Пайғом
Эҳтиёт, кликбейт! Чӣ гуна одамон маҷбурӣ истинодро клик мекунанд?
ҷКликбейт мушкилоти асосии таблиғоти интернетӣ ва дар маҷмӯъ Интернет мебошад. Инҳо сарлавҳаҳои дурахшон, бофтаю дурӯғ ва як навъи сӯиистифода аз тасвир аст, ки аз ҷониби ширкатҳои рекламавӣ барои пешбурди тадбирҳои таблиғотии ғайриҳирфаӣ истифода мешаванд.
Кликбейт (аз калимаи анг. click "ангушт задан" bait "дом") як истилоҳи таҳқиромез аст, ки муҳтавои веб-ро тавсиф мекунад ва ҳадафи он ба даст овардани даромад аз онлайн - реклама, бахусус бар зарари сифат ва саҳеҳияти иттилоот мебошад.
Дар баъзе ҳолатҳо, ба даст овардани даромад ҳадафи асосӣ нест. Балки, сарлавҳаҳои ҳассос ё тасвири ҷолибро барои зиёд кардани шумораи кликҳо ва ташвиқи паҳнкунии мавод тавассути Интернет, хусусан шабакаҳои иҷтимоӣ, истифода мебаранд. Азбаски ҳадаф на ба таври беҳтару ҷолиб пешкаш кардани маъно, балки ҷалби теъдоди ҳарчӣ бештари корбарон ба саҳифа аст, сарлавҳаҳои “кликбейтӣ” одатан моҳияти сабаби иттилоотиро нодида гирифта, ба дурӯғ роҳ медиҳанд.
Кликбейт инчунин метавонад ҳамчун воситаи паҳн кардани нармафзорҳои зараровар хидмат кунад.
Аломатҳои тавсифии кликбейт
сохтани сарлавҳа он тавре, ки хонандаро ҳавасманд намояд, аммо моҳият ва ҷавҳари мақоларо фош накунад истифодаи
ибораҳои намоишӣ («ана ин», “ин” «инҳо») барои эҷоди ҳисси муколама бо хонанда бо хонанда ба"ту" муроҷиат кардан
ихтилофи назар, ки боиси хавотирӣ ё аксуламали эҳсосотӣ аз ҷониби хонанда мегардад истифода аз қолабҳое, ки хонандаро ба чолиш мекашад ("Шумо бовар намекунед!", "Шумо ҳеҷ гоҳ нафаҳмидаед ..." ва ғайра)
истифодаи ғайримақсадноки нуқтаҳо, аломатҳои савол ва хитоб
фаровонии тавсифҳои иғроқӣ , бешфаъолӣ, муболиғаи аҳамияти тавсифшуда
дар сарлавҳа ҷой додани воҳидҳои фразеологӣ, ибораҳо аз нутқи ҳамарӯза, ҷумлаҳои ноқис, ки одатан эҳсоси тааҷуб ё лаззатро медиҳанд
истифодаи расмҳои ҷолиб ё ҳайратангезу шоккунанда дар пешнамоиш
маълумотномаҳои бардурӯғ оид ба марг ё мусибате, ки гӯё бо шахси маъруф рух додаанд
ваъдаи фоида: пулҳои осон, молҳои бепул ё ғайриоддӣ, пасандозҳои калон
ваъдаи ифшои сирри махфӣ, ки донистани он манфиати муайяне медиҳад
тарҷума аз русӣ
манбаъ: cе нуқта
mediasavod.tj
2020-01-17 04:56
Расонаомӯзӣ