Дасткорӣ аз лаҳзае оғоз мешавад, ки мантиқ ва фаҳмиши солим ба поён мерасад. Дасткорӣ, ки ҳадафи аслиаш сӯиистифода аст, бо роҳи таъсиррасонӣ ба эҳсосот, фаҳмишҳои динӣ ва ахлоқӣ, одатҳо, арзишҳои инсонии одамон пиёда карда мешавад, ки баъзан мо онро пай намебарем ва қурбони ҳадафу хосторҳое мешавем, ки нафар ва ё гурӯҳҳои алоҳида мехоҳанд ба мо таҳмил кунанд.
Роҳ ва усулҳои зиёди дасткорӣ мавҷуданд, аммо аз рӯи самти таъсири эҳсосӣ чанд намуди онро тасниф кардаанд:
Дасткории муҳаббат. Дар кӯдакиамон ба мо гуфтаанд: “Агар ту хӯрокатро нахӯрӣ, ман туро дӯст нахоҳам дошт”. Ин яке аз дасткориҳои дағал ва маъмулест дар муҳити оилавӣ, ки мо ҳатто боре сари он андеша намекунем. Кӯдак, ки ба ин рафтор одат мекунад, фикре ба сараш меояд, ки атрофиён ӯро на ба хотири ҳастии ӯ, балки ба хотири он ки “фаромонбардор” аст ва гуфтаҳои онҳоро иҷро мекунад, дӯст медоранд. Ин пойдевори устувор барои дасткориҳои дигари як фард мегардад, ки ҳатто дар суръати шахсияти бузург шуданаш, ҳам ӯро “сӯистифода” кардан имконпазир мешавад.
Дасткории тарс. Овони кӯдаки ба Шумо гуфтаанд: "... агар ту кори бад кунӣ – девҳо(ва ё ҷину аҷина) меояд ...". Бештари ҳолатҳо ин усул барои ташаккули тафаккури нодуруст байни инсонҳо мусоидат мекунад. Мисоли дигар: Тарбияи кӯдак дар рӯҳияи тарсидан аз полис. - Дасткории нобоварӣ ба худ. Дасткорӣ - ҳамеша характери “ҳукумат кардан” дорад. "Ман раҳбар ҳастам, ту як нодонӣ (ақли ту намерасад)". Масъалаи сарварони асосӣ (хоҳ модар хоҳ падар, сарвар ё сардор) дар он аст, ки ӯ бо ба вуҷуд овардани ҳисси нобоварӣ ва кӯтоҳдастӣ дар тафаккури зертобеон мехоҳад, соҳиби қудрат шавад. Новобаста аз он ки шумо аз “афзалиятҳоятон” нисбат ба ӯ мисол оварданӣ мешавед, вале ҳамеша талош мекунад, аз ҳисоби ҷустуҷӯ ва дарёфти камбудиҳои дигарон худро болотару волотар аз зердастон нишон диҳад. Ӯ танҳо ҳамон вақт нисбати шумо ба таври комил дасткорӣ карда метавонад, ки дарвоқеъ шумо аз камбудиҳоятон рӯҳафтода гашта, “бузургии ӯро” эътироф ва тамғаи “ноӯҳдабаро”-ро ба худ қабул кунед. Худро бо камбудиву норасоиҳоятон қабул кунед ва дар бартарафсозии нуқсонҳои худ бошед.
Дасткорӣ бо таҳмили эҳсоси гуноҳ. Дар ҳаёти оилавӣ хеле маъмул аст. Нафар ва ё гурӯҳе пайваста амалҳои шуморо назора мекунанд ва дар суръати содир шудани гуноҳе аз ҷониби шумо ин афрод пайи “забонкӯтоҳӣ”-и шумо ҳамчун нафари “гунаҳкор” талош мекунанд. Дар мавориди зарурӣ бо хотиррасон кардани “гуноҳатон” аз имкониятҳои шумо сӯистифода мекунанд.
Дасткорӣ бо бедоркунии ҳисси ифтихор ва мағрурӣ. Дар ин ҳолат ҷабридаро бо беҳтар нишон додан аз дигарон,барои иҷрои амале равона мекунанд. “Шумо аз фулони боқувватттар ҳастед... маҳв созед ӯро”. “Шумо як ҷавони тануманд ҳастед, ин либос ба тани шумо хеле шинам ва зебо шуд. Агар ба ҷой Шумо мебудам, ман дарҳол мехаридам...”
Дасткорӣ бо эҳсоси раҳм. Хусусиятҳои ин дасткорӣ – сӯистифода аз раҳму шавқат аст. “Ман бечора ҳастам. Маблағ барои зиндагӣ надорам. ... фарзанди бемор дорам”. Чунин ҳолатҳо байни мо зиёд мушоҳида мешаванд ва ҳарчанд баъзеҳо дарвоқеъ ҳам дар ин ҳолат ҳарфи рост мегӯянд, вале раванди мазкур як навъи дасткорӣ аст, ки барои иҷрои амале водор мекунад.
Бо дарназардошти арзишҳо, эҳсосот, ахлоқ ва ниёзҳои инсонӣ манипуляторон метод ва усулҳои гуногунро корбаст мекунанд:
Манипулятор аз ҷабрдида талаб мекунад, ки ҳатман "дар инҷо ва худи ҳозир" доир ба масъалае қарор қабул кунад (зеро "пагоҳ хеле дер мешавад". Мисол: “Шумораи чиптаҳо хеле маҳдуданд”).
Манипулятор дар "авҷи", пиёдасозии манфиат ва хосторҳои худ ба монанди ҳунарманд нақш бозӣ мекунад ("Нусхаи охирин мондааст ... Рақибон аллакай харидаанд, аммо барои шумо махсус захира карда мондам ... Магар маблағ надоред? Ба ман бигӯед ... Танҳо имрӯз бо 50% тахфиф ...")
Манипулятор ба қурбонӣ бо “пешниҳодҳои ғайриоддӣ” муносибат мекунад ва баъзан объекти мавриди муҳокимаро бо рақибонаш муқоиса карда, талош мекунад, аз худ “беҳтарин” тарошад. (“... аз сабаби он ки сифаташ беҳтар аст, арзиши ин маҳсулот 300 сомонӣ аст ... / таваққуф / ... ... – дар фулон ҷой ҳатто маҳсулоти аз ин бесифат 400 сомонӣ... ба хотире ки Шумо мизоҷи доимӣ ҳастед барои Шумо 200 сомонӣ... биёед бигузор зарар бинам, 180 сомонӣ ... ")
Манипулятор диққати ҷабрдидаро парешон мекунад, "сарашро гиҷ мекунад" (аз ҳар бобат ҳарф мезанад, ба ҳар куҷо ҳаракат мекунад, баъзан дар бораи чизҳое ки ба ин мавзуъ дахл надорад ҳарф мезанад...) - Манипулятор самти иртибот ва муоширатро – бо ҳадафҳои аслии худ, бо пешниҳоди моҳиронаи гӯё баъзе аз афзалиятҳо барои ҷабрдида тавъам мекунад, ки ҷабрдида ҳатто пай намебарад, ки аслан барои манфиати дуввумин амал карда истодааст. (Ба шумо рӯзи ҷумъа соати 14:60 мувофиқ аст? Маблағи ... тариқи корт пардохт кардан барои шумо қулай аст ё нақд?)
Манипулятор баъзан ба хотири расидан ба ҳадафаш ба “мухтотаб”-и худ афзалияту баҳои баланд медиҳад ва дар назди ӯ худро камтаҷрибаву камсаводтар намудор мекунад. Яъне нақши “тобеъ”-ро бозӣ мекунад. ("ман мехостам аз шумо маслиҳат пурсам. Онҳо шуморо ҳамчун мутахассиси ботаҷриба тавсия карданд, аз ин рӯ, танҳо Шумо ба ман кӯмак карда метавонед ..." ) Ин дар фикри ҷабрдида эҳсоси болотар аз дигаронро бедор мекунад ва ҷабрдида бағояти ифтихор аз худ ба таври автоматӣ эҳсоси масъулият мекунад.
Манипулятор ба нафарони маъруф ишора мекунад ё худро чун нафари шӯҳратёр вонамуд мекунад (миллионер, профессор, "шахсан шиноси Комил Шулберт", "академики Академияи умумиҷаҳонии пизишкон ва равоншиносон"; гирандаи ҷоизаҳои зиёд, дорои хусусиятҳои сершумор - либосҳои гаронбаҳо, соатҳо, мошин, "бо муҳокимаи миллионҳо амалиёт даъват мекунад) " ва ғайра.
Тавсия: бо дарназардошти он ки мухотабон аз муошират бо шумо шояд ягон ҳадафи муайян доранд, ҳар як суханро бо назари интиқодӣ баҳогузорӣ кунед. Фаромуш накунед, ки ҳар як сухан, амал ва гузаштҳои дигарон барои шумо ба хотири аксуламале аст.
тарҷума аз русӣ
Сарчашма: https://www.inpearls.ru