Cаводи расонаӣ ва мақолаҳои таҳлилӣ

Бори дигар дар бораи саводи расонаӣ

Саводи расонаӣ

Ҳар кадоми мо расона шудем.
Зуҳури Интернет на танҳо зиндагии моро, балки воқеияти иттилоотиро низ ба куллӣ тағйир дод. Мо дар олами расонаҳо ба сар мебарем ва ҳар кадоми мо низ ба расона мубаддал шудаем. Зеро мо ҳоло на танҳо ба наздикону пайвандони худ паём мерасонем, балки тавассути интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ аз қиссаву хабарҳои мо доираи бузурги мухотаб огоҳ мешавад. Дар замони мо мубодилаи иттилоот ба ҳаҷми бесобиқа расидааст. Радио, телевизион, интернет ва шумораи рӯзафзуни китобу маҷаллав ва рӯзномаҳо ба ин кор таъсири ҷиддӣ мерасонанд. Дар асри мо, ки замони афзоиши ҳаҷми иттилоот, густариши хабарҳои фейкӣ ва дасткориҳо ном мебаранд, дарёфти маълумоти дурусту воқеӣ ба мушкилоти рӯз мубаддал шудааст. Ҳоло аксар аз хонандагон дар уқёнуси бекарони иттилоот ҳақиқатро аз дӯрӯғ фарқ карда наметавонанд ва ин амр имкони қурбонии бесаводии расонаӣ шудани онҳоро бештар мекунад.

Чӣ тавр қурбонии бесаводии расонаӣ нашавем?
Пас чӣ бояд кард, ки қурбонии бесаводии расонаӣ нашавем ва саводи расонаӣ чист? Саводи расонаӣ як навъ қобилият аст, яъне тибқи як таъриф маҳорату малакаи ҷустуҷӯ, таҳлил, арзёбӣ, эҷод ва ирсоли паёмҳо ба шаклҳои мухталиф аст . Ба тарзи дигар, саводи расонаӣ ин қобилияти истифодаи дуруст аз иттилооти расонаҳо буда, як фарди босаводи расонаӣ озодона аз навъҳои гуногуни расонаҳо - аз интернет гирифта, то телевизион - истифода мекунаду наҳваи кори онҳоро мефаҳмад, паёмҳоро аз манбаъҳои мухталиф интиқодӣ арзёбӣ мекунад ва метавонад мустақилона паёмҳо эҷод карда, ин ҳамаро ба афроди дигар интиқол диҳад. Саводи расонаӣ ҳамчунин дарки оқибати корҳоеро, ки мо онлайнӣ анҷом медиҳем, дар назар дорад

Созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва саводи расонаӣ
Созмонҳои мухталифи бонуфузи ҷаҳонӣ зарурати омӯзиши саводи расонаиро таъкид менамоянд. Яке аз чунин созмонҳо Иттиҳоди Аврупо аст, ки ҷанбаъҳои таркибии саводи расонаиро ингуна ташхис медиҳад:
- қобилияти сару кор доштан бо навъҳои мухталифи расона: аз рӯзнома то гуруҳ ва ҷомеаҳои онлайнӣ;
- қобилияти баҳодиҳӣ ба эътимоднокии муҳтаво;
- қобилияти истифодаи фаъол аз шаклҳои мухталифи расона;
- муносибати интиқодӣ ба муҳтавои расонаҳо;
- қобилияти истифодаи эҷодкорона аз расона (дар ин замина дарк ва риояти ҳуқуқи муаллиф ва шинохти иқтисоди расона ҷойгоҳи хоса дорад).

Чаро саводи расонаӣ лозим аст?
Бино ба таъкиди коршиносон, саводи расонаӣ барои ҳар як фарди муосир хеле муҳим аст, зеро он тафаккури интиқодиро ба кор меандозад. Маҳз ба ҳамин далел одамон иттилоотро аз диди интиқодӣ таҳлил карда, аз ҷумла метавонанд хабарҳои воқеӣ ва фейкӣ, яъне дуруғин, ё манбаъҳои иттилоотии қобили эътимодро муайян кунанд, чигунагии нақши расонаҳоро дар муҳити иттилоотӣ бифаҳманд ва масъулияти дарки худ аз таъсири расонаҳои оммавиро ба ӯҳда гиранд. Одаме, ки сатҳи саводи расонаии ӯ баланд аст, ҳеҷ гоҳ ба нақзи ҳуқуқи муаллиф ва дуздии муҳтавои як шахси дигар роҳ намедиҳад.

Саводи расонаӣ – дарки огоҳонаи иттилоот, ё ба ҷойи хулоса
Агар мехоҳед, ки саводи расонаии шумо такмил ёбад, ҳадди ақал аз ин тавсияҳо бояд истифода кунед:
- ба ҳар иттилооте, ки дучор мешавед ва мехоҳед аз он истифода бубаред, бо шубҳа назар кунед;
- ҳамеша сарчашмаи хабарро пайдо кунед;
- ҳар чизеро, ки ба он ҳаддиақал шубҳа доред, бо истифода аз чанд манбаъ тафтиш кунед;
- иттилоотро пурра хонед ва ба факт, рақам, ному насаби қаҳрамонҳо диққат диҳед;
- ба расона ва муаллифи мавод ва сарлавҳаи матлаб эътибор диҳед;
- нақли қавл гоҳо таҳриф мешавад – онро бисанҷед;
- бояд дар назар дошт, ки хабарро кадом манбаъ интишор кардааст;
- пеш аз қазоват бори дигар иттилоотро аз чанд сарчашма санҷед;
- ҳамеша хабарро аз назар бояд фарқ кард.