Пайғом

7 сервис барои далелсанҷӣ

whois.domaintools.com 
Бо даромадан ба ин пойгоҳ дар бораи дилхоҳ сомона маълумоти расмӣ ба даст меоред. Чанд вақт боз таъсис ёфтааст? Дар кадом кишвар сабт шудааст? Номи домениаш чанд маротиба иваз шудааст? Ин ҳама ва маълумоти дигар имкон медиҳанд, ки боваринок будани манбаи интернетиро муайян кунед.

liveuamap.com 
Дар ин харитаи интерактивӣ ҳодисаҳои ҷаҳон бо ишора ба манбаъ инъикос ёфтаанд. Шумо метавонед хабарро аз кишварҳои мухталиф ва минтақаҳо тасдиқ ё инкор кунед, ё ин ки хабареро интихоб кунед, ки ба мавзӯҳо тақсим шудаанд. Камбудии ин маҳзан дар он аст, ки Осиёи Миёна дар онҷо зикр нашудааст. Аммо хабарҳои дурӯғин аз дигар кишварҳо ҳам меоянд.

mapchecking.com 
Ин маҳзан ғунҷоиши толор, майдон ва дилхоҳ обектро дар харита ҳисоб мекунад. Шумо метавонед дастӣ, сохтеро барои ҳисоб ҷудо кунед, теъдоди одамонро барои ҳар як метри квадратӣ интихоб намоед ва воқеъияти хабареро, ки оид ба эътирозҳо ва ҷамъомадҳои оммавӣ маълумот медиҳанд, санҷед 

gkstill.com 
Иловаи беҳтарин ба маҳзани қаблӣ аст: ин пойгоҳ нишон медиҳад, ки обекти интихобшуда бо ғунҷоиши теъдоди муайяни одамон барои як метри квадратӣ, дар кадом ҳолат аз ҳад зиёд пур мешавад. tineye.com Пеш аз ҳама барои тарғиби иттилоотӣ тригерҳои визуалӣ истифода мешаванд, ки эҳсосоти фараҳбахшро ба вуҷуд меоранд. 

Tineye.com на танҳо кӯмак мекунад, ки манбаъи аввали аксро муайян кунед, балки онро пайгирӣ созед: кай ва дар кадом маҳзанҳои интернетӣ ин акс таъғир ёфта буд. 

DownloadHelper ва Nimbus Screen Capture 
Иттилои интернет хусусияти нестшавӣ дорад. Агар Шумо ба ягон иттилоъ умед мебандед, беҳтараст, ки маводи истифодашавандаро ҳифз кунед. Барои ин ба Шумо адонҳои браузер кӯмак мекунанд. DownloadHelper иҷозат медиҳад, ки видеоро аз дилхоҳ пойгоҳ ҳифз кунед. Nimbus Screen Capture бошад иҷоза медиҳад, ки матни гузоришҳо ё лонгридро нусхабардорӣ кунед. 

pipl.com ё webmii.com 
Абзор барои онлайн санҷидани шахсияти одамон аст. Танҳо ворид кардани ному насаб ва кишвар кофӣ аст, ки пойгоҳ саҳифаи он шахсро дар шабакаи иҷтимоӣ ба Шумо нишон диҳад. Ин маҳзанҳо барои ошкор кардани коршиносон ва мутахассисон кӯмак мекунанд.

манбаъ: се нуқта

Мақолаи асл дар сомонаи “Новый репортер” дастрас аст: http://newreporter.org/2019/02/22/7-servisov-dlya-faktchekinga
Расонаомӯзӣ