Пайғом

“Фарбеҳии иттилоотӣ” чист ва чӣ тавр мубориза бурд?

Чанд маротиба шумо худро дар ҳоли гузаронидани бефоидаи вақт дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ дарёфт кардед? Оё боре фикр кардаед, ки истифодаи аз ҳад зиёди иттилоот ба чӣ метавонад оварда расонад?

Фарбеҳии иттилоотӣ” (аз забони англисӣ - information overload ё infobesity) як эпидемияи ҷомеаи муосир аст. Аз сабаби ҷараёни бузурги иттилоот одамон фурсат намеёбанд маълумотро таҳлил ва ҳазм кунанд. Аз ин рӯ сатҳи тафаккури интиқодӣ ба поён меравад, ҷудо кардани хабарҳои “фейкӣ” аз ростин ва қабули қарор мушкилтар мешавад. Бовар кунонидани одамон ба маълумоти гуногун осонтар мегардад.

Ин истилоҳро як сиёсатшиноси амрикоӣ, профессори сиёсатшиноси амрикоӣ Бертрам Гросс дар соли 1964 пешниҳод кардааст. Аммо ин ифода дар Ғарб соли 1970 ба туфайли асарҳои нависандаи амрикоӣ ва футурист Алвин Тоффлер маъмул гашт.

Сабабҳои пайдоиш
Дастрасии миқдори зиёди иттилоот ба ҳамагон. Илова бар ин, имрӯзҳо аксарият метавонанд эҷодкунанда ва паҳнкунандаи маълумот дар интернет бошанд;
миқдори зиёди манбаъҳои иттилоот: шабакаҳои иҷтимоӣ, васоити электронӣ ва интернетии ахбор, интернет, почта, телевизион, радио, рӯзномаю, маҷаллаҳо ва ғайра;
рақобати шадид дар фазои иттилоотӣ. Дар бисёр соҳаҳо, аз ҷумла васоити ахбори омма, миқдор ва ҷалби бештари хонанда аз сифат ва мӯҳтавои иттилоот болотар рафтап истодааст;

Ба чӣ оварда мерасонад?

Ҳамин тариқ, истеъмоли миқдори зиёди маълумоти нолозим ва бесифат метавонад боиси:
Хастагӣ;
Мушкилоти норасоии диққат;
Паст шудани маҳсулнокӣ;
Фаромӯшхотирӣ;
Стрессу асабоният;
Нобоварӣ;
Гум кардани қобилияти қабули қарорҳо
ва ғайра оварда расонад.

Чӣ гуна пешгирӣ кардан мумкин аст

Иттилоотро полоед (филтр кунед). Ба маълумоте таваҷҷӯҳ кунед, ки ба шумо муҳим аст, на ба он чизе, ки барои як лаҳза ҷолиб аст. Маълумоти лозимаро ба қадри зарурӣ барои иҷрои вазифаи мушаххас истеъмол кунед;

Бетартибиро дар ҷойи кориатон бартараф кунед. Бале, ин ҳам маълумоти нолозим ба мағзи сари шумост. Ҳатто агар шумо ба он аҳамият надиҳед ҳам, мағзи шумо доимо маълумоти атрофро коркард мекунад. Полидани иттилоот ва бодиққат интихоб кардани майдони чашм, кори майнаи шуморо беҳтар карда, диққати шуморо ба кор ҷалб менамояд;

Парҳези иттилоотӣ. Мунтазам ба муддати 1 соат, 1 рӯз ва бештар аз он аз ҷараёни иттилоот парҳез кунед. Чунин танаффусҳо ба шумо дар тоза кардани мағзи сар ва беҳтар шудани вазъи ҷисмонию рӯҳии шумо кӯмак мекунанд.

манбаъ: .се.нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!
Расонаомӯзӣ