Мафҳумҳои «расонаҳои иҷтимоӣ» ва «шабакаҳои иҷтимоӣ» щамоно ба ҷои ҳамдигар истифода мешаванд, ҳарчанд онҳо хусусиятҳои хоси худро доранд. Яъне, «расонаҳои иҷтимоӣ» ва «шабакаҳои иҷтимоӣ» ду мафҳуми наздик, аммо фарқкунанда ҳастанд. Сарфи назар аз истифодаи густурдаи ин истилоҳҳо, таърифҳои онҳо аксаран норавшан ва мубҳам боқӣ мемонанд.
Дар илми ватанӣ низ таърифи нисбатан дақиқи аз ҷониби умум қабулшудаи мафҳумҳои “расонаҳои иҷтимоӣ” ва "шабакаҳои иҷтимоӣ" мавҷуд нестанд.
Тибқи маълумотҳо мафҳуми «шабакаҳои иҷтимоӣ» хеле пеш аз пайдоиши Интернет ва зуҳури шабакаҳои иҷтимоӣ дар шакли муосире, ки мо имрӯз онҳоро истифода мебарем, маълум аст. Ҳанӯз соли 1954 ҷомеашиноси англис Ҷеймс Барнс мафҳуми «шабакаи иҷтимоӣ»-ро муаррифӣ кардааст. Ба андешаи ӯ шабакаи иҷтимоӣ сохтори иҷтимоиест, ки ба он одамон ва ё ҷомеа ва гуруҳҳои дигари иҷтимоӣ дохил мешаванд [1, с. 239]. Ба қавли дигар, ин як ҳалқаи муошират ва робитаҳои иҷтимоӣ аст.
Аммо ба гуфтаи иддае аз коршиносон дар баробари рушди фановариҳои иттилоотӣ ин истилоҳ аз соҳаи ҷомеашиносӣ ба соҳаи иртибототи интернетӣ ба хотири нишон додани платформа ё бистаре, ки дар заминаи он корбарону иштирокдорон метавонанд байни ҳам иртибот барқарор кунанд, кӯчид [2, с. 505].
Дар фаҳмиши маъмулӣ, шабакаи иҷтимоӣ ҷомеаи одамоне аст, ки бо манфиатҳои муштарак, як кори муштарак,ё далелҳои дигар барои иртиботи мустақим бо ҳамдигар муттаҳид шудаанд. “Дар равиши умумифалсафӣ шабакаи иҷтимоӣ ҳамчун маҷмӯаи объектҳои иҷтимоӣ ва маҷмӯи муайяни муносибатҳои байни онҳо дарк мешавад” [3]
Дар ҳамин ҳол дар муҳити Тоҷнет ва умуман корбарони тоҷикӣ истилоҳи “шабакаҳои иҷтимоӣ” бо падидаи хадамоти интернетии иртиботӣ, ба мисли Facebook, Тик-Ток, ВКонтакте, Однокласcники ва ғайра сахт алоқаманд аст.
Дар ҳамин ҳол корманди калони илмии Ассосиатсияи таҳқиқоти воситаҳои нави иртиботот Пол Гиллин дар асари худ «Агентҳои нави нуфуз” расонаҳои иҷтимоиро ҳамчун вожаи чандмафҳума ном мебарад, ки технологияҳои гуногуни онлайнӣ дар Интернетро муттаҳид карда, ба корбарон ба иртиботу муошират ва таъомул имкон медиҳад.[4, с. 66–70].
Журналисти амрикоӣКерри Дойл чунин тавсифро пешкаш мекунад: расонаҳои иҷтимоӣ – технологияҳои онлайнии гуногуне ба ҳисоб мераванд, ки ба одамон имкон медиҳанд ба осонӣ бо истифода аз Интернет иртибот дошта бошанд, иттилоот ва манбаъҳоро ба иштирок гузоранд [5, с. 45–48].
Таърифи профессори ДДМ ба номи М. В. Ломосонов, олими шинохта Александр Чумиков бошад, бо дарназардошти пайдоиши қолаби web 2.0, ки амалан ба рушди шабака ва расонаҳои иҷтимоӣ такон дод, ба миён омадааст. Ба андешаи ӯ расонаҳои иҷтимоӣ “ҳама гуна лоиҳаҳои интернетӣ дар қолаби web 2.0 аст, ки муҳтавои онро худи корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, вебблогҳо, подкастҳо, webсомонаҳо, интернет-форумҳо, Wiki, видеохостингу аудиохостинг ва маҳсулоти чопӣ, онлайнӣ, ва мобилӣ ташаккул медиҳанд” [6, с. 56–58]
Дар ҳамин ҳол истилоҳи “расонаҳои иҷтимоӣ” дар баробари пайвастагиаш бо “шабакаҳои иҷтимоӣ” аз ҷониби баъзе коршиносону муҳаққиқон ҳамчун муродифи “расонаҳои нав” (new media) истифода мешавад. Аз ҷонибиР. Нойман расонаҳои нав ҳамчун “қолаби нави мавҷудияти воситаҳои ахбори омма, ки аз тариқи дастгоҳҳои рақамӣ дар дастрасӣ буда, иштироки фаъолонаи корбаронро дар эҷод ва паҳншавии муҳтаво дар назар дорад”, тавсиф мешавад. [7]. Ин тавсиф амалан ба ҳамаи ВАО электронӣ (рақамӣ) ё расонаҳои интернетӣ, ки дар баробари дар қолаби рақамӣ фаъол будан, инчунин хусусиятҳои таомулӣ (интерактивӣ) ва чандрасонаиро дороанд, дахл дорад.
Бо вуҷуди ин бояд зикр кард, ки яке аз мушкилоти асосӣ дар таърифи “расонаҳои иҷтимоӣ” ва “шабакаҳои иҷтимоӣ” норавшанӣ ва тағйирпазирии онҳо дар тӯли замон аст.Яъне технология ва платформаҳои расонаҳои иҷтимоӣ ҳамеша дар ҳоли рушд қарор доранд, ки бешак ба пайдоиши амалкард ва имкониятҳои нав мусоидат мекунанд. Ин амр таърифи дақиқи он чиро, ки мафҳуми расонаҳои иҷтимоиро дар бар мегиранд, душвор мекунад.
Аз сӯи дигар шабакаҳои иҷтимоӣ низ ба тағйироти доимӣ дучор мешаванд. Онҳо низ мисли Интернет дар маҷмӯъ, ҳар рӯз тағйир меёбанд, инкишоф мекунанд ва бо технологияҳои нав муҷаҳҳаз мешаванд. Пайдоиши платформаҳои нав, тағйирот дар алгоритмҳои амалиётӣ ва эволютсияи рафтори корбарон таърифи шабакаҳои иҷтимоиро мураккабтар мекунад.
Масалан, бо пайдо шудани паёмрасонҳои фаврӣ ва чатҳои гурӯҳӣ, марзи байни шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо ҳарчӣ бештар нопадид мешавад.
Таърифи мафҳумҳои расонаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ яке аз мушкилоти мубрами илм ва ҷомеа ба ҳисоб меравад. Таъсири онҳо ба ҷомеа ва афроди алоҳида ба таври қобили таваҷҷуҳ афзоиш меёбад ва аҳамияти таҳқиқи ин мафҳумҳо ва равобити мутақобилаи онҳоро барҷаста мекунад. Таҳқиқоти бештар дар ин замина ба мо имкон хоҳад дод, то моҳият ва нақши расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоиро дар ҷаҳони имрӯз ба таври мукаммалтар дарк кунем ва равишҳои самараноки таҳқиқ ва истифолаи онҳоро инкишоф диҳем.
Адабиёти истифодашуда:
1.Дужникова А. С. Социальные сети: современные тенденции и типы пользования // Мониторинг общественного мнения: экономические и социальные перемены. 2012. № 5. С. 238-251.
2.Патаракин Е. Д. Педагогический дизайн социальной сети Scratch // Образовательные технологии и общество. 2013. Т. 16. № 2. С. 505-528.
3.(Патаракин Е. Д. Социальные сервисы Веб 2.0 в помощь учителю: уч.-метод. пос. – 2-е изд. – М.: Интуит.ру, 2007. – 64 с.).
4.Пол Гиллен. Новые агенты влияния. USA: Society for New Communications Research, 2009. 80 с.
5.Дойль П. Маркетинг, менеджмент и стратегии. СПб.: Питер, 2010. 450 с.
6.Чумиков А. Н. Медиарилейшнз: учеб. пособие для студ. вузов. М.: Аспект Пресс, 2014. 184 с.
7.Neuman R. The Future of the Mass Audience / R. Neuman. Cambridge University Press, 1991. 221р.