Cаводи расонаӣ, таҳлил ва таҳқиқ

Маҳсулоти расонаӣ оё танҳо иттилоот аст?

2024-05-12 19:00 Таҳлил ва таҳқиқ
Фазои муосири расонаии ҷаҳонӣ, ки системаи пешрафтаи расонаӣ ва шабакаҳои пешрафтаи иҷтимоиро дар бар мегирад, бо пайдоиши интернет тибқи қонунҳои муҳити бозор ба фаъолият шурӯъ кард. Аз ин лиҳоз, яке аз мафҳумҳои калидӣ дар соҳаи ВАО ва коммуникатсия истилоҳи «маҳсулоти расонаӣ» мебошад.
Ҳангоми омӯзиши адабиёти илмӣ оид ба ин мавзӯъ мо ба он рӯбарӯ шудем, ки дар асарҳои назарияпардозони иртиботи оммавӣ ва ВАО таърифи аз ҷониби умум қабулшудаи мафҳуми «маҳсулоти расонаӣ»-ро пайдо кардан душвор аст. Муттассифона ба ин кор ҳанӯз олимони тоҷик даст назхадаанд. Бархе аз олимони рус, аз ҷумла Л.П. Шестеркин ва Л. Лободенко дар мақолаҳои худ ин ҳолатро дар муҳити илмии Русия баррасӣ карда, шарҳ медиҳанд, ки дар ин кишвар “мактаби илмӣ дар соҳаи маркетинги расонаӣ ҳанӯз нав ташаккул меёбад». Аз ин рӯ, ҳангоми баррасии ин падида олимон ва мутахассисони рус тафсирҳои гуногун пешниҳод мекунанд. Масалан, Н.Г. Войченко [Войченко, 2014] дар мақолаи «Моҳияти дугунаи маҳсулоти ВАО-и иттилоотӣ, ҳадафи онҳо барои хонандагон ва таблиғгарон дар бозори муосири ВАО» ду таърифи мафҳуми «маҳсулоти расонаӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор додааст. Ба маънои васеъ, ба гуфтаи Войченко, маҳсулоти расонаӣ ҳама гуна иттилоот аст. Ба маънои тангтар, муаллиф зери маънои маҳсулоти расонаӣ иттилоотеро дар назар дорад, ки ба таври мувофиқ коркард ва бастабандӣ карда шудааст. Таърифи мухтасартарин дар «Луғати тафсирии Ефремова» омадааст: «маҳсулоти расонаӣ- маҳсули соҳаи ВАО мебошад». У. Степанова таърифи маҳсулоти расонаиро аз ин зовия баррасӣ кардааст: “Маҳсулоти расонаӣ натиҷаи фаъолияти таълимӣ ё эҷодии расонаии шахс аст, ки иттилооти муайянро ба мухотаби ҳадафмерасонад”.

Олими дигари рус Е.В. Моисеева мафҳуми “маҳсулоти расонаӣ”-ро дар асари худ «Проблемаҳои самаранокии пешбурди маҳсулоти расонаӣ» чунин пешниҳод кардааст: “Моҳияти мафҳуми " маҳсулоти расонаӣ"-ро бо таҳлили вожасозӣ ва равшан шудани маънои ду бахши ин калима метавон таъид кард”.

Ҳамин тавр «расона-media» (аз лотинии «medium» - миёнарав) василаест, ки тавассути он иртибот ва муошират байни гурӯҳҳои одамон ё шахсони алоҳида амалӣ карда мешавад. Ба ибораи дигар, ин як системаи иртибототи оммавӣ мебошад, ки "воқеияти маҷозии фазои иттилоотиро тавлид мекунад". Маҳсулот - истилоҳи сирф маркетинг аст. Дар маркетинг, маҳсулот ба ҳама чизе дахл дорад, ки баъзе ниёзҳо ё эҳтиёҷотро қонеъ мекунад ва бо мақсади ба даст овардан, истифода бурдан ё истеъмол ба бозор пешниҳод карда мешавад.

Барои таҳияи таърифи ниҳоии мафҳуми «маҳсулоти расонаӣ», пешниҳод менамоем, киба истилоҳи «бозори расонаӣ» муроҷиат шавад. Дар ин замина Е.А. Попова ва А. Ставин дар китоби«Таҷрибаи маркетинги варзишӣ: собиқаи ватанӣ ва хориҷӣ» метавон ба хулоса расид, ки бозори расонаӣ - маҷмӯи ширкатҳои расонаӣ мебошад, ки маҳсулоти худро истеҳсол мекунанд ва «ҳамзамон дар бозори мол ҳамчун маҳсулоти иттилоотӣ ва дар бозори хизматрасонӣ. ҳамчун пешниҳодгари хизматрасонӣ барои таблиғгарон ҷиҳати ҷойгир кардани таблиғ фаъолият мекунанд". Ҳамин тариқ, мо фаҳмидем, ки бозори расонаиро се гурӯҳи калон таркиб медиҳанд:

- Истеҳсолкунандагони муҳтаво.
- Мухотаби ВАО - тамошобинон, хонандагон ё шунавандагон.
- Таблиғгарон.

Агар мо кӯшиш кунем, ки мафҳуми зарфиятпазиртарин ва дар айни замон хеле соддаи “ маҳсулоти расонаӣ”-ро муайян кунем, пас пешниҳоди мо ин аст, ки ба тавсифи зерин таваҷҷӯҳ шавад. Ба андешаи мо, маҳсулоти расонаӣ натиҷаи ниҳоии фаъолияти эҷодии расонаии иштирокчии фаъоли системаи иртиботи оммавӣ мебошад, ки бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи иттилоотӣ ва фароғатии мухотаби ҳадаф, инчунин ҷалби таблиғгарони эҳтимолӣ ба бозори расонаӣ манзур мешавад. Маҳз ба ҳамин таърифи мафҳуми маҳсулоти расонаӣ мо минбаъд пайравӣ хоҳем кард.

Хусусияти маркетинги расонаӣ дар он аст, ки ВАО дар як вақт ду маҳсулоти гуногун истеҳсол мекунанд - иттилооти журналистӣ барои мухотаб ва аудиторияё худ мухотаб барои таблиғгарон; инчунин ин молҳоро дар бозорҳои иттилоотӣ ва таблиғотӣ мефурӯшанд.

Ҳамзамон, маҳсулоти расонаиро метавон ҳамчун тамоми васоити ахбори омма (рӯзнома, маҷалла, канали телевизионӣ, радио) ва лоиҳаҳои алоҳидаи он (намоишҳои телевизионӣ, сериалҳо, шумораҳои махсус, лоиҳаҳои махсус, силсилаи мақолаҳо, вебсайти ВАО ва версияҳои мобилии он ва ғайра) фаҳмидан мумкин аст.

Ширкатҳои телевизион ва радиои муосир дар фаъолияти худ барои таблиғи худ аз восита ва абзорҳои маркетинг истифода мебаранд. Захираҳои расонаӣ бо ҳам рақобат мекунанд, шумораи каналҳои телевизион ва радио ва аҳамияти маъруфияти бренди расонаӣ меафзояд. Ин ба пайдоиши маркетинги расонаӣ ё медиамаркетинг оварда расонд. Дар фаҳмиши маркетинги расонаӣ ду равиш вуҷуд дорад.

Гузинаи аввал ин таблиғи молҳо ва хидматҳо тавассути ВАО мебошад.
Дуюм, маҷмӯи тадбирҳоест, ки ба пешбурди худи ВАО дар бозори расонаӣ нигаронида шудаанд.

Ҳамин тариқ мафҳуми «маҳсулоти расонаӣ» яке аз мафҳумҳои марказӣ ҳангоми баррасии мавзӯи медиамаркетинг аст. ВАО, ки дар шароити иқтисоди бозорӣ фаъолият мекунанд, ҳангоми истеҳсоли маҳсулоти расонаӣ маҷбур мешаванд, ки на танҳо манфиатҳои мухотабонроба назар гиранд, балки барои таблиғгарони эҳтимолӣ бояд ҷолиб бошанд, то ки фоидаовар боқӣ монанд. Маҳсулоти расонаӣ натиҷаи ниҳоии фаъолияти эҷодии расонаии иштирокчии фаъоли системаи иртиботи оммавӣ мебошад, ки бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи иттилоотӣ ва фароғатии мухотаби ҳадаф, инчунин ҷалби таблиғгарони эҳтимолӣ ба бозори расонаӣ манзур мешавад.