Дипфейк натанҳо воситаи дилхушӣ, балки яке аз намудҳои хатарноки маводи фейкӣ низ мебошад. Бо рушди босуръати технологияҳои нав рӯз то рӯз фарқ кардани видеои аслӣ аз қалбакӣ, махсусан “дипфейк” мушкилтар мегардад.
“Дипфейк” чист?
Калимаи “deepfake” ду мафҳумро фаро мегирад: омӯзиши амиқ (deep learning), яъне омӯзиши нейросетҳо ва “fake” – қалбакӣ. Технологияи “Дипфейк” ин синтези тасвирҳои одам аст: алгоритм якчанд аксҳои як шахсро дар ҳолатҳои гуногун якҷоя намуда, аз онҳо видео месозад. Зеҳни сунъӣ (искусственный интеллект) бо таҳлили шумораи зиёди тасвирҳо мефаҳмад, ки шахс дар кадом ҳолат чӣ гуна ҳаракат мекунад.
Панҷ маслиҳат барои фарқ кардани асл аз дипфейк:
Ба андоза ва фарқияти сифати пешниҳоди унсурҳои чеҳра ва қисми боқимондаи видео диққат диҳед. Видеои аслӣ одатан нисбат ба видеои қалбакӣ сифати баландтар дорад.
Аломати дуввум ин аст, ки агар рӯй пӯшида бошад ё дар кунҷи тез нишон дода шавад, боиси норушании чеҳра ё ҳаракатҳои ғайритабиӣ мегардад.
Миқёси ғайритабии рӯй низ қалбакӣ будани видеоро нишон медиҳад. Чун дар натиҷа андозаҳои гуногуни чеҳра ба вуҷуд меоянд.
Сарҳадҳо ва гузаришҳои ғайритабиӣ. Марзҳои чеҳра аксар вақт дар байни навори аслӣ ва қалбакӣ ҷой иваз мекунанд. Ҳама гуна номувофиқӣ далели амиқи қалбакӣ будани навор аст.
Ранги ғайритабии пӯст. Ранги гуногуни пӯсти рӯй, махсусан дар гирди чеҳра, аз “дипфейк” будани видео шаҳодат медиҳад.
Ҳамеша ба тафаккури интиқодии худ такя намоед ва хатоҳое, ки дар дипфейкҳо пайдо мешаванд, мушоҳида кунед.
Охири май навори “дипфейкие” бо иштироки Илон Маск, ки ӯ гӯё гимни космонавтикаи Русияро мехонад паҳн шуда буд. Гарчанде роҳбари ширкати хусусии кайҳоннавардии SpaceX забони русиро дар ҳақиқат дӯст медорад, суруд ҳам мехонад, ин видеои сохта аст. Ин “дипфейк” аст, ки бо ёрии зеҳни сунъӣ (искусственный интеллект) чеҳраи Маск ба чеҳраи роҳбари гурӯҳи "Земляне” (гурӯҳи сарояндаҳои замони Шӯравӣ) гузошта шудааст. Ин видеоро дар YouTube корбаре бо номи «Kolpekzad» гузоштааст ва дар канали ӯ дигар видеоҳои “дипфейкӣ” низ ҳастанд.
Дар ин бора бештар инҷо хонед:
https://www.facebook.com/watch/?v=743824319763442
манбаъ: Се нуқта. Бидон, чиро мебинӣ