Пайғом

Калонсолон маълумоти нодурустро нисбат ба ҷавонон 7 маротиба бештар паҳн мекунанд.

Олимони Амрико исбот кардаанд, ки калонсолон маълумоти нодурустро 7 маротиба бештар нисбат ба ҷавонон паҳн мекунанд. Профессорони донишгоҳои Принстон ва Ню Йорк маводи нашр намудаи 3500 истифодабарандаи Facebook дар Амрикоро омӯхтаанд. 

Дар натиҷаи тадқиқот 11% одамоне, ки хабарҳои фейкро тақсим кардаанд беш аз 65 сол доштанд, дар ҳоле ки миёни ҷавонони аз 18 то 29 сола, ҳамагӣ 3 % боиси паҳншавии хабарҳои тақаллубӣ гаштаанд. 

Ҳамчунин олимон зикр карданд, ки сатҳи дониш, мизони даромад ва мансубияти ҷинсии онҳо ба пажӯҳиш таъсир надоштааст. Олимон дақиқ намедонанд, ки чаро нафарони аз 65 сола боло хабарҳои фейкро бештар паҳн мекунанд. 

Аммо онҳо ба ин суол, ду шарҳи эҳтимолиро пешниҳод карданд: Калонсолон ба олами интернет дертар ворид шуданд ва аз ин рӯ малакаҳои рақамии на чандон хуб доранд. Бо гузашти сол тафаккури интиқодии баъзе инсонҳо коҳиш меёбад ва ин ба қабули хабар метавонад таъсир расонад. 

Бо вуҷуди натиҷаҳои тадқиқот бояд ба назар гирифт, ки ҳамоно теъдоди истифодабарандаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ ҷавононанд. Паҳн накардани маълумоти нодуруст ва рушди тафаккури интиқодӣ - масъулияти ҳар яки мост! 


#расонаомӯзӣ #саводирасонаӣ #далелсанҷӣ #тафакуриинтиқодӣ #манипуляция #медиаграмотность #критическоемышление 

2020-03-05 05:08 Расонаомӯзӣ