Пайғом

Газлайтинг чист? Чаро дар ин бора бояд донист.

Вожа аз номи филми амрикоии "Gasligh" (коргардон Ҷорҷ Кюкор, 1944) гирифта шудааст. Тибқи сужаи филм, шавҳари зани ҷавон ба таври ногаҳонӣ ашёҳоро дубора танзим ва чароғҳои хонаро иваз мекунад. Вақте ки зан ин ҷузъиётро пай мебарад, шавҳар ҳама чизро қатъиян рад карда, ӯро бовар мекунонад, ки бо вай чизе рух додааст . Ин ҳама манипулясия ё худ дасткориро вай қасдан мекунад, то ки дар занаш нобоварӣ нисбати хотира ва кофӣ набудани зеҳнаш пайдо гардад, Мард ин ҳамаро ба хотири пинҳон кардани ҷиноятҳояш амалӣ карда буд. 

Мо дар ҳаёти маъмулӣ низ бо чунин манипулясия ё худ дасткориҳо зиёд дучор мешавем. Масалан, шояд борҳо шоҳид будед, ки дар вақти баҳс рақиби шумо ягон ҳарфи гуфта ё амалҳои қаблиашро комилан инкор карда, "ман ҳеҷ гоҳ чунин нагуфтаам!", " ба шумо чӣ шуд?" “аз афташ каме аз ақл дур шудаед ” мегӯяд ва ба дилатон шубҳа меандозад? Эҳтимол чунин андешаҳо низ дар саратон чарх мезананд: "ё шояд ӯ дар ҳақиқат инро нагуфтаст ва ман иштибоҳ мекунам?". Дар ин ҳолат, манипулятор дидаву дониста шуморо гӯл (“газлайт”) мезанад ва дар назари аввал, чунин менамояд, ки ин амал як рафтори тамоман безарар аст. Аммо равоншиноси маъруфи амрикоӣ ва муаллифи китоби “The Gaslight Effect” (нусхаи русии китоби “Манипуляцияҳои пинҳонӣ барои мудирияти ҳаёти ту. STOP gaslighting)” Робин Стерн мутмаин аст, ки газлайтинг ҳамеша хатарнок мебошад. “Хатари раҳо кардани воқеияти мо хеле бузург аст. Ин метавонад бо ҷиноятҳои ба назар хеле кӯчак ва ҷузъӣ оғоз шавад. Аммо масъала ин аст, вақте шумо таҳти таъсири сухани дигарон қазоват ё воқеияти худро зери шубҳа мегузоред, чунин мавридҳои ночиз метавонанд, ки мисли кулӯлаи барф рушд кунад”, - таъкид мекунад Робин. 

Газлайтинг як шакли зӯроварии равонӣ ҳисобида мешавад. Оқибатҳои он бо мушкилоти равонӣ ва эҳсосии шахс оварда мерасонад. Чӣ гуна худро аз газлайтинг муҳофизат кардан мумкин аст? Агар шумо ногаҳон пай баред, ки касе кӯшиши "газлайти" шуморо  мекунад, коршиносон тавсия медиҳанд, то амалҳои зерино бидуни таъхир иҷро шаванд: 

1. Мушкилотро мушаххас кунед. Эътироф кардани мушкилот адами нахустин барои эҷоди муқовимат аст. Вақте ки шумо проблемаро муайян кардед, сабт кардани баъзе гуфтугӯ ва ҳолатҳо муфид хоҳад буд, то баъдтар шумо битавонед сабти худро баррасӣ карда, қилро аз хамир ва ҳақиқатро аз таҳриф ҷудо кунед; 

2. Ба худ ва эҳсосоти худ эътимод кунед. Мушкилоти асосии газлайтинг дар он аст, ки ҷабрдида аз худ суол карда, ба эҳсосот, андеша ва пиндори худ шубҳа мекунад. Кӯшиш кунед, ки эҳсосоти худ ва вазъиятеро, ки шубҳаи шуморо ба миён оварда буданд, ба таври дақиқ тасвир ва дарк намоед; 

3. Бо нозирони мустақил дар тамос шавед. Аз одамоне, ки ба онҳо эътимод доред ва онҳое, ки ба ин вазъ робита надоранд, бипурсед, ки оё онҳо тағйиротҳоеро, ки бар шумо талқин кардан мехоҳанд, пай мебаранд? 

Газлайтинг як шакли хеле мураккаби манипулясия аст ва баъзан онро шинохтан кори осон нест. Дар ҳақиқат, инсон ба ҳисси худ ва хотираи худ нобоварӣ эҳсос мекунад. Аз ин рӯ, дар баъзе ҳолатҳои душвор танҳо мутахассис метавонад касро наҷот бахшад. 

Оё шумо нисбати худ ё шахси дигар ягон бор газлайтингро дидаед? 

#расономӯзӣ #саводирасонаӣ #тафаккуриинтиқодӣ #бидончизротамошомекунӣ #darkmuҳimast #osiaftj #grantOSIAF #support media 

Сарчашмаҳо: Се нуқта (Три точки)
2019-12-17 15:05 Расонаомӯзӣ