Пайғом

Кликбейт чист ва чаро аз он истифода мекунанд?

Дар интернет мо бо маводҳое дучор меоем, ки бо сарлавҳаҳои дурахшон, ҷаззоб, бофтаю дурӯғ ва риққатовар, суратҳои ҷолиб моро «маҷбур мекунанд» ба сомонаю саҳифаҳои гуногун ворид шавем. Ин метод аз ҷониби ширкатҳои рекламавӣ барои пешбурди тадбирҳои таблиғотии ғайриҳирфаӣ ё барои зиёд кардани шумори хонандагони сомона истифода мешаванд. Инро дар интернет «Кликбейт» мегӯянд.

Кликбейт (аз калимаи анг. click "ангушт задан" bait "дом") як истилоҳи таҳқиромез аст, ки муҳтавои веб-ро тавсиф мекунад ва ҳадафи он ба даст овардани даромад аз онлайн - реклама, бахусус бар зарари сифат ва саҳеҳияти иттилоот мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо даромад ҳадафи асосӣ набуда, балки ин роҳ ё воситаи осон барои зиёд кардани шумораи кликҳо ва ташвиқи паҳнкунии мавод дар интернет, алахусус шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мешаванд.

Мақсади он на беҳтару ҷолиб пешкаш кардани маъно, балки ҷалби бештари корбарон ба саҳифа аст. Сарлавҳаҳои «кликбейтӣ» одатан моҳияти сабаби иттилоотиро нодида гирифта, ба дурӯғ роҳ медиҳанд.
Кликбейт инчунин метавонад ҳамчун воситаи паҳн кардани нармафзорҳои зараровар хидмат кунад.

Аломатҳои тавсифии кликбейт:

- сарлавҳаи ҳавасмандкунанда, аммо моҳияти иттилоотро фош намекунад;
- ибораҳои намоишӣ (“ана ин”, “ин” “инҳо”) барои эҷоди ҳисси муколама бо хонанда
- бо хонанда ба "ту" муроҷиат карда мешавад;
- ихтилофи назар, ки боиси хавотирӣ ё аксуламали эҳсосотӣ аз ҷониби хонанда мегардад;
- истифода аз қолабҳое, ки хонандаро водор ба амал мекунад - "Шумо бовар намекунед!", "Шумо ҳеҷ гоҳ нафаҳмидаед ..." ва ғайра;
- истифодаи ғайримақсадноки нуқтаҳо, аломатҳои савол ва хитоб;
- фаровонии тавсифҳои иғроқӣ;
- дар сарлавҳа ҷой додани воҳидҳои фразеологӣ, ибораҳо аз нутқи ҳамарӯза ё кӯчагӣ;
- ҷумлаҳои ноқис, ки одатан эҳсоси тааҷуб ё лаззатро медиҳанд;
- истифодаи расмҳои ҷолиб ё ҳайратангезу шоккунанда;
- маълумотномаҳои бардурӯғ оид ба марг ё мусибате, ки гӯё бо шахси маъруф рух додаанд;
- ваъдаи фоида: пулҳои осон, молҳои бепул ё ғайриоддӣ, пасандозҳои калон…;
- ваъдаи ифшои сирри махфӣ, ки донистани он манфиати муайяне медиҳад.

манбаъ: .се.нуқта. Бидон, чиро мебинӣ!

Расонаомӯзӣ