Cаводи расонаӣ, таҳлил ва таҳқиқ

Шарҳи ВАО: чӣ гуна ва барои кӣ бояд навишт?

2024-08-06 14:51 Саводи расонаӣ
Шарҳи ВАО ҳамчун жанри нақди расонаӣ: вазифаҳо ва навъҳо

Шарҳи ВАО (шарҳи расонаҳо) яке аз жанрҳои нақди расонаӣ аст ва он он мӯҳтаво ва усулҳои пешниҳоди иттилоотро дар васоити ахбори омма таҳлил мекунад. Ҳадафи он ошкор кардани тамоюлҳои асосӣ, вижагиҳои пешниҳоди иттилоот ва таҳқиқи он аст, ки ВАО чӣ гуна ба афкори умумӣ таъсир мерасонад. Ҳамзамон арзёбии сифати маводҳои журналистӣ ва объективият ё худ воқеият дар онҳо аст, масъадлаҳоеанд, ки дар шарҳи расонаӣ баррасӣ ва арзёбӣ мешаванд. Талабот ба жанри шарҳи ВАО дар баробари инкишофи фазои расонаӣ ва баланд шудани сатҳи муносибати интиқодии ҷомеа ба иттилооти рӯзмарра зиёд шудааст.

Шарҳи расонаӣ як қатор вазифаҳоро иҷро менамояд ва масъалаҳои зерин авлавият доранд:

  1. Арзёбии эътимоднокии иттилоот. ВАО маъмулан аз таъкидҳо, тафсири воқеаҳо ва андешаҳо фаровон истифода мебаранд. Вазифаи мунаққиди расонаӣ ошкор кардани он аст, ки то чӣ андоза маводҳои пешниҳодшуда дақиқ ва рост мебошанд.
  2. Муайян кардани дасткорӣ. Яке аз ҳадафҳои шарҳи ВАО ошкор кардани усулҳои дасткорӣ аст, бахусус дар ҳолате, ки нашрияҳо бо манфиати гурӯҳҳои муайян афкори умумро ташаккул медиҳанд. Ин метавонад дар шакли ҷонибдории иттилоотӣ, сенсатсия ё ҳангоматалабӣ, иваз кардани далелҳо ё истифодаи маълумоти тасдиқнашуда зуҳур кунад.
  3. Таҳлили усулҳои пешниҳоди иттилоот. Журналистон ва ВАО усулҳои мухталифро барои ҷалби таваҷҷуҳи мухотабон истифода мебаранд. Мунаққидони расонаӣ баҳогузорӣ мекунанд, ки то чӣ андоза ин равишҳо ба меъёрҳои ахлоқи журналистӣ ва стандартҳои касбии объективият мувофиқат мекунанд.
  4. Арзёбии таъсири ВАО ба ҷомеа. ВАО дар ташаккули афкори ҷомеа ва ақидаҳои сиёсӣ нақши асосӣ доранд. Шарҳи ВАО имкон медиҳад, то арзёбӣ шавад, ки оё нашрияҳои гуногун воқеаҳоро чӣ гуна инъикос мекунанд ва оё таҳриф ҷой дорад ё не. Ин метавонад чӣ таъсири иҷтимоӣ ё фарҳангӣ дошта бошад.
  5. Баланд бардоштани саводирасонаӣ. Яке аз таъсирҳои мусбати шарҳи ВАО ин рушди тафаккури интиқодӣ дар шунавандагон ва баланд бардоштани огоҳии онҳо дар бораи нозукиҳои пешниҳоди иттилоот мебошад.

Жанри шарҳи ВАО аз навъҳои гуногун иборат аст, ки вобаста ба ҳадафҳо, усулҳои таҳлил ва пешниҳоди иттилоот фарқ мекунанд:

1. Далелсанҷӣ
Далелсанҷӣ яке аз маъмултарин намудҳои шарҳи ВАО мебошад, ки ба санҷиши дурустии изҳорот ва матлабҳои нашрияҳо ва дигар ВАО нигаронида шудааст. Ҳадафи асосии он — ошкор кардани хатогиҳо, таҳрифҳо ва тақаллубҳо дар маводҳои журналистӣ мебошад. Далелсанҷӣ метавонад ҳам аз ҷониби ташкилотҳои мустақил ва ҳам аз ҷониби худи ВАО анҷом дода шавад. Аз ҷумла, бо далелсанҷӣ як қатор созмонҳо ба мисли FactCheck.org,PolitiFact ва дар Русия лоиҳаи Проект бо машғуланд. Дар Тоҷикистон бо ин кор асосан сомонаи FactCheck.tj машғул аст.

2. Таҳлили муҳтаво
Таҳлили муҳтаво — таҳлили миқдорӣ ва сифатии муҳтавои расонаҳо мебошад. Ин навъи шарҳи расонаӣ бо усули таҳлил меомӯзад, ки кадом мавзӯъҳо ва ҷанбаҳои воқеаҳо дар ВАО инъикос ёфтаанд ва чӣ гуна иттилоот пешниҳод карда мешавад. Таҳлили муҳтаво имкон медиҳад, ки басомади истифодаи калимаҳои калидӣ, оҳанги мавод ва дараҷаи таваҷҷуҳ ба ҷанбаҳои гуногуни воқеаҳо ошкор карда шавад. Масалан, ин таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки рӯзномаҳои бузург воқеаҳои байналмилалиро чӣ гуна инъикос мекунанд.

3. Мониторинг ва таҳлили рӯзномаи иттилоотӣ
Мониторинг ва таҳлили рӯзномаи иттилоотӣ ин пайгирӣ ва таҳлили мунтазами мавзӯъҳои калидист, ки дар фазои расонаӣ баррасӣ мешаванд. Ин ба мунаққиди расонаӣ имкон медиҳад, ки сатҳи суръат ва умқи баррасии мавзӯъҳои гуногун дар ВАО-ро таҳлил ва сабабҳои маъруфияти онҳоро ошкор кунанд. Одатан мониторинги рӯзномаи иттилоотиро агентҳои расонаӣ иҷро мекунанд, ки таъсири мавзӯъҳои алоҳидаро ба афкори умум таҳлил мекунанд.

4. Мониторинги ВАО (назорати ҷараёни расонаӣ)
Мониторинги ВАО — ин пайгирии фаъолияти алоҳидаи расонаҳо ё намудҳои муҳтаво дар давоми марҳилаи муайян мебошад. Масалан, мониторинг метавонад фаъолияти нашрияҳоро дар бораи инъикоси воқеаҳои марбут ба баҳсҳои марзӣ дар як кишвар, ё пандемияи COVID-19, ё ин дар ҳафтаи муайян ба кадом масъалаҳо бештар таваҷҷуҳ шуд, дар бар гирад. Равиши бонизом имкон медиҳад, ки чӣ гунагии инъикоси як мавзӯъ дар ВАО арзёбӣ шавад.

5. Таҳлили усулҳои таъсир ва таблиғот
Ин навъи шарҳи расонаӣ ба масъалаи ошкор кардани усулу равишҳои таъсир, аз ҷумла ташвиқоту тарғибот ва таблиғот ба мухотабон дахл дорад. Ин таҳлил кӯмак мекунад, ки кадом усулҳо барои таъсир ба дарки мухотабон истифода мешаванд: аз таъкиди ҷанбаҳои алоҳидаи воқеа то пинҳон кардани онҳо. Дар Русия, масалан, лоиҳаҳои Диссернет ва Медиазона бо чунин таҳқиқот машғуланд.

6. Таҳлили муқоисавӣ
Таҳлили муқоисавӣ ба мунаққиди расонаӣ имкон медиҳад, ки чӣ гуна як рӯйдоди мушаххас дар манбаъҳои гуногун инъикос шудааст. Ин ба корбарон ва умуман мухотабон кӯмак мекунад, то дуруст дарк кунанд, ки кадом ВАО кадом нуқтаи назари муайянро дастгирӣ ё пуштибонӣ кардааст. Ин равиш хусусан дар таҳлили баррасии сиёсат ё муноқишаҳои байналмилалӣ хеле фаровон ва муфид истифода мешавад.

Барои гузаронидани шарҳи босифати ВАО мунаққиди расонаӣ манбаъҳо ва абзорҳои таҳлилии гуногунро истифода мебарад:

1. Бойгониҳо ва пойгоҳҳои иттилоотӣ. Онҳо метавонанд ҳам манбаъҳои дастраси умум ва ҳам манбаъҳои пулакӣ бошанд, ки дар он муҳтавои комили нашрияҳо ҷамъоварӣ шудаанд, масалан, Nexis, ProQuest ва бойгониҳои рӯзномаҳои бузург.

2. Шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои нав. Дар фазои имрӯзаи расонаӣ шабакаҳои иҷтимоӣ манбаи пурқуввати иттилоот ва афкор мебошанд.

3. Абзорҳои таҳлили оҳанг ва контексти матн. Барномаҳо, ба монанди WordStat ва Voyant Tools, ба таҳлили маҷмӯаҳои калонтарини иттилооти матнӣ кӯмак мекунанд.

4. Андешаи коршиносон. Муттахассисони нақди расонаӣ аксар вақт барои дарки амиқтари мавзӯъҳо ба коршиносон муроҷиат мекунанд.

5. Технологияҳои зеҳни сунъӣ. Алгоритмҳои муосири омӯзиши мошинӣ имкон медиҳанд, ки ҷараёни таҳлили маҷмӯаҳои зиёди матн худкор (автоматӣ) гардонида шавад, ки хусусан барои мониторинги ВАО дар вақти воқеӣ муфид аст.

Ҳамин тариқ, шарҳи ВАО ҳамчун жанри нақди расонаӣ дар ҷомеаи муосир нақши муҳим мебозад. Намудҳои гуногуни шарҳҳо, ба мисли таҳлили муҳтаво , таҳлили усулҳои таъсир ва далелсанҷӣ имкон медиҳанд, ки иттилооти воридшаванда аз нигоҳи интиқодӣ баррасӣ шаванд ва дар ин замина назар карда шавад ва дар замина ҳамзамон сатҳи саводи расонаии аҳолӣ боло равад.