Бо вуҷуди ин бояд зикр кард, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар таърифи “расонаҳои иҷтимоӣ” ва “шабакаҳои иҷтимоӣ” норавшанӣ ва тағйирпазирии онҳо дар тӯли замон аст.Яъне технология ва платформаҳои расонаҳои иҷтимоӣ ҳамеша дар ҳоли рушд қарор доранд, ки бешак ба пайдоиши амалкард ва имкониятҳои нав мусоидат мекунанд. Ин амр таърифи дақиқи он чиро, ки мафҳуми расонаҳои иҷтимоиро дар бар мегиранд, душвор мекунад.
Аз сӯи дигар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба тағйироти доимӣ дучор мешаванд. Онҳо низ мисли Интернет дар маҷмӯъ, ҳар рӯз тағйир меёбанд, инкишоф мекунанд ва бо технологияҳои нав муҷаҳҳаз мешаванд. Пайдоиши платформаҳои нав, тағйирот дар алгоритмҳои амалиётӣ ва эволютсияи рафтори корбарон таърифи шабакаҳои иҷтимоиро мураккабтар мекунад.
Масалан, бо пайдо шудани паёмрасонҳои фаврӣ ва чатҳои гурӯҳӣ, марзи байни шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо ҳарчӣ бештар нопадид мешавад.
Таърифи мафҳумҳои расонаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз мушкилоти мубрами илм ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таъсири онҳо ба ҷомеа ва афроди алоҳида ба таври қобили таваҷҷуҳ афзоиш меёбад ва аҳамияти таҳқиқи ин мафҳумҳо ва равобити мутақобилаи онҳоро барҷаста мекунад. Таҳқиқоти бештар дар ин замина ба мо имкон хоҳад дод, то моҳият ва нақши расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро дар ҷаҳони имрӯз ба таври мукаммалтар дарк кунем ва равишҳои самараноки таҳқиқ ва истифолаи онҳоро инкишоф диҳем.
Адабиёти истифодашуда:
1.Дужникова А. С. Социальные сети: современные тенденции и типы пользования // Мониторинг общественного мнения: экономические и социальные перемены. 2012. № 5. С. 238-251.
2.Патаракин Е. Д. Педагогический дизайн социальной сети Scratch // Образовательные технологии и общество. 2013. Т. 16. № 2. С. 505-528.
3.(Патаракин Е. Д. Социальные сервисы Веб 2.0 в помощь учителю: уч.-метод. пос. – 2-е изд. – М.: Интуит.ру, 2007. – 64 с.).
4.Пол Гиллен. Новые агенты влияния. USA: Society for New Communications Research, 2009. 80 с.
5.Дойль П. Маркетинг, менеджмент и стратегии. СПб.: Питер, 2010. 450 с.
6.Чумиков А. Н. Медиарилейшнз: учеб. пособие для студ. вузов. М.: Аспект Пресс, 2014. 184 с.
7.Neuman R. The Future of the Mass Audience / R. Neuman. Cambridge University Press, 1991. 221р.