Cаводи расонаӣ, таҳлил ва таҳқиқ

Ҷойгоҳи Ҷаббор Ахмедов дар рушди ҳамкориҳои ниҳодҳои давлатӣ бо ВАО

Таҳлил ва таҳқиқ
Чиниҳо як мақоли аҷибе доранд ва аксарият онро ба Конфутсий нисбат медиҳанд, ки чунин аст: “Худо накунад, ки шумо дар замони дигаргуниҳо, яъне таҳаввулот зиндагӣ кунед”. Аммо аз сӯи дигар, маҳз чунин замонаҳо ҳастанд, ки инсонҳои бузургеро рӯи кор меоранд, гузашта аз ин ҷое, ки беназмию бесомонӣ ва хараҷу мараҷ ҳукмфармост, ҳамеша фурсате барои исботи вуҷуди шахсият мусоид хоҳад шуд. Бинобар ин дар миёни мардум ҳамчунин як андешаи дигари хилофи мантиқи мақоли чинӣ роиҷ аст, ки таъкид мекунад: “Инсонҳои бузург дар замони таҳаввулот ва дигаргуниҳои куллӣ зиндагӣ мекунанд”.

Ба назар чунин мерасад, дар Тоҷикистон як насли мукаммали инсонҳое, ки ҳоло синнашон аз 60 то 75 соларо ташкил медиҳад, ҳамон насле ба ҳисоб мераванд, ки асоси умри худро дар замони таҳаввулотҳои бузург гузаронидаанд. Онҳо тӯли 40 соли охири умри хеш ҳаддиаққал ду таҳаввулоти бузургро пушти сар кардаанд.

Таҳаввулоти аввал – даврони бозсозии Михаил Горбачёв.

Ин насл, ки банда худро дар баробари соҳибҷашни гиромии мо намояндаи он мешуморад, мисли тамоми халқи шӯравӣ дар як низоми устувор бо идеология, арзишҳо ва сабки хос зиндагӣ мекард. Фарзанди замони худ буд ва ба ояндаи нек бовар дошт. Аммо миёнаи солҳои 1980-ум тартиботи маъмулӣ шикаста шуд. Бозсозии горбачевӣ ошкорбаёнӣ, озодии сухан, ислоҳоти сиёсӣ ва таҷрибаҳои иқтисодиро ба миён овард ва ба ҷойи он, ки эътимоди ҷомеаро ба ояндаи давлати абарқудрат тақвият диҳад, ҳарчи бештару пештар «абадият»-и Иттиҳоди Шӯравиро зери суол мегузошт. Низоми кӯҳна тезтар аз он, ки чизи нав тавлид шавад, пароканда шуд.

Таҳаввулоти дуюм – пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва истиқлолияти Тоҷикистон.

Барои насли мо ин таҳаввулот воқеан ҳам як имтиҳони бузурге буд. Вақте ки соли 1991 Иттиҳоди Шӯравӣ аз байн рафт, ба назар мерасид, ки мо на танҳо кишвар, балки дунёи маъмулии худро аз даст додем. Аммо мо соҳиби Истиқлолият шудем, ки бароямон на танҳо озодӣ овард, ҳамзамон кишварро ба вартаи бесарусомонӣ нишеб кард. Мудҳиштарин санҷиш – ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон буд. Мо дар рӯ ба рӯи ҳаёт ва мамот қарор доштем.

Чуноне гуфтем инсонҳои бузург дар замони таҳаввулотҳо зиндагӣ мекунанд, аммо аз ин миён онҳое нобиға ва азимушшаън мешаванд, ки дар замони дигаргуниҳои пурихтилоф маҷрои таърихро тағйир дода метавонанд ва дар саҳифаҳои таърих номи онҳо бо ҳарфҳои заррин ҳаккокӣ хоҳад шуд.

Бешакку шубҳа, дар мисоли Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки дар вартаи ҳалокат қарор дошта, тоҷикон ҳамчун миллат рӯ ба нобудӣ оварда буданд, чунин шахсияти бузург пайдо гардид, ки масъулияти хомӯш кардани оташи ҷанги дохилӣ, эҳёи давлату давлатдорӣ ва миллати тоҷикро ба уҳда гирифт. Ин ном барои тамоми тоҷикистониён азизу гиромӣ, дӯстдоштанӣ ва ошно аст — Эмомали Раҳмон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон .

Яке аз ворисони сазовори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон, ки дар таҳкими музаффариятҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон саҳми муносиб гузоштаанд, сиёсатмадор ва собиқадори хизмати давлатӣ Ҷаббор Ҷалолович Аҳмадов мебошанд. Ҷаббор Ҷалолович дар ҳаёти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фаъолияти гунгогунҷабҳа ва пурмаҳсул доштанд. Ва дар ин замина саҳми эшон дар рушди ҳамкориҳои ниҳодҳои давлатӣ бо воситаҳои ахбори оммаи вилоят дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хеле арзишманд аст.

Имрӯз мо бо вожаҳои “хадамоти матбуотӣ”, “маркази иттилоот”, “шӯъбаи робита бо ҷомеа”, “бахши маркетинг”, “котиби матбуотӣ” ва ғайра ба хубӣ ошно ҳастем ва медонем, ки зери ин мафҳумҳо ниҳодҳое дар назар аст, ки дар корхонаву ташкилот ва аз ҷумла сохторҳои давлатӣ фаъолиятҳои робита бо ҷомеа (шакли англисиаш – паблик рилейшн ва мухаффааш -PR) ва ҳамкорӣ бо воситаҳои ахбори оммаро (анлисиаш – медиарилейшн) анҷом медиҳанд.

Аммо кам одамоне медонанд, ки аввалин ниҳодҳои робита бо ҷомеа, аз ҷумла хадамоти матбуотӣ дар қаламрави собиқ Шӯравӣ ҳамагӣ 40 сол муқаддам пайдо шудааст. Дуруст, ки Вазоратҳои мудофиа ва корҳои хориҷии Шӯравӣ ба таври истисноӣ хеле барвақт, аз оғози солҳои 70 ниҳодҳои махсуси кор бо иттилооти оммавӣ ва расонаҳои хабариро ташкил карда буданд. Вале танҳо дар замони “перестройка” ин гуна ниҳодҳо хеле густариш ёфианд.

Чуноне зикр шуд, “бозсозии горбачёвӣ” дар охири соҳои 80-уми қарни гузашта аллакай ба мушкилоти ҷиддӣ ва таназзул рӯ ба рӯ шуда буд. Қарорҳои носанҷида ва пуртазоди ҳокимият дар фазои иттилоотӣ худро бо тамоми вуҷуд ҷилва медоданд. Ҳам дар фазои иттилоотӣ ва ҳам дар муносибати ҳокимият бо ҷомеа зарурати таҳаввулот ҷиддӣ эҳсос мегардид ва ба саҳнаи сиёсӣ ворид шудани ҳизбҳо ва матбуоти оппозитсионӣ вазъи буҳрониро боз ҳам печидатар мекард. Бино бар ин аз зуҳури ниҳодҳое ба мисли хадамоти матбуотӣ, ки мебоист фаъолиятҳои робита бо ҷомеаро тақвият бахшанд, интизориҳо зиёд буданд. Зеро умед бар он доштанд, ки ба василаи фаъолияти ингуна ниҳодҳо метавон ҳамкориро бо ҷомеа пурзӯр карда, ба ислоҳи вазъият такони ҷиддӣ бахшид. Дар охири соли 1988 аввалин шуда дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар Шӯрои депутатҳои халқи шаҳрҳои Москва ва Ленингради собиқ (ҳоло Санкт-Петербург) ниҳодҳои хадамоти матбуотӣ ташкил шуданд.

Пайдоиши хадамоти матбуотӣ дар Тоҷикистон қабл аз ҳама ба зуҳури мансаби нави давлатӣ, яъне вазифаи Президентӣ дар кишвар пайванд аст. З0 ноябри соли 1990 собиқ сарвари Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Қаҳҳор Махкамов ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Шӯравии сотсиалистии Тоҷикистон интихоб ва ҳамзамон ба маснади Раиси Девони Вазирони кишвар нишастанд. Бори аввал дар Тоҷикистони шӯравӣ Институти президентӣ ташкил шуд ва дар заминаи он дар сохтори идории давлатӣ низ тағйиротҳо ба амал омада, бори нахуст Хадамоти матбуотии Президенти РСС Тоҷикистон ва Девони Вазирони РСС Тоҷикистон ташкил гардид.

Рӯзноманигори шинохта Маҳмудҷон Шаҳобиддинов, ки солҳои тӯлонӣ дар рӯзномаи “Тоҷикистони советӣ” фаъолият дошт, ин ниҳоди масъули робита бо ҷомеа ва ВАО-ро сарварӣ кард. Аз корҳои шоёни таҳсине, ки ин ниҳод анҷом додааст, ин ташкили Маркази сайёри матбуотии Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ин иҷлосияи таърихӣ аз 17 ноябр то 2 декабри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор шуд ва дар ин бобат кормандони аввалин ниҳоди хадамоти матбуотии вилояти Ленинободи ҳамон вақт (ҳоло Суғд) низ кӯмаки беандоза расониданд. Бояд гуфт, ки Маркази матбуоти Комиҷроияи депутатҳои халқи вилояти Ленинобод 27 апрели соли 1992 таъсис гардид, ки аввалин чунин сохтор дар қаламрави вилояти имрӯзаи Суғд ба ҳисоб меравад. Нависанда ва журналисти номии тоҷик Дадоҷон Раҷабӣ аввалин нафаре буданд, ки ба вазифаи котиби матбуотии Раиси комиҷроияи депутатҳои халқи вилояти Ленинобод таъин гардиданд.

Бидуни муболиға Ҷаббор Ҷалолович Аҳмадовро метавон аввалин котиби матбуотӣ дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд ном бурд. Ҳарчанд дар ин ҷо ниҳоди робита бо ҷомеа бо номи “Идораи ахборот ва робита бо ҷомеа” соли 1993 ташкил ва масъулияти он ба дӯши эшон вогузор шуда бошад ҳам, Ҷаббор Ҷалолович ҳанӯз аз рӯзи аввали ба сифати ёвари Раиси шаҳр ба кор омаданашон, бахши азими корҳоро бобати ҳамкории ҳукумати шаҳр бо воситаҳои ахбори омма анҷом медоданд ва сарпарасти соҳаии ВАО буданд. Бояд гуфт, ки Ҷаббор Ҷалолович дар замони баргузории Иҷлосияи таърихӣ ва тақдирсози XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз аъзои фаъоли Маркази сайёри матбуотии Иҷлосия буданд, ки дар инъикоси воқеъбинонаи муҳимтарин ҳодисаи давр саҳми арзанда доштанд. Ман он замон ба сифати сармуҳаррири телевизиони вилоят кор мекардам ва сабту инъикоси ин руйдоди муҳими тақдирсоз ба дӯши мо низ вогузор буд. Нағз дар хотир дорам, ки барномаҳои телевизиони вилоят инчунин аз тариқи шабакаи телевизони ҷумҳурӣ пахш мешуданд ва таваҷҷуҳи сокинони мамлакатро ба навгониҳои Иҷлосия ҷалб карда буданд.

Дар ҳамин давраи ҳассос Ҷаббор Ҷалолович худро ҳамчун ватанпарасти ростин нишон дода, дар ташкилу баргузории нишастҳои матбуотӣ, брифингҳо, сайрҳои расонаӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти журналистон, аз ҷумла рӯзноманигорони хориҷӣ, ки барои инъикоси кори Иҷлосия дар Кохи Арбоб ширкат доштанд, мусоидат мекарданд. Дуруст ки Ҷаббор Ҷалолович журналист набуданд, аммо ба назари ман он кас маҳз дар рӯзҳои баргузории Иҷлосия вижагиҳои ҳам касби душвору пурмасъулияти рӯзноманигорӣ ва ҳам касби нав шакл гирифтаистодаи корманди хадамоти матбуотиро амиқ дарк карданд. Дар яке суҳбатҳоямон дар толори Иҷлосия эшон бо нармгӯии ба худашон хос ишора карданд, ки “эҷоди робита дар миёни ҳодисаҳо ва ҷомеа воқеан кори сахту сангин будааст”.

Фаъолияти минбаъдаи Ҷаббор Ҷалолович дар ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба пешбурди кори идораи ба тозагӣ таъсисшудаи ахбор ва робита бо ҷомеа вобаста буд. Амалан, ин ҳамон шӯъбаи идеологӣ ба ҳисоб мерафт, ки пироҳани нав ба бар карда буд. Аммо вижагиҳои робита бо ҷомеа тақозо мекард, ки маҳз ба кори иттилорасонӣ ва иртиботот ба аҳолӣ ҳаққи авлавият дода шавад.

Бешубҳа, барои онҳое, ки дар ташкили чунин ниҳодҳо аз аввалинҳо шуда даст заданд, аз ҷумла барои Ҷаббор Ҷалолович осон набуд. Ба ҳар сурат ба эшон мушарраф гардид, ки дар доираи тарҷибаҳои андӯхта, мушоҳида ва дидаву хондаҳояшон кори шӯъбаи навро ба роҳ монанд.

Дар баробари ташкил кардани маркази матбуоти ҳукумати шаҳр, акнун баргузор кардани нишастҳои матбуотӣ, брифингҳо бо роҳбарият ва масъулони ҳукумати маҳаллӣ, сайрҳои расонаӣ, ташкил кардани рубрикаву бахшҳои махсус бобати фаъолияти ҳукумати шаҳр дар нашрияҳои чопӣ, ширкатҳои телевизионӣ ва радио вусъат гирифтанд.

Дар ин замина идораи ахбор ва робита бо ҷомеа ташаббусҳои шаҳрвандонро бобати такмил додани инфрасохтори иттилоотӣ ба роҳбарияти шаҳр манзур карда, дар амалӣ шудани онҳо мусоидат менамуд.

Маҳз дар ҳамин давра бо дастгирии ҳукумати шаҳри Хуҷанд ҳафтаномаи “Тирози ҷаҳон” таъсис гардид ва ба зудӣ ба яке аз нашрияҳои дӯстдоштаи сокинони шаҳр табдил ёфт.

Ҳукумати шаҳр дар масъалаи таъсиси пионерони шабакаҳои телевизионии хусусӣ дар вилоят ва ҷумҳурӣ ба мисли “Ҷаҳоноро”, “СМ-1”, “Азия” бетараф набуд, балки ташаббусҳоро дастгирӣ карда, ҳамкориро бо ин расонаҳои хабарӣ вусъат дод.

Боз аз як рӯйдоди дигар мехостам ёдовар шавам. Соли 1996 – соли 675 солагии шоир ва орифи барҷастаи тоҷик Шайх Камоли Хуҷандӣ буд. Ҷаббор Ҷалолович рӯзе гуруҳи эҷодии моро ба ҳукумати шаҳр даъват карданд ва дар ҳузури шаҳрдори вақт масъалаи таҳияи филм бахшида ба ин ҷашнвораро баррасӣ кардем. Дар ин бобат чанд лоиҳаи хеле хуби дигар ҷой доштанд, аммо татбиқи онҳо бо иллатҳои гуногун ва пеш аз ҳама ҷиҳати камбуди молӣ ғайриимкон гардида буд. Дар шаҳрдорӣ ҷонибҳо тасмим гирифтанд, ки дар доираи имкониятҳои мавҷуда таҳияи филми ҷашниро ҳарчӣ зудтар оғоз кунанд. Аммо ягона мушкилот ин буд, ки мо барои эҷоди ин филм фурсати зарурӣ надоштем. Филми ҳуҷҷатӣ-публисистӣ на фақат дар Тоҷикистон, балки дар Ӯзбекистону Эрон низ наворбардорӣ шуда, дар муҳлати пешбинишуда ба итмом расид. Дар рӯзҳои ҷашн қисматҳои алоҳидаи ин филм аз тариқи телевизиони ҷумҳурӣ ва нусхаи комили он дар телевизиони вилоят ва шабакаҳои телевизионии маҳаллӣ намоиш дода шуданд.

Баъдан, Ҷаббор Ҷалолович, дар ҳукумати вилояти Суғд дар вазифаи муовини Раиси вилоят, ҳамзамон роҳбари хадамоти матбуотӣ фаъолияти меҳнатии худро идома доданд, ки ба назари банда яке аз марҳилаҳои хеле хушу хотирмони эшон ба ҳисоб меравад.

Яке аз ташаббусҳое, ки дар ҳамин марҳилаи фаъолияти Ҷаббор Ҷалолович рӯи кор омад, ин ташкили барномаи вижаи “Минбари ҳукумат” дар телевизиони вилоят аст. “Минбари ҳукумат” фаъолияти рӯзмарраи роҳбарияти вилоят ва ташкилоту идораҳои вилоятиро инъикос мекард.

Дар ин давра таҷлили ботантанаи ҷашни касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла рӯзи матбуоти тоҷик, баргузории вохӯриҳои роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо бо кормандони расонаҳои хабарӣ, сарфароз гардонидани кормандони соҳаҳои матбуот, телевизион ва радио бо мукофотҳои ҳукуматҳои маҳаллӣ ва ғайра ба ҳукми анъана даромаданд.

Бешак, Ҷаббор Ҷалолович Аҳмадов ҳамчун як фарди ташкилотчӣ, чеҳраи ҷамъиятӣ ва вакили порлумон дар рушди фарҳанги сиёсӣ, таҳкими ниҳодҳои давлатдорӣ ва пуштибонии ҷомеаи рӯзноманигорӣ ба хотири пешрафт саҳми арзанда гузоштаанд.

Имрӯз мо санаи таърихии 70-солагии Ҷаббор Ҷалолович Аҳмадовро ҷашн мегирем. Ҳафтод сол – ин танҳо муддати умр нест, балки намоде аз таҷрибаи накӯ, хирад, нирӯи рӯҳ ва шикебоӣ аст. Достони зиндагии ин марди хирад ва масъулиятшинос намунае аз ин аст, ки чӣ гуна фидокорӣ барои як ҳадафи созанда метавонад душвориҳоро ба дастовардҳо ва монеаҳоро ба имкониятҳои нав табдил диҳад. Зиндагии соҳибҷашни мо сарчашмаи илҳом барои ҳама касоне аст, ки эшонро мешиносанд. Бигзор 70-умин солгарди таваллуд фақат як санаи таърихии навбатӣ набошад, балки намоди қадрдонӣ аз кору дастовардҳо соҳибҷашн шавад, ки мардум солиёни дароз аз он ба некӣ ёд кунад.

Ҷашн муборак, дӯсти азиз.

Илҳом Ҷамолиён,

раиси бахши Иттифоқи журналистони Тоҷикистон дар вилояти Суғд,

Лауреати мукофоти ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ