-таҳмил ва таъсиррасонии равонӣ бо кӯмаки ишораҳо ва суханрониҳои нафарони бонуфуз, “пешвоёни андеша”. Вақте одамон маълумотеро қабул мекунанд, ки на дар асоси исбот, балки нуфузи манбаъ асос ёфтааст. Яъне ба нафарони маъруф новобста ба он ки ӯ коршиноси маҳсулоти тарғибкунанла нест, эътимод мекунанд;
-таҳмил ва таъсиррасонии равонӣ тавассути ишора ба фард: “Мо аз Шумо ғамхорӣ мекунем”.
-таҳмил ва таъсиррасонии равонӣ ба воситаи намоиши сатҳи баланди боварӣ. Барои мисол: “Бо як бор истифода аз он, Шумо ҳеҷ гоҳ маҳсулоти дигарро харидорӣ намекунед”.
-таъсиррасонӣ ба воситаи такрор -таъсиррасонӣ ба воситаи вижагии сухан ва суръати баён, “аз ҳааааааама таъми нафис!” ва ғайра
Усулҳои суггестио дар соҳаҳои гуногун васеъ истифода мешавад: равоншиносӣ, тиб, сиёсат, ВАО, реклама ва ғайра. Ҳамчунин он метавонад бо истифода аз доруҳо ва усулҳои махсус ба ҳолати шоду нерӯмандӣ, бехудӣ, ё хоб оварда расонад.
Муҳим, фарқ намоед, ки суггестио метавонад, мусбат ҳам бошад. Тавассути ин усул ҳар гуна фобия, тарс ва нобоварии шахс табобат мешавад.