Пайғом

Ҷанги иттилоотӣ чист ва оё дар ин бобат чӣ медонед?

Ҷанги иттилоотӣ – ҷангест бо ёрии технологияҳои иттилоотӣ, ки дар он василаи асосии мубориза иттилоот аст. Дар ин бора бори аввал файласуф ва мунаққиди канадагӣ Маршалл МакЛухан соли 1962 дар китоби худ “Галактикаи Гутенберг” таъкид кардааст.

"Ҷанги ҳақиқии комил ин ҷанг тавассути иттилоот аст. Он ба таври возеҳ тавассути воситаҳои электронӣ иртибот амалӣ мешавад. Ин ҷанги доимӣ ва бераҳмона аст ва аслан дар он қариб ҳама ширкат мекунанд", - гуфтааст ӯ.

Ҳадафи ҷанги иттилоотӣ бо роҳи интишори маълумоти бардурӯғ, сиёҳкунии рақибон ва тафсири тавсеаи ҳодисаҳо ба манфиат ва нафъи худ, ҷалб намудани афкори аксарият барои пуштибонии хеш аст. Ҳар чӣ қадар ҷонибҳо иттилоотро моҳирона истифода бибаранд, ҳамон қадар дар назари мусбӣ намудор шуда, пуштибонии онҳоро ба даст меоранд.

Имрӯз ин навъи муқовимат натанҳо дар ҷаҳони низомиён, балки дар муносибатҳои сиёсатмадорон, соҳибкорон, ташкилотҳои калон ва ғайра истифода мешавад. Абзори ҷанги иттилоотӣ низ хеле гуногун аст: намудҳои мухталифи ВАО, шабакаҳои иҷтимоӣ, таблиғот, филмҳо, телевизион ва ғайра , яъне ҳар воситае, ки тавассути он иттилоот интишор мешавад, мебошанд.

Мисоли равшани ҷанги иттилоотӣ инъикоси муноқишаи Сурия мебошад, ки ба як проблемаи байналмилалӣ мубаддал шуд. Агар шумо ба кори расонаҳои хабарии Русия ва Ғарб диққат диҳед, ҳар яки онҳо ҷараёни ин ҳодисаҳои низомиро бо тарзи мухталиф арзёбӣ ва инъикос мекунанд. Илова бар ин, тафовутҳои забонии расонаҳо имкони дастрасиро ба ақидаҳои муқобил душвортар мекунанд. Бинобар ин бо истеъмоли ҳамон иттилооте, ки ба мо пешкаш мешавад, мо метавонем худро дар «халои иттилоотӣ» -и худ қарор диҳем.

Аз ин рӯ, ба хотири он, ки қурбонии дасткориҳои ҷанги иттилоотӣ нашавед, манбаъҳои иттилоотиро тавсеа диҳед, ба андешаҳои тарафҳои гуногун таваҷҷӯҳ зоҳир кунед ва албатта тафаккури интиқодӣ ва саводнокии расонаии худро рушд диҳед.

аз русӣ тарҷумаи Дилрабо Ҷамолова

манбаъ: Три точки
2020-01-06 18:22 Расонаомӯзӣ