Ҳарчанд Тоҷикистон дар Осиёи Марказӣ аввалин шуда «Стратегиияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040»-ро қабул карда бошад ҳам, низоми расонаии кишвар дар қатори пешсафони саноатии паҳн кардани навовариҳои зеҳни сунъӣ қарор надорад. Аммо коршиносон ба ин назаранд, ки барои рушди соҳа дар ин кишвар имконот бештар аст.
Мавзӯъи зеҳни сунъӣ дар рӯзноманигорӣ то ҳоло дар муҳити илмии Тоҷикистон, аз ҷумла илми журналистика низ ба таври назаррас баррасӣ нашудааст. Аммо дар муҳити касбии журналистон дар ин охир мавзӯъ баҳсҳои доманадореро гарм кардааст. Ҳамагӣ камтар аз ду сол қабл яке аз коршиносони ангуштшумори соҳаи истифодаи зеҳни сунъӣ дар журналистикаи Тоҷикистон Рустам Гулов зимни омӯзиши мавзӯъ раванди рушди зеҳни сунъиро дар тӯли чанд соли охир ҳам таъсирбахш ва ҳам даҳшатовар ном бурд. “Дар ҳоле, ки донишҷӯёни бархе аз донишгоҳҳои Тоҷикистон, ки дирӯз барои корҳои курсӣ ва рисолаҳои худ маводҳоро аз Google ҷустуҷӯ мекарданд, аллакай ба истифодаи ChatGPT мегузаранд, рӯзноманигорон дар ин масъала дар канор мондаанд ва дар аз худ кардани технологияи нисбатан нав то ҳадде худдорӣ мекунанд” [10.].
Моҳи феарали соли ҷорӣ бошад, расонаҳои кишвар иттилоъ доданд, ки Гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” дар соли 2025 ба истифодаи васеи технологияҳои муосир ва зеҳни сунъӣ барои беҳтар кардани кор дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла идораи таҳрир, шуъбаи SMM, маркетинг ва фурӯш даст хоҳад зад. Барои пиёда кардани ин нақша, “Азия-Плюс” Рустам Гуловро ба кор ҷалб кардааст ва дар ин расонаи маъруф корҳо дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ барои коркарди хабарҳо, таҳрир ва тарҷумаи матнҳо, эҷоди муҳтавои чандрасонаӣ ва таҳлил идома доранд [8].
Рустам Гулов дар суҳбати тахассусӣ ба муаллифи мақола таъкид дошт, ки вазъият дар муқоиса бо ду соли қабл дар масъалаи истифодаи технологияҳои зеҳни сунъӣ дар журналистикаи Тоҷикистон куллан тағйир хӯрдааст ва расонаҳои тоҷикистонӣ низ аз ҳамтоёни ҷаҳонии худ қафо монданӣ нестанд. Хусусан, агар гап сари тавлиди муҳтавои матнӣ равад. Дар ин замина расонаҳо ва рӯзноманигорони зиёд аллакай аз моделҳои тавлиди матнҳо ба мисли ChatGPT, ClaudeAI ва Gemini самаранок истифода мебаранд. Бо вуҷуди ин ҳанӯз ҳам ҳатто дар моделҳои серистифодаи эҷоди матн камбудиҳои зиёде ҷой доранд, ки бешак ба кайфияти эҷоди муҳтаво ба забони тоҷикӣ таъсири манфӣ мерасоананд.
Ба гуфтаи Рустам Гулов дар абзорҳои зеҳни сунъӣ, ки ба эҷоди савту тасвир (аудио ва видео) тахассус доранд, мушкилот боз ҳам бештар аст: “Онҳо дар талаффузи калимаҳо бо забони тоҷикӣ душворӣ мекашанд ва ҳангоми ба савт табдил додани матнҳо бо забони тоҷикӣ зеҳни сунъӣ онҳоро аксаран хато талаффуз мекунад. Инчунин, аксарияти моделҳое, ки аксу навор эҷод мекунанд, симои тоҷиконаро дуруст сохта наметавонанд, ки ин низ то ҳадде монеаи истифодаи зарурӣ дар тавлиди муҳтавои рақамӣ мегардад”, — таъкид дошт Рустам Гулов.
Бояд зикр кард, ки зеҳни сунъӣ бо истифода аз муҳтавое омӯзонида ва такмил дода мешавад, ки дар интернет нашр мегардад. Бешак, дар манбаъҳои мухталиф таъкид мешавад, ки дар шабакаи Интернет муҳтавои баландсифат бо забони тоҷикӣ ва хусусан дар шакли аудиовизуалӣ хеле кам аст. Ин дар ҳоле, ки муҳтавои гуногуни чӣ матнӣ, чӣ савтию видеоӣ ё чандрасонаии камарзиш ва бо кайфияти паст, ки аслан дар онҳо меъёрҳои забони тоҷикӣ хеле зиёд халалдор мешаванд, дар шабакаи интернет соат ба соат афзоиш меёбад. Ин амр мушкилоти мавҷударо боз ҳам сангинтар мекунад.
Аҳлиддин Низомиддинов, муовини раиси Шӯрои зеҳни сунъии назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ низ ин нуктаро ишора мекунад. “ Зеҳни сунъӣ ҳаҷми зиёди маълумотро меомӯзад ва вобаста ба дархости корбарон аз муҳтавое, ки дар интернет ҷойгир аст, посух медиҳад. Ҳар андозае, ки маълумоти бештар дастрас бошад, ҳамон андоза зеҳни сунъӣ беҳтар омӯзиш мебинад ва ба саволу дархостҳо беҳтар посух медиҳад [11.].
Вазъияти баамаломада имконияти созандагони шабакаҳои нейрониро дар омӯзонидани моделҳои худашон маҳдуд мекунад. Аз ин рӯ зеҳни сунъӣ то ҳол бо садову симои тоҷикона ба хубӣ ошно набуда, онро дар аксу навор ба дурустӣ ва саҳеҳият ифода карда наметавонад. Ҳамин мушкилот дар масъалаи дар заминаи матлабҳои матнӣ тавлид кардани савту садои тоҷикӣ низ ба чашм мерасад.
Ба муроҷиати муаллифи мақола бо суоли «Дар эҷоди мӯҳтавои савтӣ ё аудиоӣ ба забони тоҷикӣ бо истифода аз зеҳни сунъӣ кадом мушкилот мавҷуданд?” моделҳои тавлидӣ ба мисли CHATGPT ва DEEPSEEK тақрибан ҷавоби ба ҳам монанд доданд. Бино ба таъкиди онҳо печидагиҳои забонӣ ҳамоно аз мушкилоти асосӣ ба ҳисоб меравад, ки ба чанд омил бастагӣ дорад:
Дар баробари ин CHATGPT ва DEEPSEEK як қатор проблемаҳои дигари техникӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, камбуди маблағ ва коршиносону мутахассисони дохилӣ, проблемаҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқиро низ ишора карданд, ки ба вазъи ба вуҷудомада, таъсири манфӣ мерасонанд.
Як чолиши дигар ба он бастагӣ дорад, ки оё истифодаи зеҳни сунъӣ чӣ паёмади иҷтимоӣ дорад ва оё рӯзноманигоронро ба қатори бекорон ҷой хоҳад дод? Дар байни кормандони ВАО як нигароние ҳукмфармост, ки худкорсозии журналистика метавонад боиси аз даст додани ҷойҳои корӣ гардад. Бешубҳа, ҷорӣ кардани ЗС дар ҷараёни омода кардани матлабҳо кори редаксияҳоро осонтар мекунад. Интишори матлабҳои вобаста ба тахлили додаҳои бузург ва далелсанҷӣ (фактчекинг) тезонида мешавад, вале дар айни замон ин раванд журналистонро аз кори онхо маҳрум намегардонад. Бино ба гуфтаи вебсайти Би-би-сӣ, имкони иваз кардани рӯноманигорон бо роботҳо хеле ночиз аст (ҳамагӣ 8% эҳтимолият) [14].
Хулоса. Ба назар мерасад, ки айни замон мо марҳилаи озмоишии ҷорӣ кардани зеҳни сунъӣ дар журналистикаи тоҷикро аз сар мегузаронем ва ҳоло барои хулоса ва натиҷагирӣ кардан бармаҳал аст. Аммо дар баробари ин бо дарназардошти амалияи журналистика дар миқёси ҷаҳон бояд эътироф кард, ки ҳоло зеҳни сунъӣ дар рӯзноманигорӣ як қатор корҳои муҳимро анҷом медиҳад ва ин раванд ҳамоно бо суръати баланд густариш меёбад. Дар ин радиф ба кишвари мо зарур аст, ки дар ислоҳи камбудиҳои мавҷуда чораҳои қатъӣ андешанд, зеро қафомонӣ дар ин раванд паёмадҳои ногуворе хоҳад дошт. Дар ислоҳи вазъият масъулият ба дӯши ҷомеаи рӯзноманигорон, блогнависон ва ҳар нафаре, ки ба тавлиди муҳтавои расонаӣ машғул аст, низ вогузор мебошад.
Адабиёти истифодашуда:
Манбаъҳои электронӣ:

- Маҳдудияти додаҳои забонӣ: забони тоҷикӣ як забони камманбаъ ба ҳисоб меравад, ба ин маънӣ, ки дар Интернет додаҳои матнӣ ва ҳам савтии кофӣ барои омӯзонидани моделҳои зеҳни сунъӣ вуҷуд надоранд. Ин амр эҷоди синтезаторҳои баландсифати гуфторӣ (Text-to-Speech, TTS) ва системаҳои ташхису шинохти гуфторро (Automatic Speech Recognition, ASR) душвор мекунад.
- Гуногунии гӯишҳо: забони тоҷикӣ чанд лаҳҷаҳои минтақавӣ, аз ҷумла шимоливу ҷанубию марказӣ дорад, ки дар талаффуз, луғат ва дастури забон ё грамматика аз ҳам тафовут мекунанд. Ин амр эҷоди як модели универсалиро, ки коркарди ҳама гӯишҳои забонро мудирият карда тавонад, душвор мекунад.
- Вижагиҳои овойӣ ё фонетикӣ: забони тоҷикӣ дорои вижагиҳои овоийи нотакрор аст, ки барои зеҳни сунъӣ талаффузу пахши дақиқи онҳо душвор аст. Масалан, садоҳои мушаххас, лаҳнҳо ва задаҳо.
- Печидагиҳои морфологӣ ё сарфӣ: забони тоҷикӣ морфологияи бою ғанӣ дорад ва ин аз зеҳни сунъӣ тақозо мекунад, то дар бораи сохтори калимаҳо ва вобаста ба контекст чӣ гуна тағйир ёфтани онҳо дарки амиқ дошта бошад.
Дар баробари ин CHATGPT ва DEEPSEEK як қатор проблемаҳои дигари техникӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, камбуди маблағ ва коршиносону мутахассисони дохилӣ, проблемаҳои ахлоқӣ ва ҳуқуқиро низ ишора карданд, ки ба вазъи ба вуҷудомада, таъсири манфӣ мерасонанд.
Як чолиши дигар ба он бастагӣ дорад, ки оё истифодаи зеҳни сунъӣ чӣ паёмади иҷтимоӣ дорад ва оё рӯзноманигоронро ба қатори бекорон ҷой хоҳад дод? Дар байни кормандони ВАО як нигароние ҳукмфармост, ки худкорсозии журналистика метавонад боиси аз даст додани ҷойҳои корӣ гардад. Бешубҳа, ҷорӣ кардани ЗС дар ҷараёни омода кардани матлабҳо кори редаксияҳоро осонтар мекунад. Интишори матлабҳои вобаста ба тахлили додаҳои бузург ва далелсанҷӣ (фактчекинг) тезонида мешавад, вале дар айни замон ин раванд журналистонро аз кори онхо маҳрум намегардонад. Бино ба гуфтаи вебсайти Би-би-сӣ, имкони иваз кардани рӯноманигорон бо роботҳо хеле ночиз аст (ҳамагӣ 8% эҳтимолият) [14].
Хулоса. Ба назар мерасад, ки айни замон мо марҳилаи озмоишии ҷорӣ кардани зеҳни сунъӣ дар журналистикаи тоҷикро аз сар мегузаронем ва ҳоло барои хулоса ва натиҷагирӣ кардан бармаҳал аст. Аммо дар баробари ин бо дарназардошти амалияи журналистика дар миқёси ҷаҳон бояд эътироф кард, ки ҳоло зеҳни сунъӣ дар рӯзноманигорӣ як қатор корҳои муҳимро анҷом медиҳад ва ин раванд ҳамоно бо суръати баланд густариш меёбад. Дар ин радиф ба кишвари мо зарур аст, ки дар ислоҳи камбудиҳои мавҷуда чораҳои қатъӣ андешанд, зеро қафомонӣ дар ин раванд паёмадҳои ногуворе хоҳад дошт. Дар ислоҳи вазъият масъулият ба дӯши ҷомеаи рӯзноманигорон, блогнависон ва ҳар нафаре, ки ба тавлиди муҳтавои расонаӣ машғул аст, низ вогузор мебошад.
Адабиёти истифодашуда:
- Гурова Т. Хакнуть человечество / Т. Гурова // Эксперт. — 2019. — № 3. — С. 40–48.
- Мамедьяров З. Диктатура платформ / З. Мамедьяров // Эксперт. — 2019. — № 28. — С. 13–17
- Понкин И.В., Редькина А.И. Искусственный интеллект с точки зрения права // Вестник РУДН. Серия: Юридические науки. — 2018. — №1. — С. 91-109.
- Рассел Стюарт, Норвиг Питер. Искусственный интеллект: современный подход, 4-е изд., том 1. Решение проблем: знания и рассуждения.: Пер. с англ. — СПб. : ООО «Диалектика», 2021. — 704 с.
- Суходолов А. П. Искусственный интеллект на службе современной журналистики: история, факты и перспективы развития/ Суходолов А.П., Бычкова А.М., Ованесян С.С.// Вопросы теории и практики журналистики. — 2019. — Т. 8, № 4. — С. 647–667.
- Чертовских О.О., Чертовских М.Г. Искусственный интеллект на службе современной журналистики: история, факты и перспективы развития // Вопросы теории и практики журналистики. 2019. T. 8, № 3. С. 555–568.
Манбаъҳои электронӣ:
- Reuters Institute for the Study of Journalism | Digital News Report 2023, Манбаъи электронӣ: https://static.poder360.com.br/2023/06/Digital-News-Report-Reuters-2023.pdf (санаи муроҷиат: 16.02.2025)
- “Азия-Плюс” ба ҳуши маснӯӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекунад ва барои рушди рақамӣ мутахассисонро ҷалб менамояд. Манбаъи электронӣ: https://asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/20250214/aziya-plyus-ba-ushi-masn-tavaui-beshtar-zoir-mekunad-va-baroi-rushdi-raam-mutahassisonro-alb-menamoyad (санаи муроҷиат: 16.02.2025)
- “Искусственный интеллект: Что это такое, как он работает и почему он важен” Манбаъи электронӣ: https://www.iso.org/ru/artificial-intelligence?utm_source=chatgpt.com
- Как искусственный интеллект изменит медиа в Таджикистане. Манбаъи электронӣ: https://cabar.asia/ru/kak-iskusstvennyj-intellekt-izmenit-media-v-tadzhikistane (санаи муроҷиат: 27.01.2025)
- Коршиносон: “Забони тоҷикиро бояд ба зеҳни сунъӣ омӯзонид”. Манбаъи электронӣ: https://newreporter.org/tj/2024/09/16/korshinoson-zaboni-to-ikiro-boyad-ba-ze-ni-sun-om-zonid/ (санаи муроҷиат: 16.02.2025)
- Стратегиияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2040. Манбаъи электронӣ: https://adlia.tj/show_doc.fwx?Rgn=143407 (санаи муроҷиат: 05.03.2025)
- В Париже создали хартию по использованию искусственного интеллекта. Десять заповедей для журналистов. Манбаъи электронӣ: https://baj.media/ru/mediyaprava/v-parizhe-sozdali-hartiyu-po-ispolzovaniyu-iskusstvennogo-intellekta-desyat-zapovedey-dlya/?utm_source=chatgpt.com (санаи муроҷиат: 05.03.2025)
- 14. Will a robot take your job? // BBC News [Электронный ресурс]. — Манбаъи электронӣ: https://www.bbc.com/news/technology-34066941 (санаи муроҷиат 25.02.2025).
Илҳом Ҷамолиён,
номзади илмҳои филологӣ,
дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума