Пайғом

Тролл кист ва чӣ гуна бо ӯ муносибат бояд кард?

Мо бо мардум дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таври гуногун муошират мекунем: касе мекӯшад, ки худро танҳо бо шиносҳо иҳота кунад, дигаре ба осонӣ ба муколамаи онлайнӣ ворид мешавад ва бо бегонагон баҳс мекунад. Дар ҳар сурат хеле муҳим аст донем, ки бо кадом корбарон бояд боэҳтиёт бошем.

Панҷ намуди чунин корбарон ҳастанд:

- тролл

- корбари фейкӣ

- бот

- корбари беном (анонимӣ)

- корбари тасдиқшуда

Мо дар бораи ҳар яки онҳо алоҳида маълумот медиҳем. Имрӯз маводи мо дар бораи троллҳо аст


Тролл кист?

Калимаи "тролл" аз инглисӣ trolling пайдо шудааст - роҳи моҳидорӣ вақте моҳигир нишон додани мешавад, ки “хӯроки” шаст зинда аст. Троллинг дар интренет пеш аз ҳама провокатсия ва эҷоди баҳси шадид аст ки ба ин усули моҳидорӣ монанд аст. Тролл на ҳамеша корбарони анонимӣ аст, бисёр вақт онҳо шахсияти худро пинҳон намекунад. Баъзан ҳатто шахсиятҳои машҳур метавонанд ба троллинг машғул шаванд: блогерҳо, сиёсатмадорон, рассомон ва ғайра.


Чӣ зарар дорад?

Барои ҷалб кардани ҳамсӯҳбат ба муҳокима троллҳо аз усулҳои "ифлос" истифода мебаранд: ҷанҷол, дурӯғи ҳайратангез, таҳқир, бозӣ бо мавзӯъҳои ҳассос. Ҳамин тариқ, троллҳо метавонанд бо зид гузоштани одамон ба ҳамдигар муҳити муноқишаии байни миллатҳо /мазҳабҳоро муҳайё кунанд. Барои тролл чизи муҳимтарин ҷанҷолест, ки шумораи зиёди корбаронро дар бар мегирад.


Чаро онҳо ин тавр мекунанд?

Барои троллинг сабабҳои зиёде мавҷуданд: аз комилан оқилона - машҳур шудан, фарогирии бештари матлаби худ, то шахсӣ - фароғат аз дилтангӣ.


Чӣ гуна троллро шинохтан мумкин аст?

Тролл як инсони воқеӣ бо аккаунти шахсӣ ё анонимӣ аст. Троллҳо одатан дар зери маводҳои (пост) блогерҳои машҳур “зиндагӣ мекунанд”. Онҳо эзоҳро (комментарий) дар ҷойҳое мегузоранд, ки эҳтимоли ҷавоб додан ба он бештар аст. Масалан,тролл метавонад дар гурӯҳи муҳофизони ҳайвонот дар бораи парронидани ҳайвонот нависад, ки албатта баҳси бисёре хоҳад дошт. Муҳим аст, ки троллро бо шахсе, ки бо фикри шумо норозӣ аст, омехта накунед.


Тролл одатан далелҳои қотеона пешниҳод намекунад, барои ӯ муҳим аст шуморо ба хашм орад. Троллҳо тактикаи худро доранд: яке аз иштирокчиёни муҳокимаро ба хашм меоранд ва сипас, вақте ин корбар бо эҳсосот шарҳ менависад, ба оромӣ даъват мекунанд.

Чӣ гуна бояд муносибат кард?


Беҳтарин роҳ ин беэътиноӣ кардан ва “нахӯронидани” тролл аст. Бесилоҳ кардани тролл - ин саривақт шинохтани фитна ва посух надодан ба он аст. Усулҳои дигар, аз ҷумла троллинги мутақобила ё кӯшиши ба таври оқилона бо тролл баҳс кардан, диққат додан ба ӯ аст, ки мақсади асосиаш аст.


манбаъ: .се.нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!


Расонаомӯзӣ