Имрӯз, 21 феврал, дар Донишгоҳи KIMEP воқеъ дар шаҳри Алматои Қазоқистон MediaCamp Эдютон – анҷумани бошукӯҳ оид ба саводи расонаӣ #edyuton2020 барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бо ширкати намояндагони Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон расман оғоз гардид
Дар маросими ифтитоҳи ин анҷуман директори минтақавии #Internews дао Осиёи Марказӣ Марат Бигалиев, Директори минтақавии миссияи #USAID дар Осиёи Марказӣ Кристофер Эдвардс ширкат доштанд. Хотиррасон мекунем, ки #edyuton2020 дар доираи барномаи #MediaCAMP ва маблағгузории #Internews амалӣ мегардад.
Дар рӯзи аввали кори анҷуман коршиносони маъуф ба мисли Витаут Рудник (Белорус) , Шаходат Саибназарова (Тоҷикистон), Саида Сулайманова (Ӯзбекистон), Евгений Хабаров (Қазоқистон), Ирина Чистякова (Қирғизистон), Ҷамшед Маъуф (Тоҷикистон), Сергей Штурхецкий (Украина), Рустам Гулов (Тоҷикистон) , Марат Садыков (Қазоқистон) мавзӯҳои "Чӣ гуна дарсҳои расонаомӯзиро метавон таррҳрезӣ кард ва самаранокии онро баҳо гузошт?", "Усулҳои интерактивии таълими рушди тафаккури интиқодӣ", "Технологияҳои бозӣ дар таълими расонаомӯзӣ", “Усулҳои шинохти дасткорӣ ва маълумоти бардурӯғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ”, "Абзор рақамӣ дар хидмати расонаомӯзӣ", “Чӣ гуна дасткориро метавон дар фотожурналистика муайян кард?”, "Наворбардорӣ ва коркарди видео дар телефонҳои ҳушёр” ва ғайраро ба баҳс ва баррасии умум кашиданд.
Анҷумани мазкур то 24 феврал идома меёбад.
#edyuton2020 #MediaCAMP #internewstj #mediatj #USAID