гардида, дар рушди соҳаи расонаҳои электронии кишвар нақши то андозае калидӣ доранд, қариб чизе гуфта нашуд.

Бинобар ин дар ин гузориш то ҳадде кӯшиш мекунем, ки маҳз ба ин масъала равшанӣ андозем. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2010 № 76 “Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015” тасдиқ гардид. Бояд гуфт, ки ҳанӯз соли 2006 дар Женева 104 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, созишномаи таҳиякардаи Иттиҳодияи Байналмилалии Телекоммуникатсиониро (ИТБ) имзо карданд. Тибқи он кишварҳои ширкаткунандаи ин созишнома бояд ба пахши рақамӣ гузаранд. Аз ҷумла, Созишномаи Женева мӯҳлатҳои мушаххаси гузариш ба пахши рақамиро барои кишварҳои Осиёи Марказӣ муқаррар кардааст. Мутобиқи ин санад, бояд то 17 июни соли 2015 кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон давраи гузариш ба формати пахши рақамиро анҷом медоданд. Ин сана аз поёни давраи пахши аналогӣ ва оғози давраи нави рақамӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд дарак медод. Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бояд то соли 2015 гузариши пурра ба пахши рақамиро таъмин мекард, аммо дар ин давра мувофиқи маълумоти манбаъҳои расмии кишвар ҳамагӣ 60,4% аҳолӣ бо сигнали рақамӣ таъмин карда шуданд.

Вале бояд гуфт, ки на танҳо Тоҷикистон, балки тамоми кишварҳои ҳамсоя низ натавонистанд, ки дар муҳлати нишондодашуда гузариш ба пахши рақамиро таъмин намоянд.

Аслан пахши рақамӣ, ки муродифи телевизиони рақамӣ мебошад, чӣ аст?
Телевизиони рақамӣ ин интиқоли сигналҳои телевизионӣ дар қолаби рақамӣ аст. Пахши рақамӣ нисбат ба пахши анъанавии аналогӣ бартариҳо дорад, масалан сифати беҳтаршудаи тасвир ва садо.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани системаи аврупоии пахши телевизиони рақамии DVB (Digital Vidio Broadcasting – пахши заминии телевизиони рақамӣ) мувофиқи мақсад ба ҳисоб меравад.
Чуноне, таъкид шуд, ба таърихи 17 июни соли 2015 ҳеҷ кадоме аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба пахши рақамӣ гузашта натавонистанд. Аммо ин кор дар ҳамаи ин кишварҳо идома гирифт.

Аз ҷумла, аввалин шуда Қирғизистон 15 майи соли 2017 дар тамоми қаламраваш пахши телевизионҳои аналогиро ба якборагӣ қатъ карда, ба пахши рақамӣ гузашт. Манбаъҳои расмии ин кишвар иттилоъ медиҳанд, ки барои амалӣ шудани ин тарҳ беш аз 2,6 миллион доллар маблағ сарф шудааст. Ҳамзамон гуфта мешавад, ки ин маблағҳо аз ҳисоби буҷаи давлатӣ ҷудо нашудаанд ва тамоми маблағ аз ҳисоби фаъолияти худкифоягии яке аз ниҳодҳои оператори миллии алоқаи “Кыргызтелеком” сарф шудааст. Ин кишвар дар ҷараёни татбиқи ин лоиҳа ба як қатор меъёрҳои ҳуқуқӣ (3 қонун) тағйирот ворид кард. Дар ин кишвар дар бастаи ҳатмӣ 21 шабакаи телевизионӣ ворид шудаанд.

Федератсияи Русия ба пахши пурраи рақамӣ соли 2019 гузашт ва дар бастаи пахш 20 шабакаи рақамии ин кишвар ворид шудаанд.

Ҷумҳурии Ӯзбекистон то охири соли 2018 гузариш ба пахши рақамиро марҳила ба марҳила анҷом дод ва барои татбиқи ин лоиҳа беш аз 100 миллион доллар, асосан аз ҳисоби қарзҳои Бонки рушди Ҷопон сарф кард. Дар ин кишвар ба ҳеҷ кадоме аз Қонунҳои марбута тағйирот ворид накардаанд.
Таҷрибаи гузариши Қазоқистон ба пахши рақамӣ тамоман дигар аст. Дар ин кишвар гузариш дар 4 марҳила (ба тарзи гузариши минтақавӣ) шуруъ аз соли 2018 то охири соли 2021 анҷом ёфт. Қазоқистон бо ин мақсад 161 миллион доллар сарф кардааст.

Дар Тоҷикистон бошад, Барномаи нави давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024, ки Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз “30” августи соли 2019, № 437 тасдиқ шудааст, қабул гардид.

Барномаи мазкур ба муайянсозии ҳадафҳо, афзалият ва тадбирҳо ҷиҳати ташаккул ва рушди телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шуда, бо мақсади амалисозии Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ барои солҳои 2010-2025 таҳия гардида, амалигардонии онҳо барои ҳалли вазифаҳои муҳими ислоҳоти соҳаи телевизиони Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир мусоидат менамояд.

Вақте ки ин барнома қабул гардид, чунин вазъият ҳукмфармо буд. Дар натиҷаи амалишавии Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2015, фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо барномаҳои пахши рақамии телевизион 60,41 фоизро ташкил медод.

Дар ҳудуди шаҳри Душанбе, марказҳои вилоятҳои ҷумҳурӣ ва баъзе маҳалу марказҳои шаҳру ноҳияҳои кишвар фиристандаҳои рақамии ҷамъияти саҳомии кушодаи “Телерадиоком” барои пахши барномаҳои “Телевизиони Тоҷикистон”, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Сафина”, “Ҷаҳоннамо”, “Телевизиони кўдакону наврасон “Баҳористон”, телевизионҳои “Варзиш”, “Синамо” ва мусиқии Тоҷикистон “Шаҳнавоз” насб карда шуда буданд. Аммо дар бораи миқдор ва иқтидори онҳо чизе гуфта намешавад.

Мувофиқи низоми мавҷудаи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло таъмини фазои иттилоотии кишвар бо барномаҳои давлатии телевизион ва радио тавассути воситаҳои техникии пахши рақамӣ ва аналогӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар назар буд, ки амалисозии Барномаи 5 сола дар 5 марҳила (тибқи нақшаи чорабиниҳо) сурат мегирад. Фиристандаҳои пахши телевизионии аналогӣ то бапуррагӣ насб шудани фиристандаҳои пахши телевизиони рақамӣ дар якҷоягӣ истифода хоҳанд шуд.

Инак, ҳоло марҳилаи чоруми ин барнома ба поён мерасад. Ва шояд суоли матраҳ ин бошад, ки ҳоло мо дар кадом нуқта қарор дорем. Ростӣ, пайдо кардани маълумоти мукаммал дар ин бобат хеле мушкил аст. Аммо бо истифода аз иттилооти манбаъҳои боз ҳоло вазъиятро метавон чунин арзёбӣ кард:

Бино ба таъкиди Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 дар доираи татбиқи марҳилаи 3-юми Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 дар минтақаҳои гуногуни мамлакат 27 фиристандаи гуногуниқтидори рақамӣ насб ва ба истифода дода шуданд. Гуфта мешавад, ҳамин тариқ, марҳилаи 3-юми Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024 пурра амалӣ гардида, фарогирии аҳолии ҷумҳурӣ бо пахши рақамӣ ба 81,26% расонида шуд.

Дар як нишасти матбуотии худ Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид дошт, ки барои беҳтар гардидани пахши рақамии барномаҳо дар вилоятҳои Суғду Бадахшон 12 манора бо баландии аз 12 то 18 метр вобаста ба минтақаи ҷойгиршавии истгоҳҳои радиотелевизионии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон васл карда мешаванд..

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, дар доираи татбиқи марҳилаи 4-уми барномаи мазкур корҳои омодагиву таъмири бинои техникӣ ва хати барқ дар макони насби фиристандаҳои рақамӣ дар як қатор маҳалҳои минтақаҳои мухталифи кишвар анҷом дода шуданд.

Тазаккур дода шуд, ки иҷрои марҳилаи 4-уми «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024», ки насби 30 фиристандаи рақамиро дар назар дорад, то охири соли 2023 ба анҷом расида, он имкон медиҳад, ки фарогирии аҳолӣ дар ҷумҳурӣ бо пахши рақамӣ ба 83% расонида шавад.

Чуноне гуфтем, ин барнома 5 марҳиларо дар бар мегирад ва бояд дар марҳилаи ниҳоӣ боз 17 фоизи боқимондаи аҳолӣ бо пахши рақамӣ таъмин карда шгаванд.

Ҳамчунин дар доираи Барномаи мазкур раванди ташаккули мултиплекс – яъне бастаи пахш идома дорад. "Мультиплекс (MUX) - маҷмӯи шабакаҳои телевизионӣ ва радио, ки бо истифода аз як канали басомади радиоӣ пахш мешаванд".

Ҳоло дар Тоҷикистон як мултиплекс таъсис дода шуда аст ва дар таркиби он ҳамаи шабакаҳои давлати телевизионии ҷумҳурӣ: Шабакаи Тоҷикистон, * ТВ Сафина, * ТВ Бахористон, * ТВ Ҷахоннамо, * ТВ Варзиш * ТВ Синамо, ТВ Шаҳнавоз, ТВ Душанбе, шабакахои телвизиони давлатии минтакавӣ: • ТВ Бадахшон, • ТВ Сугд, • ТВ Хатлон, • ТВ Кулоб, инчунин 6 Канали хориҷӣ: • Euronews • Carousel • Planet Animal • Nat. Гео • Илм • Варзиш 1 ва 4 сол муқаддам 2 пахшкунандагони мустақил - TRC Asia , TV SM1 шомил буданд. Ҳоло аз ширкатҳои ғайридавлатии телевизионӣ ТВ Регар низ вориди мултиплекс аст.

Як комиссияи интихоби рақобатӣ низ эҷод шудааст ва фаъолият мебарад.

Дар баробари ин пешрафтҳо дар самти татбиқи «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» ҳамчунин як қатор масъалаҳое мавҷуданд, ки дар сурати ҳаллу фасли онҳо татбиқи босамари барнома имконпазир хоҳад шуд.

Масалан, як қатор коршиносони соҳа тавсия медиҳанд, ки ба фановариҳои муосиртаре, ки имкони пахши тасвирро дар форматҳои 4K, 8K ва 16K фароҳам меоранд, ҷустуҷӯ кунанд, зеро вузуҳи HD рӯз ба рӯз босуръат кӯҳна мешавад.

Бояд гуфт, ки аз шабакаҳои ба мултиплекс дохилшуда ҳамаи шабакаҳои телевизионии давлатии ҷумҳуриявӣ ва минтақавӣ аз ҳисоби буҷет маблағгузорӣ карда мешаванд. Каналҳои хориҷӣ ройгон пахш мешаванд. Аммо барои пахшкунандагони мустақил саҳми пулӣ муқаррар карда шудааст, ки он бинобар таъкиди намояндагони ин шабакаҳо барои онҳо гарон аст. Айни замон ТВ См 1 ба ҳамин далел аз мултиплекс хориҷ шудааст.

Телевизиони Регар яке аз камтарин расонаест, ки ба пахши рақамӣ рӯ овардааст. Ин ширкат барои гузаштан ба телевизиони рақамӣ ва пахши барномаҳо дар формати HD дар шаҳри Турсунзода ва гирду атрофи минтақаи 100-километрӣ онҳо беш аз 10 ҳазор доллар сарф кард. Аммо дар баробари ин хароҷот тамом намешавад, барои ҳар як соати вақти эфир, вобаста аз қувваи сигнали ирсолшуда бояд аз 16 то 40 сомонӣ (аз 1,5 то 3,7 доллар) пардохт шавад. Телевизиони «Регар» барои 7 соат пахши як рӯза дар як моҳ 4350 сомонӣ (398 доллар) пардохт мекунад. Масалан, телевизиони Азия-и шаҳри Хуҷанд бо дарназардошти он, ки пахши якрӯзааш зиёд аст, ҳар моҳ 6000 сомони пардохт мекунад. На ҳама расонаҳои мустақил метавонанд чунин хароҷотро пӯшонанд. Дар Ҷумҳурӣ 30 канали телевизионии мустақил амал мекунад, ки бештар аз ними он дар вилояти Суғд аст.

Мо чаро ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар мекунем. Воқеан ҳам имрӯз ширкатҳои мустақили телевизион ва радиои кишвар барои таъмини амнияти иттилоотӣ, иттилорасонии созанда, таблиғу ташвиқи сиёсати давлат ва хусусиятҳои муҳими сиёсати АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ, ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН, инчунин инъикоси дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши бориз доранд. Аз ин рӯ бояд ба мушкилоти онҳо таваҷҷуҳ кард ва аз потенсиали онҳо самаранок бояд истифода бурд.

Дигар аз мушкилоте, ки дар роҳи гузариш ба пахши рақамӣ мавҷуд аст, ин гирифтани муҷаввиз ё худ литсензия аст.

Бояд гуфт, ки ҳоло додани муҷаввиз барои пахши телевизион аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радио иҷро мегардад ва иҷоза барои пайвастан ба басомадҳо аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди президенти Тоҷикистон дода мешавад

Мушкилоти дигар – ин ташаккули бастаи иҷтимоӣ, яъне теъдоди шабакаҳои бепул, барои намоиши ройгон ба аҳолӣ, то ҳанӯз мукаммал нашудааст. То ҳол тасмими ниҳоӣ дар бораи он, ки ба ин баста шабакаҳои мустақил ворид мешаванд ё не, гирифта нашудааст.

Имрӯз мо дар ҷараёни баррасии ин мавзӯъ ба як қатор мафҳумҳои нав, аз ҷумла “мултиплекс”, “бастаи иҷтимоӣ”, ё дигар мафҳумҳои ҳамин соҳа “оператори пахши телевизион ва радио”, “воситаҳои фании пахш”, “интиқоли садои чандканала”, “пахши интернетии телевизион ва радио” рӯ ба рӯ ҳастем, ки онҳо аз нигоҳи ҳуқуқӣ дар конунҳои зарурӣ тафсир нашудаанд. Ин корро низ бояд анҷом дод.

Яке аз масъалаҳои дигар - ин вобаста ба талаботҳои нав ва гузариш ба пахши рақамӣ мутобиқ кардани қонунгузорӣ аст. Яъне гузариш ба пахши рақамӣ дар Тоҷикистон тақозо мекунад, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фаъолияти пахшкунандагонро танзим мекунанд, илова ва тағйирот ворид карда шаванд.

Ҳуқуқшиносони тоҷик мегӯянд, агар мо бо ҳамсояҳои худ, ки аллакай комилан ба пахши рақамӣ гузаштаанд, ҳамқадам бошем, пас, пеш аз ҳама, бояд заминаи меъёрӣ-ҳуқуқиро танзим кунем. Аз ҷумла, на танҳо ба қонун дар бораи телевизион ва радио, ки соли 1996 қабул шудааст, илова ва тағйирот ворид шавад, балки ба дигар конунхо ба мисли:

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма»;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ»;

-Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама»;

- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллифӣ ва қуқуқҳои вобаста ба он» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба фаъолияти пахшкунандагон тағйирот ворид шавад.

Айни замон дар Порлумони кишвар кор дар ин самт, аз ҷумла таҳияи меъёрҳои ҳуқуқии асоси соҳа - Қонуни нави матбуот ва телевизион ва радиошунавонӣ (аз 2 қонун як қонуни мукаммал), Кодекси иттилооти Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият идома дорад ва дар ин кор намояндагони ҷомеаи рӯзноманигорон, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳуқуқшиносони мустақил низ ҷалб шудаанд.

Умедворем, ки ин амалҳо ба татбиқи бомуваффақияти «Барномаи давлатии рушди пахши телевизиони рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024» ва “Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи телевизион ва радиошунавоӣ барои солҳои 2010-2025” дар маҷмӯъ мусоидат хоҳанд кард.