Печидагиҳои морфологӣ ё сарфӣ: забони тоҷикӣ морфологияи бою ғанӣ дорад ва ин аз зеҳни сунъӣ тақозо мекунад, то дар бораи сохтори калимаҳо ва вобаста ба контекст чӣ гуна тағйир ёфтани онҳо дарки амиқ дошта бошад.
Дар баробари ин CHATGPT ва DEEPSEEK як қатор проблемаҳои дигари техникӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, камбуди маблағ ва коршиносону мутахассисони дохилӣ, проблемаҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқиро низ ишора карданд, ки ба вазъи ба вуҷудомада, таъсири манфӣ мерасонанд.
Хулоса. Ба назар мерасад, ки айни замон мо марҳилаи озмоишии ҷорӣ кардани зеҳни сунъӣ дар журналистикаи тоҷикро аз сар мегузаронем ва ҳоло барои хулоса ва натиҷагирӣ кардан бармаҳал аст. Аммо дар баробари ин бо дарназардошти амалияи журналистика дар миқёси ҷаҳон бояд эътироф кард, ки ҳоло зеҳни сунъӣ дар рӯзноманигорӣ як қатор корҳои муҳимро анҷом медиҳад ва ин раванд ҳамоно бо суръати баланд густариш меёбад. Дар ин радиф ба кишвари мо зарур аст, ки дар ислоҳи камбудиҳои мавҷуда чораҳои қатъӣ андешанд, зеро қафомонӣ дар ин раванд паёмадҳои ногуворе хоҳад дошт. Дар ислоҳи вазъият масъулият ба дӯши ҷомеаи рӯзноманигорон, блогнависон ва ҳар нафаре, ки ба тавлиди муҳтавои расонаӣ машғул аст, низ вогузор мебошад.
Адабиёти истифодашуда:
Гурова Т. Хакнуть человечество / Т. Гурова // Эксперт. — 2019. — № 3. — С. 40–48.
Мамедьяров З. Диктатура платформ / З. Мамедьяров // Эксперт. — 2019. — № 28. — С. 13–17
Понкин И.В., Редькина А.И. Искусственный интеллект с точки зрения права // Вестник РУДН. Серия: Юридические науки. — 2018. — №1. — С. 91-109.
Рассел Стюарт, Норвиг Питер. Искусственный интеллект: современный подход, 4-е изд., том 1. Решение проблем: знания и рассуждения.: Пер. с англ. — СПб. : ООО «Диалектика», 2021. — 704 с.
Суходолов А. П. Искусственный интеллект на службе современной журналистики: история, факты и перспективы развития/ Суходолов А.П., Бычкова А.М., Ованесян С.С.// Вопросы теории и практики журналистики. — 2019. — Т. 8, № 4. — С. 647–667.
Чертовских О.О., Чертовских М.Г. Искусственный интеллект на службе современной журналистики: история, факты и перспективы развития // Вопросы теории и практики журналистики. 2019. T. 8, № 3. С. 555–568.
Манбаъҳои электронӣ:
Reuters Institute for the Study of Journalism | Digital News Report 2023, Манбаъи электронӣ: https://static.poder360.com.br/2023/06/Digital-News-Report-Reuters-2023.pdf (санаи муроҷиат: 16.02.2025)
“Искусственный интеллект: Что это такое, как он работает и почему он важен” Манбаъи электронӣ: https://www.iso.org/ru/artificial-intelligence?utm_source=chatgpt.com
Как искусственный интеллект изменит медиа в Таджикистане. Манбаъи электронӣ: https://cabar.asia/ru/kak-iskusstvennyj-intellekt-izmenit-media-v-tadzhikistane (санаи муроҷиат: 27.01.2025)
14. Will a robot take your job? // BBC News [Электронный ресурс]. — Манбаъи электронӣ: https://www.bbc.com/news/technology-34066941 (санаи муроҷиат 25.02.2025).
Илҳом Ҷамолиён,
номзади илмҳои филологӣ,
дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума